logo

Хабарҳо

НУРОБОД ҲУСНИ НАВ МЕГИРАД

Дар ноҳияи Нуробод корҳои ободонию созандагӣ ҷиҳати истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъати тоза касб намудаанд.
Ба ин муносибат бунёду навсозии 248 иншооти таъйиноти гуногун пешбинӣ гардида, дар давоми ду соли охир 150 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва дар 98 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ босуръат идома доранд.
Имсол сохтмони марҳилаи дуюми роҳи мошингарди маркази шаҳраки Дарбанд шурӯъ гардид. Дар раванди амалӣ шудани лоиҳаи мазкур тахту ҳамворсозӣ, мумфарш кардани ду тарафи роҳи мошингард, сафолакпӯш намудани роҳҳои пиёдагард, бунёди новаҳои обрав ва иҷрои корҳои дигари ободонию ҷароғонкунии канори  роҳҳо пешбинӣ шудааст.
Бо мақсади татбиқи муваффақи лоиҳа 12 нафар коргарони ҶДММ "Нуробод - лоиҳа" бо истифода аз техникаҳои мавҷуда дар навбати аввал ба тахту ҳамворкунӣ ва насби новаҳои обрав аз шафати бозори марказӣ то назди бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия сар карданд.
Аз рӯи нақшаи чорабиниҳо, ба ифтихори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ дар ноҳия сохтмону навсозии 98 иншооти таъйиноти гуногун ба итмом расонда мешавад. Дар қатори онҳо боғи фарҳангӣ дар шаҳраки Дарбанд, муассисаи таълимӣ барои 640 нафар хонанда ва даҳҳо иншооти дигари ҳаётан муҳим бунёду навсозӣ мегарданд. Рафти корҳои созандагию ободонӣ мунтазам дар ҷаласаҳои ситоди омодагӣ ба ҷашн мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, барои суръат бахшидани корҳои сохтмонӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ мешаванд.

Худодод ЗАЙНИДДИН, "Ҷумҳурият"
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1368
01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед