Хабарҳо
ФУТЗАЛ. ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН СОЛИ ОЯНДА ДОИР МЕШАВАД
Нуҳумин Чемпионати ҷаҳон оид ба футзал, ки бояд моҳҳои сентябр ва октябри соли ҷорӣ баргузор мегардид, ба соли 2021 гузаронда шуд.
Тибқи қарори ФИФА, чемпионат дар Литва аз 12-уми сентябр то 3-юми октябр доир мешавад. Аз 24 тими иштирокчӣ 13-тои он роҳхати мусобиқаро ба даст овардааст.
Мусобиқоти қаҳрамонии Осиё бо сабаби пандемияи коронавирус лағв гардид, ки аз ин қора 5 ҷой дар Чемпионати ҷаҳон муайян гардидааст. Чор даста аз КОНКАКАФ, инчунин, ду тими дигар аз рақобатҳои интихобии Аврупо дар марҳилаи плей-офф муайян мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки қаҳрамони феълии ҷаҳон оид ба футзал мунтахаби Аргентина (соли 2016) мебошад.
WTA. СЕРЕНА УИЛЯМС БЕҲТАРИН ТЕННИСБОЗИ ДАҲСОЛАИ ОХИР
Ассотсиатсияи тенниси занона (WTA) варзишгари маъруфи амрикоӣ Серена Уилямсро барои комёбиҳои бадастовардааш тайи солҳои 2010 – 2020 миёни бонувон беҳтарин теннисбози даҳсолаи охир эълом дошт.
Дар ин феҳрист мутаносибан зинаҳои дуюму сеюмро Петра Квитова (Чехия) ва Симона Халеп (Руминия) ишғол мекунанд.
Инчунин, ба топ-10 Анжелика Кербер (Олмон), Виктория Азаренко (Беларус), Каролина Плишкова (Чехия), Саманта Стосур (Австралия), Элина Свитолина (Украина), Гарбине Мугуруса (Испания) ва Винус Уилямс (ИМА) шомил шудаанд.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1335