logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

КОРРУПСИЯ
Агентӣ алайҳи корманди қалбакиаш парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки як шаҳрванд худро ҳамчун корманди ин ниҳод муаррифӣ намуда, даст ба қаллобӣ задааст.
Тибқи иттилои сомонаи агентӣ, шаҳрванд Машҳура Расулзода ҳанӯз моҳи ноябри соли 2019 бо роҳи фиреб ба боварии Ф. Собиров даромада, барои ҳуҷҷатгузорӣ кардани 0,20 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар се ҳолат аз ӯ 25000 сомонӣ гирифтааст. Ин нафар зимни амали назарфиребиаш ба Ф. Собиров худро ҳамчун корманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия муаррифӣ намудааст.
Дар робита ба ин ҳолат, нисбат ба М. Расулзода бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» - и Кодекси ҷиноятӣ (қаллобие, ки ба миқдори махсусан калон содир шудааст) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.

АЗ КАРДА
ПУШАЙМОН…
Марде ҷиянашро кушту қасд ба ҷони худ кард
Сокини 57 - солаи Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ. Раҳмонови шаҳри Турсунзода дар заминаи як муноқиша ҷияни худ - ҷавони 27- соларо бо зарби корд ба ҳалокат расондааст.
Вазорати корҳои дохилӣ бо нашри ин хабар дар сомонаи расмии худ иттиллоъ дод, ки ҳодиса пеш аз зуҳри 12 май рух дода, ҷабрдида бо бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ба қавли манбаъ, баъд аз ин ҳодисаи хунин гумонбаршаванда қасд ба ҷони хеш карда, кордро ба синаи худ задааст, ки дар натиҷа ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, феълан дар беморхона бистарист.
Ҳоло дар робита ба ин ҳодиса тафтишот оғоз шудааст.

ДУЗДӢ
Боздошти як зан ва як ҷавони қаблан судшуда бо ин ҷурм
Кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бар асоси муроҷиати шаҳрвандон ду ҳолати дуздиро ошкор намуданд, ки дар яке аз онҳо ҷавонзани 20 - сола гумонбар мешавад.
Тибқи иттилои сомонаи ВКД, ҷавонзани гумонбар ба дуздӣ сокини ноҳияи Мӯъминобод буда, 23 апрели соли ҷорӣ дар дили шаб бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи як сокини пойтахт даромада, аз он ҷо 4 ҳазор сомонӣ ва 70 доллари амрикоиро ба яғмо бурдааст.
Тавре хабар дода мешавад, дар ҳолати дувуми дуздӣ ҷавони 24 - солаи сокини шаҳри Бохтар гумонбар мешавад, ки аз сӯи кормандони милитсия боздошт шуд. Дастгиршуда, ки қаблан бо моддаҳои 373 (вайрон  кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни  ҳарбӣ  дар  ҳолати   набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) ва 375 (фирор) - и Кодекси ҷиноятӣ маҳкум гардидааст, дар яке аз гӯшаҳои пойтахт телефони мобилии тамғаи «Редми – 4» - ро, ки ба зани 31 - солаи сокини пойтахт тааллуқ дорад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.05.2020    №: 95    Мутолиа карданд: 129
22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР МАДДИ АВВАЛ

ИҚДОМИ ЯК ДОНИШКАДА

ХУҶАНД. ВЕБ-СЕМИНАР ОИД БА ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ COVID – 19

САНОАТ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ 15,3 ДАРСАД ЗИЁД ШУД

СУҒД.РОҲАНДОЗИИ ТАЪТИЛИ САМАРАНОК

ПАЙРАВӢ АЗ ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

РАФАЭЛ НАДАЛ БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАР ДАР ТАЪРИХИ ИСПАНИЯ

МАСТЧОҲ СИМОИ ИДОНА МЕГИРАД

18.05.2020


СУҒД. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ПУРЗӮР МЕГАРДАД

НУРОБОД ҲУСНИ НАВ МЕГИРАД

ФУТБОЛ. ЧЕМПИОНАТИ БЕЛГИЯ НИЗ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ АНҶОМ ЁФТ

ТОҶИКИСТОНУ БЕЛАРУС ДАР МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУС ҲАМКОРӢ МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.05.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ДАР ШАҲРИ БӮСТОН

ТОҶИКИСТОН. БОЗ 403 МУБТАЛОИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ДАР ИСФАРА МАКТАБИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ОРИОН» БУНЁД МЕШАВАД

КӮДАКОН. КОРОНАВИРУС ҚУДРАТИ "ЗАБТ" - И ОРГАНИЗМИ ОНҲОРО НАДОРАД

ДАРВОЗ. САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ НОҲИЯ БЕШТАР МЕГАРДАД

БОЗОРИ ТРАНСФЕРӢ. АРЗИШИ ФУТБОЛБОЗОНИ ДАСТАҲОИ ЛИГАИ ОЛӢ

ПЕШНИҲОДИ ВОХӮРИИ НАМОЯНДАҲОИ ИДМ ВА СҶТ БАРОИ МУБОДИЛАИ ТАҶРИБАИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. САҲМИ РАЁСАТИ КҲФ ДАР ПЕШГИРИИ COVID-19

14.05.2020


КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ. ТАЪСИСИ МАХЗАНИ ЭЛЕКТРОНӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед