logo

Хабарҳо

ДАРВОЗ. САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ НОҲИЯ БЕШТАР МЕГАРДАД

Ҷиҳати фаҳмондани мазмун ва моҳияти Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва омодагиҳо ба таҷлили  Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ байни занону бонувони ноҳияи Дарвоз суҳбату вохӯриҳо гузаронда шуда истодаанд.
Занону духтарони дарвозӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 - ро фоли нек шумурда, ин тасмимро саҳифаи наве дар муаррифии тамаддуну фарҳанги тоҷикон ва эҳёи ҳунарҳои миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ арзёбӣ намуданд.
Гулшан Абдурозиқова, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз, зикр кард, ки оид ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои занону духтарон дар ноҳия намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили сарулибоси миллӣ, таҳти унвони “Тоҷикона мепӯшем”, “Чакомаи гесу”, “Зан рӯшноии хонадон” гузаронда шуд, ки дар онҳо ҳунарҳои қадимаи мардуми тоҷик, бахусус, либосҳои занони Бадахшонро ба намоиш гузоштанд.
Бахши кор бо занон ва оила дар баробари эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ба ҳифзи солимии бошандагони ноҳия низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд. Инчунин, дар ҳамкорӣ бо маркази танзими оилаи назди беморхонаи марказии ноҳия бо иштироки занону духтарони касбу кори гуногун ҷиҳати амалӣ гардидани нуктаву пешниҳод ва таъкидҳои дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироагардида саъю талош менамоянд. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва солимии репродуктивии онҳо дар тамоми деҳаҳо баҳри баланд бардоштани маърифати тиббӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз қабили ВНМО, бемории сил, истифодабарии маводи пешгирикунандаи он ва хушунату зӯроварии хонаводагӣ таҳти унвони “Танзими оила ва солимии репродуктивӣ” мизи мудаввар баргузор намуда, ҷиҳати тозагии кӯчаву роҳравҳо, нигоҳдошти ҳолати санитарӣ хона ба хона суҳбату вохӯриҳо доир мекунанд. Дар вохӯрӣ доир ба вазъи сиёсиву иқтисодӣ, таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати кишвар нисбат ба занон ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи онҳо ибрози назар карда шуд.
Ба гуфтаи Гулшан Абдурозиқова, баҳри ҷалби бештари занону духтарони деҳоти дурдаст ба корҳои ҷамъиятӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз мекӯшад, ки пайваста вохӯриҳои фарҳангиро ба роҳ монда, ба ин восита саҳми бонувонро дар ободии ноҳия зиёд намояд. Зеро нақши занон дар рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ хеле калон мебошад. Айни замон, як гурӯҳ бонувони чирадасти дарвозӣ ба хотири пешгирӣ аз бемории коронавирус ба дӯхтани ниқобҳои яккаратаи зиддивирусӣ машғул буда, ноҳияҳои атрофро низ таъмин менамоянд.

Гулнисои САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1291
01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед