logo

иҷтимоиёт

Д О Р У. ДИГАР КАМЧИНӢ НЕСТ!

Пас аз доман паҳн кардани бемории ҳамагири коронавируси нав ё COVID - 19 мардуми кишварро воҳима фаро гирифт. Давоми муддати кӯтоҳ дари дорухонаҳо пур аз мизоҷон шуд. Аз ин вазъ баъзе ҳаннотон истифода намуда, нархи доруро чанд маротиба боло бурданд. Аммо вақт нишон дод, ки маводи доруворӣ ба он андоза камчин нест, ки мардум ба воҳима афтодаанд. Ҳамон тавре ки хариди хӯрокворӣ аз ҷониби мардум дар авҷ буд, ду ҳафтаи охир ҳамин ҳолат дар хариду захираи доруҳои зиддивирусӣ ва антибиотикҳо ба назар мерасид.
Ин зуҳурот Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо коронавирусро нигарон кард ва барои бартараф кардани он аз ҷониби мақомоти дахлдор амалиёти «Дорухона» ташкил ёфт. Дар доираи амалиёт баъзе аз ҳаннотони доруфурӯш ошкор гардиданд.
Султон Бекмуродзода, сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, гуфт, ки воқеан, баъзе ҳаннотон аз фурсат истифода бурдан хостанд.
- Аммо аз ҷониби хадамот дар робита ба камбудӣ ва боло нарафтани нархи дору чораҳои саривақтӣ андешида шуданд. Аз ҷумла, дар робита ба ин, бо намояндагони ширкатҳои фармасевтӣ ва дорухонаҳо вохӯриҳо гузаронда, фаҳмонда шуд, ки нархи доруро беасос баланд набардоранд ва ба ҳаннотон доруҳои заруриро нафурӯшанд. Ширкатҳои фармасевтӣ бемамоният, ба воридоти дорую дармон идома дода истодаанд. Захираи зарурӣ дар анбори ин ширкатҳо мавҷуд буда, дорухонаҳои чаканафурӯш низ фаъолияти бонизом доранд. Аз ин рӯ, шаҳрвандони кишвар аз норасоии дору набояд ба  таҳлука афтанд. Ҳамчунин, ҳоҷат ба хариди безарурати доруи зиддивирусӣ ё антибиотикҳо вуҷуд надорад. Чунки ин амал танҳо ба ҷуз боло рафтани нархи дору натиҷаи дигар намедиҳад. Илова ба ин, бо ташаббуси раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, ширкати «Ориён фарм» аз Ҷумҳурии Ҳиндустон номгӯй ва миқдори зарурии маводи доруворӣ, ворид намуд. Ин иқдоми наҷибро соҳибкорони дигари ватанӣ низ пеш гирифтанд. Ҳоло ширкатҳои фармасевтии ватанӣ ба воридоти дорую дармон аз тариқи гузаргоҳҳои гумрукии пойтахт ва вилояти Суғд машғуланд, - гуфт С. Бекмуродзода.
ҶДММ «Сифат фарм» яке аз ширкатҳои дорурасонест, ки 9 майи соли равон беш аз 20 тонна маводи дорувориро вориди кишвар кардааст.
- Беш аз 105 номгӯй, аз ҷумла маводи дорувории зиддивирусии "Арбидол", "Эргоферон", "Сиклоферон", антибиотикҳои "Сефтриаксон", "Левофлоксатсин", "Паратсетамол", "Кислотаи аскорбин", бо нархҳои дастрас ба дорухонаҳо тақсим хоҳад шуд. Ҳамчунин, беш аз 10 тоннаи ин доруворӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дода мешавад. Доруҳо тариқи вазорат ба муассисаҳои тиббӣ дастрас мегарданд. Ин маводи доруворӣ метавонад нархи бозорро ба танзим дарорад. Ногуфта намонад, ки воридоти дору минбаъд низ идома хоҳад ёфт, то ин ки ҳамватанонамон дар ин замони ҳассос аз норасоии он танқисӣ накашанд, - гуфт Шералӣ Холов, директори ҶДММ «Сифат фарм».
Ҳамзамон, табибон истифодаи ҳамагуна доруро кори беҳуда медонанд. Истеъмоли доруҳо бе тавсияи табибон нодуруст ва зараровар дониста мешавад. Чунки истифодаи ноҷо ва бе тавсияи доруҳои зиддивирусӣ, антибиотикҳо боиси паст шудани масунияти бадан мегардад.
Ҳоло ҳар доруи зиддивирусӣ, танҳо ба он вирусе таъсир мерасонад, ки омӯхта шудаанд. Вируси COVID - 19 пурра омӯхта нашудааст. Дар ин ҳолат вақте худсарона дору истеъмол мекунед, он баръакс микробҳои фоидаовари организмро маҳв мекунад, ки сабаби паст шудани масунияти бадани инсон мешавад.
Аслиддин Имомзода, мудири озмоишгоҳи марказии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, гуфт, ки яке аз сабабҳои асосии ба худтабобат даст задани қисме аз сокинон, ба маърифати тиббии онҳо бастагӣ дорад. Ҳар қадар маърифати тиббии шахс боло бошад, хуб медонад, ки истифодаи худсаронаи дорую дармон чӣ оқибат дорад.
- Сокинонро зарур аст, ки бесабаб доруҳои зиддивирусӣ ва антибиотикҳоро нахаранд ва бештар бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва гигиенаи шахсӣ худро аз ҳама гуна бемориҳо муҳофизат кунанд. Беҳтар аст, онҳо бештар меваю сабзавот истеъмол кунанд ва ҳарчи бештар дар ҳавои тоза сайр намоянд. Мардум худ бидонанд, ки дору ғизо нест ва он бояд танҳо бо тавсия ва зери назорати табиб истифода шавад, - гуфт А. Имомзода.

Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.05.2020    №: 93    Мутолиа карданд: 163
29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед