logo

Хабарҳо

СУҒД.РОҲАНДОЗИИ ТАЪТИЛИ САМАРАНОК

Маркази таҳсилоти иловагӣ дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо раёсати маорифи вилоят шурӯъ аз 1 май фаъолияти маҳфилҳои гуногунро дар шакли фосилавӣ ба роҳ мондааст, ки то ин дам беш аз 200 нафар хонанда ба он ҷалб гардидааст.
Тавре  Фирдавс Ашӯров, директори маркази таҳсилоти иловагии назди раёсати маорифи вилояти Суғд, ба «Ҷумҳурият» хабар дод, ҳадаф аз ташкили маҳфилҳо самаранок истифода намудани давраи таътили хонандагон, ҷалби кӯдакон ва наврасон ба омӯзиши касбу ҳунар, аз ҷумла дар шароити хона омӯзондани ҳунарҳои мардумӣ, рушди қобилияту истеъдоди толибилмон ва ҳифзи саломатии онҳо аз бемориҳои сироятӣ мебошад. Ташкили 16 гурӯҳи фосилавӣ аз тарафи роҳбарони он тариқи видеоӣ ва барномаҳои таълимӣ роҳандозӣ шуда, хонандагон супоришҳои омӯзгоронро иҷро намуда, дар дилхоҳ вақт аз устодон машваратҳои лозимӣ мегиранд. Инчунин, роҳбарони маҳфилҳо бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ, мессенҷерҳо ва барномаи Googleclassroom гурӯҳ - маҳфилҳои фосилавии гуногун, чун дӯзандагӣ, қаннодӣ, бофандагӣ, рӯзгордорӣ, сӯзанидӯзӣ, қолинбофӣ, рассомӣ, техникони ҷавон, авиамоделӣ, автомоделӣ, бофандагӣ, машшотагӣ, гулдӯзӣ ва омӯзиши забони русиро ташкил кардаанд. Аъзои маҳфили дӯзандагӣ дар шароити хона аз омӯзгорон тарзи омода намудани ниқобҳои ҳимоятиро омӯхта, худ ва хонаводаашонро бо он  таъмин карда истодаанд. Ҳамзамон, тариқи маҳфили фосилавии «Китобхони беҳтарин» ба кӯдакону наврасон ҳамарӯза хондани китобҳои бадеӣ тавсия шуда, ҳамчунин, бо ҳамдастии омӯзгорон чанд нафар хонандагон ба даври 2-юми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» омодагӣ мегиранд.

Гулнисои САЪДОНШО,  «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1669
23.06.2021


Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID – 19

«Толибон» гузаргоҳи асосии марзи Афғонистону Тоҷикистонро тасарруф намуданд

Ҷаҳон дар як сатр

«ДАР СУҲБАТИ ЛОИҚ»

ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛ. Корхонаи бузурги металлургӣ барқарор шуд

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

ВАНҶ: ҶАШНИ МИЛЛӢ ТАНТАНА ХОҲАД ДОШТ

22.06.2021


Путин: «Таҳдиди коронавирус боқист, аммо зарбаи сахти он баргардонда шуд»

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

21.06.2021


«TOUR DE TAJIKISTAN». Мусобиқае, ки дастовардҳои кишварро муаррифӣ мекунад

МИНТАҚАИ РАШТ. 51 МИЛЛИОН ҚАРЗИ ИСТИФОДАИ БАРҚ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ДАСТГИРИИ КИШОВАРЗОН БАРОИ СОДИРОТИ АНГУР

ТОҶИКОБОД. САМАРИ ЯК ҲАМКОРӢ

КАЙФАР

70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМӮЗИШИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

НУРОБОД. ВАҚТЕ КИ ЗАМИН МАҚСАДНОК ИСТИФОДА МЕШАВАД...

11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед