logo

Хабарҳо

МАСТЧОҲ СИМОИ ИДОНА МЕГИРАД

Имрӯзҳо дар ноҳияи Мастчоҳ корҳои  созандагиву ободонӣ вусъат ёфта,  хурду калони он бо рӯҳияи баланди ватандорӣ дар сабзу хуррамгардонии кӯчаю роҳравҳо, шинондани ниҳоли дарахтон, гулу буттаҳо, рангубори биноҳои шаҳраки Бӯстон ва деҳот саҳм мегузоранд.
Имсол баргузории Ҷашни Ваҳдати миллӣ дар ин ноҳия дар назар аст. Сокинони меҳнатқарини  он мехоҳанд, ки  диёри худро то фарорасии иди дарпешистода зиёдтар ободу бо ҳусни идона ороста намоянд.
 - Чунин корҳои ободонию созандагӣ на танҳо  дар шаҳраки Бӯстон, балки дар 7 ҷамоати деҳоти ноҳия низ ба роҳ монда шудаанд. Сохтмони силсилаиншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла  марказҳои хизматрасонию савдо, бунгоҳҳои тиббӣ, қаҳвахона, кӯдакистонҳо,  идома дорад. Дар рӯзҳои тантанаи Иди Ваҳдати миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани маҷмааи варзишию фарҳангӣ  иборат аз варзишгоҳ  барои 10 ҳазор ҷои нишаст, қасри варзиши “Паҳлавонони Суғд” бо 400 ҷойи нишаст, боғи фарҳангию фароғатии ба номи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо масоҳати 3 гектар, қасри фарҳанг бо 1000 ҷойи нишаст,  бунёди иншооти Парчами давлатии Тоҷикистон ва майдони он дар  маркази ноҳия ба нақша гирифта шудааст. Кормандони муассисаю ташкилотҳо ва сокинон рӯзҳои истироҳат бо риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ ба ҳашар баромада, дар маркази ноҳия ба сабзкорӣ, шинондани гулу буттаҳои рангоранг, тоза кардани  роҳраву гулгаштҳо машғул мешаванд, - гуфт  Тоҳирҷон Азиззода, раиси ноҳия.
Барои истиқболи сазовори Ҷашни Ваҳдати миллӣ танҳо дар шаҳраки Бӯстон бо маблағгузории Ҳукумати ҷумҳурӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ нахустин кӯдакистони инноватсионӣ бо тамоми шароити таълиму тарбия ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ, биноҳои нави бахшҳои адлия, ҲХДТ, маориф, хобгоҳи коллеҷи омӯзгорӣ, дар маҷмӯъ, 15 иншоот бунёду навсозӣ мешавад.
Аҳли ноҳия бо шукргузорӣ аз ин фазои орому ваҳдати устувор  талош доранд, ки  дар пайи иҷрои дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои аз ин ҳам баландтар ноил гарданд.

Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1323
25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед