logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

ЗАМИНФУРӮШӢ
Боздошти раиси ҷамоат бо 9000 сомонӣ
Раиси Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Қубодиён Раҳимбек Нодиров ҳангоми аз шаҳрванд «А» гирифтани 9000 сомонӣ ҳамчун пора ба даст афтод.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, боздошти раиси ҷамоат дар ҳолест, ки ӯ қаблан аз шаҳрванд «А» барои ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ 10500 сомонӣ гирифта, боз 9000 сомонии дигар талаб намудааст. Вале 20 январи соли ҷорӣ ҳангоми гирифтани боқимондаи маблағ дар ҷойи ҳодиса дастгир шуд.
Ҳоло нисбат ба Раҳимбек Нодиров бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятӣ (қаллобие, ки ба миқдори махсусан калон содир шудааст) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.

Муштзӯрӣ ё муноқишае, ки бо марг анҷом ёфт
Кормандони мақомоти милитсия як ҷавони 26 - солаи сокини шаҳри Бохтарро ба гумони қасдан расондани зарар ба саломатӣ, ки бо марг анҷом шудааст, боздошт намуданд.
Тавре сомонаи ВКД иттиллоъ медиҳад, номбурда 5 май ҳангоми ҷамъоварии ҳосили пиёз дар хоҷагии деҳқонии «Баракати Боҳтуробод», воқеъ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Леваканд бо марди 33 - солаи сокини ҳамин ҷамоат муноқиша намуда, ӯро бо зарби мушт аз пой афтондааст. Дар натиҷа ин мард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳоло гумонбар дар боздоштгоҳ қарор дошта, ҳодиса мавриди тафтишот қарор дорад.

ҚАЛЛОБӢ
Фиребгар ба курсии айбдорӣ нишаст
Як сокини 41 - солаи  Ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Вахш ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир шуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД, гумонбар дар ҳодисаи қаллобӣ ҳанӯз моҳи декабри соли 2015 бо роҳи фиреб ба боварии зани 49 - солаи сокини Ҷамоати деҳоти Россияи ноҳияи Рӯдакӣ даромада, аз ӯ 12 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта ва бо гузашти 5 сол маблағашро барнагардондааст.
Дар робита ба ин, нисбат ба гумонбаршаванда бо моддаи 247 қисми 4 - и Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст, ки ин банди қонун ҷарима ба андозаи  аз як ҳазору чорсаду шаст то ду ҳазору яксаду навад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз  ҳашт то дувоздаҳ сол бо мусодираи молу мулкро пешбинӣ менамояд.

Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.05.2020    №: 92    Мутолиа карданд: 184
19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУШАНБЕ. ОЗМУНИ МАЪРИФАТАФЗО ҶАМЪБАСТ ШУД

БМТ АЗ ИҚДОМИ НАҶИБИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҶОНИБДОРӢ КАРД

07.01.2021


ДАНҒАРА. ВУСЪАТИ КОРҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ

ВАРЗИШ

САТҲИ ҶАҲОНИИ ФАҚР БОРИ АВВАЛ ДАР 22 СОЛИ ОХИР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

06.01.2021


ТАҚДИМИ ТЕХНИКА БА КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯҲОИ ДЕВАШТИЧ ВА ШАҲРИСТОН

СУҒД. 92 ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

ПУТИН ВА МЕРКЕЛ МАСЪАЛАИ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID-19 - РО БАРРАСӢ КАРДАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед