logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ, шаҳри Душанбе, 20 майи соли 2020

Муҳтарам роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ!
Мақсади мулоқоти имрӯзаи мо баррасии воқеии вазъи ҷорӣ, ки кормандони соҳаи тандурустӣ дар бартарафсозии он нақши асосӣ доранд, инчунин, роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда ва вазифаҳо барои давраи наздиктарин ва марҳалаҳои минбаъда мебошад.
Мардуми куҳанбунёди тоҷик мисли Абуалӣ ибни Сино, Абубакр Закариёи Розӣ садҳо донишмандонеро ба воя расондаанд, ки осори онҳо то ба имрӯз аҳамияти худро гум накарда, барои башарият ҳамчун раҳнамои тиббӣ хизмат менамоянд. Бахусус, хизмати Синои бузург дар ин ҷода беназир буда, вай дар замонаш на танҳо барои мардуми худ, балки ба аксари қавму қабилаҳо, сарфи назар аз дину мазҳаб ва ирқу нажод, дасти мадад дароз кардааст.
Ҳакими бузург, инчунин, барои шифо ёфтан аз бемориҳои сироятӣ бисёр маслиҳатҳои муфид додааст ва ҳазорон нафар одамонро аз вабоҳои шадид халос намудааст. Табиби ҳозиқ дар вазнинтарин ҳолатҳо ба мардум муроҷиат карда, таъкид кардааст, ки «воҳима худаш ними беморӣ аст, хотирҷамъӣ ними саломатӣ ва сабр бошад, саршавии шифо ҳаст». Чунин андешаҳои ӯ имрӯз низ аз манфиат холӣ набуда, ҳамватанони азизи мо ва табибон метавонанд аз он истифода намоянд.
Зиёда аз панҷ моҳ мешавад, ки бемории зукоми коронавирус аҳли оламро ба нигаронии ҷиддӣ гирифтор намуд. Вале, хушбахтона, кишварҳое, ки сокинонашон ба ин беморӣ охири соли 2019 гирифтор шуда буданд, авҷи онро паси сар намуда, оҳиста-оҳиста маҳдудиятҳоро бекор карда, ба зиндагии муқаррарӣ баргашта истодаанд. Аммо барои аҳолии кишварҳое, ки дертар ба ин беморӣ гирифтор шудаанд, дар онҳо то расидан ба авҷи беморӣ ва, баъдан, коҳишёбии он фурсати муайян лозим аст.
Аз моҳи апрели соли ҷорӣ дар кишвари мо низ сироятёбӣ ба ин беморӣ расман ба қайд гирифта шуд, ки дар ин бора Сарвазири мамлакат, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва сардори раёсати тандурустии шаҳри Душанбе муфассал гузориш медиҳанд.
Имрӯзҳо ҳазорон нафар табибон ва ҳамшираҳои шафқат дар беморхонаҳо дар хизмати халқи тоҷик қарор дошта, ҳатто ҳаёти худро ба хатар гузошта, ба муқобили ин беморӣ шабонарӯзӣ ва фидокорона мубориза бурда истодаанд ва ба хотири наҷоти шаҳрвандони мамлакат тамоми донишу қувват ва малакаву маҳорати касбии худро сафарбар намудаанд.
Табибони мо дар ташвиқи усулҳои пешгирии ин бемории сироятӣ низ фаъолияти хуб нишон дода, тавассути телевизиону радио ва дар тамоми маҳалҳои зисти сокинон корҳои фаҳмондадиҳиро сари вақт оғоз карданд ва варақаҳои тавсиявӣ чоп карда, миёни аҳолӣ паҳн намуданд. Чунин корҳои ташвиқотӣ имкон доданд, ки шаҳрвандони кишвар аз оқибатҳои даҳшатбори ин беморӣ сари вақт огоҳӣ пайдо намоянд ва дар фикри ҳифзи саломатии худ бошанд.
Бинобар ин, аз номи Ҳукумати мамлакат, шахсан аз номи худ ба ҳамаи табибон ва ҳамшираҳои шафқат, ки дар ин рӯзҳои вазнин ба шаҳрвандони кишвар дармон бахшида истодаанд, изҳори ташаккур намуда, ба ҳар кадомашон, пеш аз ҳама, тани сиҳат ва барори кор мехоҳам. Тавре ки аз таҳлилҳо бармеояд, ҳолатҳои фавт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба нишондиҳандаҳои ҷаҳонӣ аз бемориҳои илтиҳоби шуш 0,2, сил 10,2, саратон қариб 37 ва вируси норасоии масунияти одам 17,4 фоиз кам мебошанд.
Мо аз рӯзҳои аввали пайдоиши пандемияи коронавирус ва илтиҳоби шуш дар кишвар тадбирҳои саривақтиро ба роҳ монда, бо роҳбарии Сарвазири мамлакат Ситоди ҷумҳуриявиро таъсис додем. Инчунин, ҷиҳати расондани кумаку дастгирӣ, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳаҷми 29 миллион сомонӣ маблағҳои зарурии иловагӣ ҷудо гардида, кори ситод зери назорати шахсии Роҳбари давлат қарор дода шуд. Илова бар ин, тавассути бастани марзҳо, манъи парвозҳои байналмилалӣ ва карантин намудани мусофирони аз берун воридшаванда мо тавонистем муддате пеши роҳи паҳншавии босуръати вирусро нигоҳ дорем. Аммо таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки то ҳол ба ҷуз аз риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, яъне гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, дигар роҳи самараноки пешгирӣ кардани паҳншавии ин вирус вуҷуд надорад.
Ғайр аз ин, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастур дода шуд, ки фаъолияти бонизоми беморхонаҳо, дармонгоҳҳо, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббиро ба роҳ монда, ҷиҳати таъмини онҳо бо доруворӣ, таҷҳизоти замонавӣ ва маводи ғизоӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намояд.
Барои ҳалли масъалаҳои бетаъхир маблағҳои аввалин аз ҳисоби Буҷети давлатӣ ва Фонди захиравии Президенти мамлакат ҷудо карда шуданд, ки то ба имрӯз барои хариди таҷҳизоту ашёи зарурии тиббӣ ва доруворӣ сарф шуда истодаанд ва истифодаи онҳо таҳти назорат қарор дорад. Илова бар ин, дар хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пули миллӣ ва бо асъори хориҷӣ дар Бонки миллӣ суратҳисоби махсус кушода шудааст. То имрӯз ба суратҳисоби мазкур 11 миллион сомонӣ ворид шуда, сарфи он бо пешниҳоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз тарафи Ситоди ҷумҳуриявӣ амалӣ мегардад ва маводи аз ин ҳисоб харидшуда ба беморхонаҳо ва шахсони сироятшуда дастрас карда шуда истодааст.
Вақтҳои охир ман борҳо дар муроҷиатҳои худ ба сокинони мамлакат доир ба вазнин будани оқибатҳои ин бемории сироятӣ изҳори назар карда будам. Бори дигар таъкид менамоям, ки ҳар як шахс, аз хурд то бузург, бояд қоидаҳои беҳдоштиро дар ҷойи кор, ҷойҳои ҷамъиятӣ, кӯчаву маҳалҳо ва манзили зист риоя намояд ва худро аз гирифторшавӣ ба ин беморӣ эмин дорад.
Бовар дорам, ки шаҳрвандони мамлакат ин меъёрҳо ва қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятиро риоя карда, барои ҳифзи саломатии худ, аҳли оила ва ҳамватанони хеш талош менамоянд ва мо ҳарчи зудтар аз ин беморӣ раҳо меёбем.
Дар навбати худ, Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла Ситоди ҷумҳуриявӣ вазифадор карда мешавад, ки фаъолияти ситодро ҷиҳати пешгирӣ кардан ва пурра аз байн бурдани ин беморӣ ҷоннок карда, камбудиҳои ҷойдоштаро сари вақт бартараф намояд ва барои ҳалли мушкилоти мавҷуда тадбирҳои фаврӣ андешад.
Ба Сарвазири мамлакат супориш дода мешавад, ки аз натиҷаи корҳои баанҷомрасида тавассути воситаҳои ахбори омма мунтазам маълумот интишор намояд. Ғайр аз ин, ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳо ва пешгирӣ намудани паҳншавии минбаъдаи ин бемории сироятӣ дар мамлакат тадбирҳои иловагии зерин бояд татбиқ карда шаванд:
1. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фаъолияти бонизоми бемористону дармонгоҳҳо, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббиро зери назорати қатъӣ қарор дода, барои таъмин намудани онҳо бо доруворӣ, таҷҳизоти муосири тиббӣ ва маводи ғизоиву беҳдоштӣ тадбирҳои фаврӣ андешад ва ба Ситоди ҷумҳуриявӣ, ҷиҳати ҳалли мушкилоти соҳа, саривақтӣ гузориш пешниҳод намояд. Таъкид месозам, ки ҳоло аз лиҳози таъминот ягон мушкилӣ нест ва зарур аст, ки дар муассисаҳои тиббӣ сатҳу сифати хизматрасонӣ ба беморон боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад.
Дар баробари ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор карда мешавад, ки:
- барои омода кардани табибони сироятшинос ва ҳамшираҳои шафқат аз ҳисоби мутахассисони соҳаҳои дигари тиббӣ дар ҳар як шаҳру ноҳия курсҳои кӯтоҳмуддат таъсис диҳад;
- таъминот бо доруворӣ, либосҳои муҳофизат ва маводи зиддивирусиро дар кишвар муайян карда, рӯйхати онҳоро ҳар рӯз бо Ситоди ҷумҳуриявӣ мувофиқа созад;
- табобати шахсонеро, ки гирифтори бемории коронавирус ва илтиҳоби шуш нестанд, тавассути духтурони оилавӣ дар хонаҳо ба роҳ монда, хизматрасонӣ ва раванди табобати онҳоро қатъӣ назорат намояд;
- барои риояи қоидаҳои беҳдоштии ҳар як сокини мамлакат варақаҳои тавсиявиро паҳн намояд ва корҳои фаҳмондадиҳиро тавассути табибону мутахассисон ҷоннок гардонад;
- дар раванди пешгирӣ кардан ва табобати ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории коронавирус, зарур аст, ки ба масъалаи ҷалби равоншиносон барои ба мардум фаҳмондани масъалаҳои вобаста ба риояи оромӣ, тартибу низом, риояи қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ ва таркиби ғизои истеъмолшавандаву тарзи ҳаёти солим эътибори ҷиддӣ зоҳир карда шавад;
- аз ҳисоби олимони соҳаҳои тиб, физика, химия, биология, генетика ва дигар бахшҳо гурӯҳи корӣ таъсис дода, сабабу оқибатҳои ин бемориро муайян намояд ва ҷиҳати амалӣ кардани тавсияҳои онҳо тадбирҳои саривақтӣ андешад;
- бо мақсади муҳайё намудани шароит ва сабук намудани ҳуҷҷатгузорӣ ҳангоми бақайдгирӣ ва истеҳсоли маводи доруворӣ доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти фарматсевтӣ» чораҷӯӣ намояд;
- якҷоя бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Академияи миллии илмҳо, Академияи илмҳои кишоварзӣ истеҳсоли таҷҳизоти аввалияи тиббӣ, маҳлулҳои безараргардонӣ ва доруворие, ки аз гиёҳҳои шифобахши кишвар омода мешаванд, ҳарчи зудтар ба роҳ монад;
- марказҳои солимгардонӣ ва дигар ма