Хабарҳо
САНОАТ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ 15,3 ДАРСАД ЗИЁД ШУД
Соҳаи саноати кишвар омили асосии рушду шукуфоӣ бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир рӯ ба пешрафт овардааст. Саноатчиёни кишвар ҷиҳати тақвияти корҳо дар рушди соҳа, аз ҷумла коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, воридоти технологияҳои муосир, истеҳсол ва муаррифии маҳсулоти ватанӣ, ташкили корхонаҳои нав, хусусан дар самти истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, ба натиҷаҳои баланд ноил гардиданд.
Давоми чор моҳи аввали соли равон корхонаҳои саноатӣ ба маблағи қариб 9 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,3 дарсад зиёд аст. Афзоиш, асосан, аз ҳисоби ҳаҷми маҳсулоти саноати коркард 19,5, истихроҷи маъдан 13,1, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 7 дарсад таъмин гардидааст.
Бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи корхонаҳои саноатӣ тамоюли зиёдшавӣ дошта, фаъолияти истеҳсолӣ вобаста ба мавҷудияти ашёи хом ва талаботи бозор ба роҳ монда шудааст. Барои истеҳсоли маҳсулоти нав, воридоти таҷҳизоти технологӣ ва васеъгардонии фондҳои истеҳсолӣ дар чор моҳ беш аз 1,5 миллиард сомонӣ маблағҳои худи корхонаҳо ва сармоягузорони хориҷӣ равона гардиданд.
Ба ҳолати 1 майи соли равон 2204 корхонаи саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 7 дарсад ё 143 корхона зиёд аст. Аз шумораи умумии корхонаҳо ба бахшҳои истихроҷ 258 корхона, коркард 1789, энергетика 76 ва таъминоти об ва коркарди дуюмдараҷа 81 корхона рост меояд.
Дар ин муддат 61 корхонаи нави саноат бо таъсиси 980 ҷойи нави корӣ сохта ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, дар вилоятҳои Суғд 23 корхона, Хатлон 19, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1, шаҳри Душанбе 10 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 8 корхона. Аз ин ба соҳаи саноати хӯрокворӣ 21 адад, масолеҳи сохтмон 15, саноати сабук 12, мошинсозӣ 7 ва дигар соҳаҳо 6 адад рост меояд.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1289