logo

иҷтимоиёт

ДАСТГИРИИ НИЁЗМАНДОН. ИҚДОМЕ, КИ МОЯИ САРБАЛАНДӢ, ШОДИВУ СУРУР ВА АҶРУ ПОДОШИ ЗИЁД АСТ

Дастгирии ниёзмандон ва ёрӣ расондан ба онҳо, воқеан, амали шоиставу волои инсонӣ маҳсуб ёфта, омили сарбаландии шахси эҳсонкор дар ин дунёву охират мегардад. Дар баробари заҳмату талошҳои ободкориву созанда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии ятимон ва эҳтиёҷмандонро яке аз самтҳои муҳими сиёсати худ қарор додаанд, ки ин иқдом намунаи ибрати ҳамагон мебошад.
Дар фармудаҳои ниёгон ва аҳли адаб низ омадааст, ки гӯшаи вайронаеро обод намудан, ба афтодае дасти мадад дароз кардан, гуруснаеро нон додан ва ҳоҷати муҳтоҷеро баровардан нишонаи имондориву футувват ва бузургӣ мебошад. Ҳеҷ шодиву сурур дар ин дунё ва охират болотар аз ба даст овардани ризои Худованд нест ва нафаре, ки гуруснаеро ғизо медиҳад, ташнаеро сероб мегардонад ва бараҳнаеро либос мепӯшонад, ин саодату хушҳолӣ насибаш мегардад.
Дасти ёрӣ дароз кардан ба бечорагону бенавоён, ятимону бепарасторон, бешакку шубҳа, гувоҳи имони комил доштани эҳсонкунанда мебошад. Касе агар аз рӯи инсофу дилсӯзӣ кори неку муфиде барои ниёзманде анҷом медиҳад,  Худованд чораи кори ин эҳсонкорро осон гардонда, бар ивазаш аҷру подоши бешумор мебахшад.
Хусусан дар моҳи мубораки Рамазон ба ҳар амали нек музофатан подош дода мешавад.
Қобили аҳсану сано гуфтан аст, вақте инсон дар баробари хонадони худ дар андешаи ҳамсоягон ва ниёзмандон бошад. Ин гуна инсонҳо метавонанд дар ин олам маҳбуби ҳамагон, соҳиби эҳтирому эътибор ва дар охират сазовори мақоми шоистае гарданд. Бандаи мукаррам ва дорои дараҷаву мартабаи боло назди  Худованд касест, ки пареҳзгор бошаду ёриву дастгирӣ ва садақаи холисона намояд. Садақаи дурусту бамавриде, ки дар айёми бобаракат ба мустаҳик мерасад, яке аз сабабҳои пойдорӣ ва тавлидкунандаву бадастоварандаи меҳру муҳаббат, дӯстиву хайрхоҳӣ ва амнияту осоиштагӣ мебошад. Дастгирии самимиву холисона ба ҳама гуна ниёзмандон дар ин моҳи муборак сабаби афзоиши баракот, молу дороии афроди эҳсонкунанда мешавад. Мувофиқи ҳадиси пайғамбар (с): «Садақа аз молу дороӣ чизеро кам намекунад», ҳар нафаре, ки холисона дасти мадад ба муҳтоҷон дароз менамояд, дари фақру ниёзмандӣ ба рӯи ӯ баста, дарвозаҳои файзу баракот ба сӯяш боз мегарданд.
Агар имрӯз дар айёми пурарзиши моҳи мубораки Рамазон афроди муҳтоҷеро кумак намоем, бовар дошта бошем, ки дар пешравии миллату давлат ва ояндаи дурахшони фарзандону наберагони худ саҳм гузоштаем. Пешравии ҳар миллату давлат аз афроди солиму солеҳ, бо илму маърифат ва бо нангу номуси он вобастагии зиёд дорад. Моро лозим ва зарур аст, ки барои ноил шудан ба чунин қурбу манзалати шоиста аз сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатамон ҷонибдорӣ намоем. 

Набихони ЯРҚУЛЗОДА, имомхатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Исфара


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.05.2020    №: 94    Мутолиа карданд: 106
02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед