logo

Хабарҳо

ПЕШНИҲОДИ ВОХӮРИИ НАМОЯНДАҲОИ ИДМ ВА СҶТ БАРОИ МУБОДИЛАИ ТАҶРИБАИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

Спутник. Ин пешниҳодро вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров зимни ҷамъбасти ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ироа намуд.
Бинобар пандемияи коронавирус он бори нахуст аз тариқи видеоконфронс сурат гирифт ва аз масоили умдааш пешгирии паҳншавии коронавирус буд.
Тадбирҳои минбаъдаи муқовимат ба COVID – 19  29 май дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои аъзои ИДМ мавриди баррасӣ қарор мегиранд. 

ДАР ҚИСМАТИ ЗИЁДИ ҶОПОН ҲОЛАТИ ФАВҚУЛОДА ЛАҒВ ГАРДИД
АИР Новости. Бино ба иттилои сарвазир Синдзо Абэ, аз 47 префектураи мамлакат дар 39-тоаш ҳолати фавқулода бардошта шуд.
Ҳамзамон, зикр шуд, ки низоми вижа алҳол дар шаҳрҳои Токио ва Осака мавриди амал хоҳад монд.
Ҳолати фавқулода дар робита бо пандемияи коронавирус ибтидои моҳи апрел дар як қатор навоҳӣ, сипас дар тамоми қаламрави кишвар то 31 май роҳандозӣ шуда буд. Тибқи маълумоти охирин, ҳоло дар Ҷопон 16120 мубталои ин беморӣ мебошад. Дар баробари ин, 9868 шифо ёфта,  697 нафар фавтидааст.

ИСЛАНДИЯ 15 ИЮН АЗ НАВ САЙЁҲОНРО ПАЗИРОӢ МЕКУНАД
Forbes. Ҳукуматдорон ният доранд, ки пас аз як моҳ дари кишварро ба рӯи сайёҳон боз кунанд.
Дар мамлакат ҳамагӣ 15 нафар бо коронавирус сироят ёфтааст. Зимни ин, тайи панҷ рӯзи охир ягон гирифтории нав мушоҳида нагашт. Шояд ин ҳама комёбӣ аз он бошад, ки дар Исландия аз ташхиси тестӣ фаъол кор мебаранд.
Тавре сарвазир Катрин Якобсдоуттир зикр намуд, ба сайёҳони хориҷӣ ду ҳафта дар карантин нишастан зарур намеояд. Танҳо аз тест мегузаранд, ки ҷавобаш худи ҳамон рӯз маълум мегардад.


ТАБИБОН ХОҲИШИ ИФТИТОҲИ БОҒҲОИ ПАРИЖ КАРДАНД, ТО ОДАМОН НАФАСИ ТОЗА ГИРАНД
INTERFAX.RU. Иттифоқи касабаи табибони Фаронса аз ҳукуматдорони кишвар даъват кард, ки ба шаҳрдории пойтахт кушодани боғҳоро иҷозат диҳанд, то сокинон баъди хонанишинии думоҳа ба ҳавои тоза баромада, саломатияшонро барқарор созанд.
Табибон тавзеҳ медиҳанд, ки бисёр парижиҳо баҳорон ба маҳалҳои ҳавои тоза дастрасӣ надоштанд ва ин ба ҳолати рӯҳиву ҷисмашон беасар намонд. Аз ин рӯ, ҳоло, ки тадбирҳои маҳдудсоз дар робита ба пандемияи коронавирус сабук карда шудаанд, онҳо бояд ба сайругашт бароянд.

ДАР ФАРҒОНА ҲАМАИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД
REGNUM. Дар ин вилояти Ӯзбекистон тамоми мубталоёни вируси нав, ки теъдодашон 157 нафарро ташкил медод, сиҳат шуданд. Дирӯз охирин маризи шифоёта аз беморхона баромад,- хабар доданд аз Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ.
Дар кишвар бошад, миқдори умумии сиҳатшудаҳо ба 2136 нафар расид. Мавриди зикр аст, ки то 15 май дар Ӯзбекистон 2645 кас гирифтори ин беморӣ буданд. Ба ибораи дигар, беш аз 80 дарсади беморон дармон ёфтанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 759
27.10.2020


СУҒД. 73 КОРХОНАВУ КОРГОҲИ НАВ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КАРД

ТАҒЙИРОТ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ЖУРНАЛИСТӢ

ПАРВОЗҲОИ МУСТАҚИМ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БАРҚАРОР МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

"СИПАР" – ҚАҲРАМОНИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛ

26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО

НОБОЛИҒОН. ҚОНУНШИКАНӢ ҲАНӮЗ АЗ БАЙН НАРАФТААСТ

ОЗАРБОЙҶОН ВА АРМАНИСТОН ОТАШБАС ЭЪЛОН НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФИЛМИ “ХИЁНАТ” АСРОРИ ДУШМАНИВУ ХОИНИРО ИФШО КАРД

12.10.2020


ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ - 2020. ФУТЗАЛБОЗОНИ ТОҶИК БАРОИ ИШТИРОК ОМОДАГӢ МЕГИРАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед