Хабарҳо
ХУҶАНД. ВЕБ-СЕМИНАР ОИД БА ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ COVID – 19
Дар маҷлисгоҳи беморхонаи клиникавии вилояти Суғд бо ширкати табибони Хитой, Беларус, Ӯзбекистон ва Қазоқистон дар мавзӯи ташхис ва табобати COVID – 19 вебинар (онлайн - семинар) баргузор гашт. Зимни он миёни табибон оид ба муолиҷаи муассири бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла илтиҳоби шадиди шуш, мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ҳадаф аз ин иқдом, пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва истифодаи самаровар аз таҷрибаи ҳамдигар мебошад.
Тавре Баҳодур Мӯъминов, сардухтури ин беморхона иброз дошт, феълан қабул ва табобати беморон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят беморхонаро пайваста бо маводи доруворӣ, таҷҳизот ва либосҳои махсуси тиббӣ таъмин менамояд.
Ҷовиди Аштӣ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1292