logo

иҷтимоиёт

САНГВОР. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Барои нигоҳдории генофонди миллат, ба дунё овардану тарбияи фарзандони солиму солеҳ ва хушзеҳну доно ҳифзи саломатии аҳолӣ, бахусус бонувон, ҳамчунин, баланд бардоштани маърифати тиббии бонувон аҳамияти хосса доранд. Ин нукта зимни вохӯрии кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва табибон бо сокинони Сангвор таъкид гардид.
Хушбахтона, имрӯзҳо иштироки фаъолонаи занҳо дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат эҳсос мешавад. Бонувони тоҷик бо меҳнати софдилонаю содиқонаашон на танҳо дар кишвар, балки дар хориҷи он низ ҳамчун мутахассисони ботаҷрибаи соҳаҳои илму маориф, ҳуқуқ, тиб, иқтисодиёт ва сиёсатмадорони заковатманд эътироф шудаанд.
Зиёд гаштани сафи занҳо дар порлумони кишвар, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, молияю бонкдорӣ шаҳодати он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба занон эътимоду бовар дорад ва онҳо дар рушди давлати соҳибистиқлоламон баробари мардон саҳми босазо гузошта метавонанд. Дар баробари ин, ҳифзи саломатии занон аҳамияти бесобиқа дорад.
Дар ноҳияи Сангвор як беморхонаи марказӣ, ду беморхонаи минтақавӣ, чор маркази саломатии деҳот, бисту ду бунгоҳи тиббӣ ва марказҳои солимгардонӣ дар таъмини саломатии ҷомеа фаъоланд.
Тавре дар ҳамоиш зикр шуд, ҳоло бемориҳои ВНМО, сил ва коронавирус ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардаанд. Дар ин росто, мардуми мо низ бояд аз хусусиятҳо ва сабабу омилҳои паҳншавии чунин бемориҳо огоҳ шаванд ва роҳҳои пешгирии онҳоро донанд. Барои тавсеа ёфтани ин раванд духтурони оилавӣ нақши калидӣ доранд.
Нақши занону духтарон дар пешгирии фавти кӯдакон бисёр бузург аст. Ҳар як модар, пеш аз ҳама, бояд табиби худу аҳли пайвандонаш бошад.
Дар вохӯрӣ зикр шуд, ки масъалаи боло бурдани нақши занону духтарон дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат дар меҳвари таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, Сарвари давлат ҳамеша таъкид мекунанд, ки  занон ва духтарони лаёқатманд ба корҳои идоракунии давлатӣ ҷалб карда шаванд.
Таъкид гардид, ки нақши занон низ дар нигоҳ доштани саломатии фарзандон, ки ояндаи миллатанд, мисли табибон бузург мебошад.
Дар вохӯрӣ бонувон ба саволҳои худ аз ҷониби табибон ва кормандони мақомоти давлатӣ посухҳои мушаххас гирифтанд.
 
Умеда САТТОРБЕКЗОДА, муовини раиси ноҳияи Сангвор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.05.2020    №: 93    Мутолиа карданд: 42
02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед