logo

Хабарҳо

ТОҶИКИСТОНУ БЕЛАРУС ДАР МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУС ҲАМКОРӢ МЕКУНАНД

Sputnik. Охири ҳафтаи гузашта вазирони тандурустии Тоҷикистон ва Беларус масъалаи ҳамкорӣ дар мубориза бо коронавирусро баррасӣ карданд, - хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Муҳтавои асосии суҳбати телефонии Ҷамолиддин Абдуллозода ва Владимир Караникро масоили пешгирӣ ва табобати гирифторони COVID – 19, бистаринамоии беморон ва ташкили видеоконфронсҳо бо иштироки мутахассисони ду кишвар ташкил дод.
Мавриди тазаккур аст, ки, бо мақсади омӯхтани таҷрибаи муфиди кишварҳои гуногун, дар ин самт вазири тоҷик рӯзҳои охир бо ҳамтоёни худ аз як қатор давлатҳо ва роҳбарони созмону ташкилотҳои марбута телефонӣ гуфтугӯ намуд.

АБДУЛЛОҲ ВА ҒАНӢ БАРОИ ТАҚСИМИ ҲУКУМАТ ДАР АФҒОНИСТОН БА МУВОФИҚА РАСИДАНД
TOLO News. Дар Афғонистон 17 май собиқ сарвазир Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Президент Ашраф Ғанӣ созишнома дар бораи тақсимоти қудратро ба имзо расонданд.
Ба гуфтаи намояндаи президент Сиддиқ Сиддиқӣ, байни Президент Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ созишномаи сиёсӣ баста шуд. Ӯ афзуд, ки Абдуллоҳ Абдуллоҳ Шӯрои олӣ оид ба ризоияти миллиро сарварӣ хоҳад кард. Ҳамчунин, аъзои дастааш ба ҳайати девони вазирон шомил мешаванд.

ҲУКУМАТИ ИТАЛИЯ РАФТУОМАДИ ОЗОДИ ШАҲРВАНДОНРО ИҶОЗАТ ДОДАНИСТ
la Repubblica. Девони вазирони кишвар маҳдудиятҳоеро, ки дар доираи мубориза бо COVID – 19 рӯи кор омада буданд, мебардорад.
Аз ҷумла, ба шаҳрвандон убури марзҳои дохилӣ, ҳамчунин, даромад аз кишварҳои хориҷа иҷозат дода мешавад. Аз 18 май манъи ҳаракати мардум дар дохили минтақаҳо лағв мегардад. Бо вуҷуди ин, ҳукуматдорони маҳаллӣ ҳуқуқи аз нав роҳандозӣ ё тамдид кардани маҳдудиятҳои мавҷударо доранд.
Ҳамчунин, 2 июн ба истифодаи нақлиёти шахсӣ ва ҷамъиятӣ дар дохили минтақа ва 3 июн ба ҳаракати нақлиётӣ байни минтақаҳо иҷозат мешавад.

ӮЗБЕКИСТОН АЗ 18 МАЙ ПАРВОЗИ ҲАВОПАЙМО ВА ГАШТИ ҚАТОРАРО БАРҚАРОР МЕКУНАД
Centralasian.org. Дар ин бора Комиссияи вижаи ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо коронавирус чунин тасмим гирифт.
Тибқи он, аз Тошканд ба Нуқус, Урганҷ ва Тирмиз ҳавопаймоҳо парвоз хоҳанд кард. Қатораҳои тезгарди «Афросиёб» аз Тошканд озими Навоӣ, Бухоро, Қаршӣ мешаванду қатораҳои мусофирбар ба водии Фарғона роҳ мегиранд.
Зимни ин, риояи тамоми талаботи карантинӣ, аз ҷумла шумораи ками мусофирон, безараргардонии дохили ҳавопаймоҳо ва қатораҳо, назорат карда мешавад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1558
15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

Ҷаҳон дар як сатр

12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

«ХУҶАСТА БОД ИСТИҚЛОЛ!»

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Армида Салсия Алишаҳбана

МАГНОЛИЯ. НИҲОЛИ НОДИР ДАР ХУҶАНДИ БОСТОН

07.04.2021


МИСГАРӢ — БОЗГӮИ РАМЗҲО ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ

«ТЕРРОРИЗМ РЕЛИГИОЗНЫХ ЭКСТРЕМИСТОВ...»

Лавров: «СММ низоъҳоро дар дунё муваффақона ба низом меоварад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ

06.04.2021


ВМКБ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД

ИШКОШИМ. ҒОЛИБОН БА НОҲИЯ БАРГАШТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед