logo

иҷтимоиёт

ОЗОДАГӢ СИПАРИ МИЛЛАТИ МОСТ

Имрӯзҳо дар тамоми ҷаҳон инсоният бо марг мубориза мебарад. Ин мубориза ҳанӯз нобаробар аст. Зеро, агар силоҳи марг вируси навбаромад - СOVID - 19 бошад, инсоният  ҳанӯз ба муқобили  он силоҳи таъсиргузор дар даст надорад. Инсон дар набард бо ин душмани нобаҳангом фақат як сипар дорад ва сипари ӯ  ҳоло танҳо эҳтиёт ва озодагиву покизагист. Худи вазъият талаб мекунад, ки инсонҳо меъёрҳои мавҷудаи ҳастии худро дар муносибатҳои байниҳамдигарӣ, сиёсат, ҳамкории байналмилалӣ ва тамоми самтҳо тағйир диҳанд. Хатар вомедорад, ки инсоният дар ҳар куҷое набошад, ба муқобили душмани худ муттаҳид шавад ва рӯ ба ягонагӣ орад. Эътироф кунад, ки одамизод, новобаста ба миллату меҳан ва қавму нажод, дар як хона – сайёраи Замин зиндагӣ мекунад. Аз ин рӯ, бо ҳам будан, дӯстӣ ва муҳаббату хайрхоҳиро меъёри ягонаи ҳастӣ шинохтан тақозои вақт ва замон аст. Дар чунин мавриди ҳассосу таърихӣ инсонҳо, ба таърих ва таҷрибаи гузаштагон рӯ  меоранд. Зеро бори аввал нест, ки чунин фоҷиаҳои фарогир бар сари инсоният меоянд.

Абуалӣ ибни Сино шояд аз аввалинҳост, ки дар мубориза ба муқобили вирусҳои хатарнок ҳамчун олим ва табиб корҳои шоиста кардаву муваффақ шудааст.
Сино бо шогирди худ Ҷузҷонӣ ҳангоми ҳиҷрат аз Бухоро вақте ҳамроҳи корвоне ба Хоразм наздик омад, дид, ки мардум ҳама фирор мекунанд. Хабар расид, ки ба Хоразм бемории вабо омадааст. Корвониён зуд аз роҳ бармегарданд, аммо Сино баръакс, бо шунидани ин хабар, бошитобтар рӯ ба Хоразм меоварад. Ҳатто шогирдаш аввал аз ҳароси вабо аз роҳ бармегардад.
Сино фавран дар андешидани чораҳо барои рафъи вабо мешавад ва  пешниҳод мекунад, ки бояд фавран дар шаҳр, ба истилоҳи имрӯза, карантин эълон шавад ва гирифторонро дар гӯшае ҷамъ оварда, ба муолиҷаи онҳо мепардозад, то боқимондаҳоро низ гирифтор насозанд. Онҳое, ки мефавтиданд, ҷасадашон сӯзонда мешуд. Бо ҷоннисориҳои Сино дар давоми чанд моҳ боқимондаҳо шифо ёфтанд.
Дониши фавқулодаи Абуалӣ ибни Сино ва таҷрибаҳои беҳисоби илмии ӯ заминаҳои мустаҳками тибби ҷаҳонӣ гардиданд.
Имрӯз беморие шабеҳи ҳамон вабо, балки хатарноку гаронтар аз он, таҳдид ба инсоният дошта, Тоҷикистони азизи моро ҳам пайваста фаро мегирад. Коронавирус ғояти шадидтарин ва ғайриинтизори ин вирусҳост. Аз ин рӯ, инсон бояд барои ёфтани дармонҳои ин бемориҳои нобаҳангом ҳамеша омода бошад. Гумон мекунам, коронавирус сабақе буд, ки минбаъд таконе ба соҳаи илми тиб дар олам ва дар кишвари мо низ мебахшад. Аммо имрӯз мо рӯ ба рӯ бо ин вабои аср, ба ғайр аз пажӯҳишу тадқиқоти илмӣ, чӣ чораҳо бояд андешем? Мехоҳам чанд андешаи худро иброз дорам.
Аввалан, табиби мо ба ғайр аз мо касе нест. Табиби нахустинамон эҳтиёткорӣ,  риоя кардани тамоми дастурҳоест, ки ба муқобили гирифторӣ ба вирусҳо муайян гардидаанд.
Дуюм, танҳо одами нотарс, ҳушёр, бовардошта ба худ метавонад бо назари солим амал кунад ва худро эмин дорад. Одами тарсу аллакай бемор аст, зеро тарс инсонро пахш мекунад, заиф ва бефаъолият мегардонад. Тарс худ бемориро суроғ карда меорад.
Дар ҳамин росто, як чизи хеле  муҳим дода нашудан ба ҳарос ва воҳимаҳоест, ки ҳамеша бар зарари коранд ва як мушкилро метавонанд сад мушкил гардонанд.  Мутаассифона, вирусҳои дигаре ҳастанд, мисли тарсу воҳима, ҳирсу ҳангомаҳои беасос, ки хатари бештаре доранд. Хусусан, ҳирси ҳама чизро харидану захира кардан. Захираҳо ягон касро аз беморӣ наҷот намедиҳанд, балки ҳароси онҳо дар ҷомеа мушилоти набударо рӯ мезанонад. Ин ҳангомаҳо дар оғоз мардуми моро ба таҳлука андохта бозору мағозаҳоро аз маводи ниёзи аввал тиҳӣ гардонданд. Хушбахтона, Ҳукумати кишвар тавонист ба мардум фаҳмонад ва пеши роҳи ин воҳимаҳоро  бигирад.
Шарти дигар ва шояд аз ҳама асосӣ тозагиву озодагист, ҳам ҷисмонӣ ва ҳам рӯҳонӣ. Ҷисмонӣ, барои он ки вирус худ ҷисми зинда аст ва ба муқобили он танҳо ҷисми тавоно ва дастнорас метавонад истодагарӣ кунад. Рӯҳонӣ, барои он ки покии ботинӣ, тозагии рӯҳӣ низ ҳамеша инсонро аз ҳама гуна балоҳо ҳифз мекунанд.
Ҷойи шубҳаву тардид нест, ки маслиҳати табибон гирандаву дорандаи пеши роҳи вирусҳоянд.
Ба маврид аст, гӯем, ки иқдомҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллӣ, раиси пойтахтамон Рустами Эмомалӣ дар мавриди дастгирӣ ва кумакҳо ба камбизоатон, ятимону пирони барҷомонда дар ин рӯзҳои  барои мардум гарон, кумаку дастгирӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ табибонеро, ки шабурӯз ҷоннисорона ба муолиҷаи беморон машғуланд, онҳоро рӯҳбаланд месозад.
Ҳазорон шукр ва сипос ба ҳама он соҳибкорон ва ҷавонмардоне, ки дар ин рӯзҳои гарон дасти ёрӣ ба ҳоҷатмандон дароз кардаанд. Мардуми муҳтоҷро бо орду равған ва дигар маводи мавриди ниёзи аввал таъмин менамоянд.
Боз як иқдоми умедбахш ин аст, ки илова ба беморхонаву шифохонаҳое, ки имрӯзҳо дар хидмати беморони гирифтори коронавирус ҳастанд, як бинои баландошёнаи нав дар пойтахт бо ҳама шароити қабулу муолиҷа ва мутахассисону табибони ҳозиқ ба истифода супурда мешавад.
Миллати куҳанбунёду соҳибтамаддуни тоҷик тӯли таърихи дарозу гарони худ ҳамеша аз чунин имтиҳонҳои тақдир сарфароз гузаштааст ва мо аминем, ки боз ҳам бо шоистагӣ ин балоҳои нобаҳангомро пушти  сар хоҳад кард, зеро ҷавонмардӣ, покбунёдиву озодаманишӣ, сиришти неки халқамон ҳамеша сипари боэътимоди миллат ва кишвари азизи мо будаасту хоҳад буд.

Камол НАСРУЛЛО


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.05.2020    №: 94    Мутолиа карданд: 109
02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед