logo

Хабарҳо

РАФАЭЛ НАДАЛ БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАР ДАР ТАЪРИХИ ИСПАНИЯ

Рафаэл Надал, теннисбози маъруфи олам, беҳтарин варзишгар дар таърихи Испания интихоб гардид. Ин унвонро ӯ дар натиҷаи овоздиҳие, ки барои муайян намудани беҳтарин варзишгари миллӣ аз ҷониби маҷаллаи машҳури испании «Marca» роҳандозӣ шуда буд, соҳиб гашт.
Овоздиҳӣ бо системаи плей-офф ҷараён гирифта, дар ниҳоят Надал бо касби 82 дарсади овозҳо аз Поу Газол (баскетболбоз) пеш гузашт.
Ёдовар мешавем, ки Рафаэл Надал дар 19 мусобиқаи Тоскулоҳи бузург (чемпионати кушоди Австралия (1), чемпионати кушоди Фаронса (12), мусобиқаи Уимбилдон (2) ва чемпионати кушоди ИМА (4))  ғолиб омадааст.

МУРҒИ ФУРӮЗОН НАМОДИ АВВАЛИН БОЗИҲОИ ВАРЗИШИИ КИШВАРҲОИ ИДМ
Вазорати варзиши Россия намод ва рамзи аввалин Бозиҳои варзишии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро (ИДМ), ки дар Қазон доир мегардад, тасдиқ кард, - хабар медиҳад хадамоти матбуотии ин вазорат.
Кумитаи тадорукоти бозиҳо мурғи фурӯзонро намод ва палангро рамз интихоб намуд. Муаллифи намод Албина Сафиуллина (Тотористон) буда, рамзро Иброҳим Дурдиев (Москва)  таҳия кардааст. Аввалин Бозиҳои варзишии кишварҳои ИДМ аз 20 то 27-уми августи соли 2020 доир мегардад.
Дар бозиҳо, тақрибан, 3500 варзишгар (14 – 23-сола) аз 11 кишвари ИДМ - Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Россия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Украина иштирок мекунанд. Кумитаи тадорукот метавонад барои ширкат дар бозиҳо дигар кишварҳоро низ даъват намояд.

Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1294
01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед