logo

Хабарҳо

СУҒД. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ПУРЗӮР МЕГАРДАД

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласаи навбатии ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии бемориҳои сироятӣ баргузор гашт. Дар ин бора аз маркази матбуоти раиси вилоят иттилоъ доданд.

Доир ба вазъи имрӯзаи паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва тадбирҳои дар ин самт андешидашуда, ҷараёни муолиҷаи беморон, таъминоти беморхонаҳо бо лавозимоти тиббӣ, аз қабили корҷома, ниқоб, маводҳои антисептикӣ ва дорувориҳои протоколии ташхисӣ, муовини раиси вилоят Зайнура Азимӣ маълумот дод.
Ба таъкиди ӯ, дар 64 участкаи интихоботӣ нуқтаҳои ташхис ташкил гардида, табибони оилавӣ бо аҳолӣ кор бурда истодаанд. Марказҳои саломатии шаҳри Хуҷанд бо нақлиёти махсуси тиббӣ ва 143 дастгоҳи нафаси сунъӣ таъминанд. 
Зикр шуд, ки корхонаҳои саноатии вилоят дар як рӯз 4 ҳазор корҷома ва 270 ҳазор ниқоби муҳофизатӣ истеҳсол намуда, дастраси муассисаҳои тиббию сокинон менамоянд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дастур дод, ки минбаъд низ корҳои безараргардонӣ ва тамйизкуниро дар ҷойҳои ҷамъиятиву манзилҳои истиқоматӣ ҷоннок гардонда, ба табибоне, ки ба карантин мебароянд, шароити зарурӣ муҳайё карда шавад.
Аз он изҳори ташвиш шуд, ки талаботи пешниҳодшудаи  пешгирӣ аз бемориҳои сироятиро на ҳамаи сокинони вилоят риоя мекунанд. То ҳол гаштугузори бе ниқоби шаҳрвандон ба мушоҳида расида, равуои хонаводагӣ идома дорад, ки омили паҳншавии вирус арзёбӣ мегардад. Аз ин рӯ, масъулин супориш гирифтанд, ки корҳои тарғиботиву ташвиқотиро дар байни аҳолӣ пурзӯр намоянд.
Дар баробари ин, Раҷаббой Аҳмадзода аз коҳиш ёфтани содироти маҳсулоти кишоварзӣ изҳори нигаронӣ кард. Тавре зикр гашт, то 12 майи соли равон 9760 тонна пиёз  содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бамаротиб кам мебошад. Раиси вилоят барои ислоҳи вазъи мавҷуда ва истеҳсоли маводи ниёзи аввал, аз ҷумла орду равған, супоришҳои мушаххас  дод. 
- Баҳри таъмини шаҳрвандон бо маҳсулоти тарутозаи кишоварзӣ таъсиси “Гӯшаи деҳқон” дар маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳрҳои  саноатӣ ба манфиати кор аст, то сокинон аз манзили зисташон дур нарафта, маҳсулоти мавриди ниёзашонро дастрас намоянд, - гуфт раиси вилоят.
Ҳамчунин, масъулони соҳаи кишоварзӣ муваззаф гардиданд, ки ба фаъолияти пурсамари пойгоҳҳои обкашӣ, кишти саривақтии зироатҳо, махсусан пахтаву картошка, эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Меҳрангез ҚОДИРОВА, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1551
15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

Ҷаҳон дар як сатр

12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

«ХУҶАСТА БОД ИСТИҚЛОЛ!»

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Армида Салсия Алишаҳбана

МАГНОЛИЯ. НИҲОЛИ НОДИР ДАР ХУҶАНДИ БОСТОН

07.04.2021


МИСГАРӢ — БОЗГӮИ РАМЗҲО ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ

«ТЕРРОРИЗМ РЕЛИГИОЗНЫХ ЭКСТРЕМИСТОВ...»

Лавров: «СММ низоъҳоро дар дунё муваффақона ба низом меоварад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ

06.04.2021


ВМКБ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД

ИШКОШИМ. ҒОЛИБОН БА НОҲИЯ БАРГАШТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед