Хабарҳо
КУМАКИ НАВБАТИИ ӮЗБЕКИСТОН БА ТОҶИКИСТОН: МОШИНҲОИ ЁРИИ ТАЪҶИЛИИ UZAUTO MOTORS
Sputnik. Ширкати UzAuto Motors ба Тоҷикистон нақлиёти ёрии таъҷилӣ интиқол дод, - хабар медиҳад дафтари матбуотии ширкат.
«Бо мақсади васеъ кардани парки махсуси нақлиёти ёрии таъҷилӣ ва расондани кумаки саривақтӣ ба беморон дар давраи пандемия мошинҳои ёрии таъҷилӣ ба Тоҷикистон фиристода шуданд”, - шарҳ дода мешавад дар хабар.
Истеҳсоли нақлиёти махсуси тиббӣ дар асоси мошинҳои «Дамас» аз ҷониби UzAuto Motors соли 1996 шурӯъ ёфта буд. Автомобили мазкур барои интиқоли беморон дар якҷоягӣ бо кормандони тиббӣ таъйин шудааст.
Ёдовар мешавем, ки, қаблан, Ӯзбекистон барои мубориза бо коронавирус нахуст ғизою доруворӣ ва, баъдан, табибон ва таҷҳизоти тиббӣ фиристода буд.
ҚАНОАТМАНДИИ РОССИЯ ВА АРАБИСТОНИ САУДӢ АЗ НИШОНАҲОИ БЕҲӢ ДАР БОЗОРИ НАФТ
REGNUM. Ҳангоми гуфтугӯи телефонӣ, вазирони энергетикаи кишварҳо Александр Новак ва шоҳзода Абдулазиз ибни Салмон рӯ ба беҳбудӣ овардани нишондиҳандаҳои иқтисодиро, ки ба бозори нафт иртибот доранд, таъкид намуданд.
Вазирон болоравии талабот ба нафт ва, тадриҷан, аз карантини қатъӣ баромадани давлатҳоро аз нишонаҳои беҳшавии вазъият тафсир карданд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, ба саҳми дигар кишварҳо, ки ихтиёран ҳаҷми истихроҷи нафтро кам карданд, арҷ гузоштанд.
ЛАВРОВ: «МОСКВА ТАЙЁР АСТ БА ГУФТУШУНИДИ ИМА БО ҲАРАКАТИ «ТОЛИБОН» МУСОИДАТ КУНАД»
REGNUM. Танзими вазъият дар Афғонистон танҳо дар сурати ба инобат гирифтани манфиати аҳолии кишвар ва наздиктарин ҳамсояҳои он имконпазир аст, - изҳор дошт вазири корҳои хориҷии ФР Сергей Лавров баъди анҷоми видеоконференсияи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲШ.
Вазир зикр намуд, ки танҳо дар ҳамин ҳолат метавон самарабахштарин усулҳои ба ифоқа овардани вазъиятро пайдо кард. Зимни ин, Лавров афзуд, ки Москва омода аст, ба рафъи мушкилот дар роҳи иҷрои созишномаи сулҳ миёни ИМА ва ҳаракати «Толибон» мусоидат кунад.
ДАР ТАИЛАНД БОРИ АВВАЛ АЗ МОҲИ МАРТ КАСЕ БА КОРОНАВИРУС СИРОЯТ НАШУД
REGNUM. Дар қаламрави кишвар оғоз аз 9 март маротибаи якум аст, ки шабонарӯзи гузашта ягон ҳодисаи гирифтории нав ба COVID – 19 ба мушоҳида нарасид.
Ҳамин тавр, теъдоди умумии мубталоёни вабои қотил дар мамлакат, ки 3 017 нафарро ташкил медиҳад, тағйир наёфт. Гузашта аз ин, шабонарӯзи фавқ касе аз COVID – 19 нафавтидааст. Дар ин муддат боз 46 нафар шифо ёфта, миқдори умумии онҳое, ки бар ин беморӣ ғолиб омаданд, ба 2 844 нафар расид.
ӮЗБЕКИСТОН: ТАБИБОН 80 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ COVID – 19-РО НАҶОТ ДОДАНД
REGNUM. Шумораи маризоне, ки дар натиҷаи табобат аз коронавирус халос хӯрданд, ба 2055 нафар расид, - хабар медиҳад Вазорати тандурустии кишвар.
Ба ҳолати 13 май табибон 2568 ҳодисаи сирояти коронавирусро ошкор сохтанд. Ҳамин тавр, аз COVID-19, аллакай, 80 дарсади маризон шифо ёфтанд.
LG СМАРТФОНИ ДУЭКРАНА МЕБАРОРАД
The Korean Herald. Ширкати LG барои муаррифии смартфони дуэкрана омодагӣ мегирад. Дисплейи асосии он зери кунҷи рост тоб хӯрда, аз паси худ экрани дуюмро мекушояд.
Смартфони нави LG ба худ номи рамзии Wing-ро гирифтааст. Экрани асосии он 6,8 дюйм (1 дюйм – 2,5 - сантиметр) ва диагонали панели ёрирасон 4 дюймро ташкил хоҳад дод.
Ғайр аз дисплеяи даврзан, Wing бо 5G кор карда, бо протсессори Qualcomm Snapdragon силсилаи 700, инчунин, се камера бо объективи асосии 64 - мегапикселӣ муҷаҳҳаз мешавад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1261