logo

Хабарҳо

ВМКБ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР МАДДИ АВВАЛ

Дар  доираи  дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон доир ба истифодаи оқилонаи  ҳар  порча замини  кишт, ба  кор  андохтани  майдонҳои  нави кишт  ва беҳтар  намудани  таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон як қатор корҳо рӯи даст гирифта шудаанд. Ҷиҳати  омӯзиши вазъи истифодаи  заминҳои  корам дар деҳот  ва  амалисозии  нақша - чорабиниҳо гурӯҳҳои  корӣ  ташкил  ва  ба  гӯшаю канори  вилоят  сафарбар  гардиданд.
Умедҷон Носирзода, муовини  раиси  вилоят, аз  заминҳои  деҳаи  мавзеи Дашти  ноҳияи  Ишкошим, ки  барои  кишти таҷрибавии намудҳои  гуногуни  зироатҳо  дар шароити  баландкӯҳ  барои  Институти  биологии Помир ҷудо гардидаанд, дидан намуд. Дар  ин ҷо  парвариши  навъҳои  гуногуни  картошка  ва  гиёҳҳои хӯшадор ба  роҳ  монда  шудааст. Масъулони пойгоҳи таҷрибавӣ  дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар 0,6  гектар  картошка, аз ҷумла навъи Наврӯз, 0,82 гектар,  2 гектар  гандуми навъи Блюдон ва 1 гектар  навъҳои гуногуни  гандуми баҳорӣ кишт  намудаанд. Ҳамчунин,  бо  кумаки  шарикони  рушд  аз  Ҷумҳурии  Олмон  тухмии  картошкаи  навъи Биг - Роза  оварда,  дар  5  гектар  шинонда шудааст. Дар қитъаҳои   пастсифати  замини  пойгоҳ  ҷаву юнучқа  коштанд.
Умедҷон Носирзода зимни  мулоқот  бо кормандони  пойгоҳи таҷрибавӣ, кишти босифат  ва саривақтии баҳориро зарур шумурда, зикр кард, ки кишоварзон бо заҳмати самараноки худ дар баланд бардоштани  ҳосилнокии заминҳои кишти вилоят ва ба ин васила, дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми арзанда мегузоранд. Имрӯз таъмини аҳолии  кишвар  бо маводи  хӯрокворӣ  аз вазифаҳои  афзал  маҳсуб  ёфта, Президенти  кишвар  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин нуктаро дар чанд вохӯриву  мулоқот, ҳатто дар  паёми табрикотӣ ба  муносибати   фарорасии моҳи шарифи  Рамазон таъкид намуданд.
Гурӯҳҳои  корӣ аз дигар минтақаҳои  шаҳру ноҳияҳои  баландкӯҳ низ дидан карда, дар   мулоқот бо кишоварзон ҷиҳати  истифодаи  оқилонаи  заминҳои  корам  ва  истифодаи  босамари  рӯзҳои  баҳорӣ  маслиҳатҳои муфид доданд.
      
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1011
05.12.2020


 СААД ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ ИДМ, СҲШ, САҲА, НАТО ВА ИТТИҲОДИ АВРУПОРО ПЕШНИҲОД НАМУД

 ДАР ДУНЁ МОҲЕ 30 МИЛЛИОН ВОЯИ «СПУТНИК V» МЕБАРОРАНД

ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДИИ ЧИН ВА РОССИЯ БА ЗАРБАИ ПАНДЕМИЯ ТОБ ОВАРД

БАЛАНДТАРИН МАНОРАИ "АБУ-ДАБИ ПЛАЗА" - РО "ҚАЗОҚИСТОН" МЕНОМАНД

 ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.11.2020


ВАО: БАЙДЕН БОРИ НАХУСТ ДАР ТАЪРИХИ ИНТИХОБОТИ ИМА 80 МИЛЛИОН ОВОЗ ГИРИФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. МУТАХАССИСОН БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ ОМОДА МЕГАРДАНД

26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед