Хабарҳо
КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ. ТАЪСИСИ МАХЗАНИ ЭЛЕКТРОНӢ
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо назардошти пандемияи коронавирус ва пешгирӣ аз паҳншавии он баҳри ҳаводорони олами китоб, махзани махсуси электронӣ таъсис дода шуд, ки фонди он бештар аз 321 ҳазор адабиёти тоҷикӣ, русӣ ва англисиро дар бар мегирад.
Тавре Зафар Саидов, сардори шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ - иттилоотии муассиса, ба хабарнигори «Ҷумҳурият» иттилоъ дод: «Дилхоҳ хонандае, ки ба шабакаи ҷаҳонии интернет дастрасӣ дорад, метавонад китобҳоро озодона дастрас намояд. Китобҳои махзан дар шакли PDF ҷойгир шуда, метавон дар дохили сомона тариқи телефони мобилӣ ҳам онҳоро мутолиа кард. Китобҳое, ки барои хониш дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тавсия шудаанд, дар китобхонаи электронӣ фароҳам буда, аз дилхоҳ гӯшаи дунё дастрасанд».
Ба иттилои мавсуф, дар 4 моҳи соли ҷорӣ аз китобхонаи электронии Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 30 ҳазор хонанда истифода бурдааст. Шаҳрвандон баъди аз қайд гузаштан дар сомона имкони дастрасӣ ба беш аз 321 ҳазор китобро пайдо мекунанд. Кормандони шуъба боз кӯшиш доранд, ки шумораи адабиёти фонди электрониро бештар гардонанд. Ҳамчунин, дар дохили китобхона толори хониши китобҳои электронӣ фаъолият мекунад, ки дар он 170 компютер ба интернет пайваст буда, тариқи ройгон ба хонандагон хизмат мерасонад.
Ёдовар мешавем, ки бо назардошти вазъияти баамаломада хонандагону донишҷӯён имкон доранд тариқи китобхонаи электоронӣ бештар ба мутолиаи китоб машғул шуда, ба озмунҳои дарпешистода омодагӣ гиранд.
Инчунин, ҳамарӯза дари Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба рӯи хонандагон боз аст. Бо таваҷҷуҳ ба пурзӯр намудани тадбирҳо ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID - 19 низоми дохилшавӣ ба китобхона тағйир ёфта, қабл аз дохилшавӣ ба китобхона ҳам кормандон ва ҳам хонандагон аз ташхис мегузаранд.
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1461