logo

иҷтимоиёт

КУМАКИ ХАЙРИЯВИИ «РУСМОСТРАНС»

Дасти кумак дароз намудан ба камбизоатону муҳтоҷон ва ятимону маъюбон савоби зиёд дорад. Алалхусус, дар моҳи шарифи Рамазон аҷру савоби ҳар як амали нек чандин баробар бештар мешавад.
Хушбахтона, дар ҷомеа шахсоне ҳастанд, ки бо тақозои имону виҷдон дар чунин айёми душвор – паҳншавии бемории сироятии COVID – 19  ба ниёзмандон дасти мадад дароз мекунанд.
Аз ҷумла, сарвари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Русмостранс»-и шаҳри Москва, соҳибкори муваффақи тоҷик Фирдавс Наимов ба 917 хонаводаи ниёзманди шаҳри Москва ва вилояти Москва, ятимону оилаҳои камбизоати муқими шаҳри Люберсии вилояти Москва ва Бунёди «Хонаи некӣ»-и он хӯрокворӣ тақсим кард. Ҳамзамон, дар доираи ин маъракаи башардӯстона ҳамроҳи намояндагони Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва ду меҳмонхонаи хурд (ҳостел), ки дар онҳо 40 нафар ҳамватанон ба сар мебаранд, дар шакли озуқа ёрии хайриявӣ расонда шуд.
 Инчунин, муҳоҷирони меҳнатии ҷумҳуриҳои ҳамсоя-  Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон низ аз назарҳо дур намонданд. Онҳо мутаносибан 130, 55 ва 60 бастаи маҳсулоти ғизоӣ гирифтанд. Дар маҷмӯъ, ба муҳоҷирони меҳнатию донишҷӯён ба маблағи зиёда аз 1 миллион рубл хӯрокворӣ (орд, равған, шакар, макарон, биринҷ, шири хушк, пиёз, картошка, шириниҳо ва ғайра) дастрас гардид.
Қобили зикр аст, ки соҳибкори дигари тоҷик Зафархон Ҳасанов ва варзишгари шинохтаи кишвар Аъзам Ғафуров дар ин кори хайр бо Фирдавс Наимов ҳисса гузоштанд.

С. СУННАТӢ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.05.2020    №: 96    Мутолиа карданд: 89
22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР МАДДИ АВВАЛ

ИҚДОМИ ЯК ДОНИШКАДА

ХУҶАНД. ВЕБ-СЕМИНАР ОИД БА ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ COVID – 19

САНОАТ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ 15,3 ДАРСАД ЗИЁД ШУД

СУҒД.РОҲАНДОЗИИ ТАЪТИЛИ САМАРАНОК

ПАЙРАВӢ АЗ ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

РАФАЭЛ НАДАЛ БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАР ДАР ТАЪРИХИ ИСПАНИЯ

МАСТЧОҲ СИМОИ ИДОНА МЕГИРАД

18.05.2020


СУҒД. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ПУРЗӮР МЕГАРДАД

НУРОБОД ҲУСНИ НАВ МЕГИРАД

ФУТБОЛ. ЧЕМПИОНАТИ БЕЛГИЯ НИЗ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ АНҶОМ ЁФТ

ТОҶИКИСТОНУ БЕЛАРУС ДАР МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУС ҲАМКОРӢ МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.05.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ДАР ШАҲРИ БӮСТОН

ТОҶИКИСТОН. БОЗ 403 МУБТАЛОИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ДАР ИСФАРА МАКТАБИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ОРИОН» БУНЁД МЕШАВАД

КӮДАКОН. КОРОНАВИРУС ҚУДРАТИ "ЗАБТ" - И ОРГАНИЗМИ ОНҲОРО НАДОРАД

ДАРВОЗ. САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ НОҲИЯ БЕШТАР МЕГАРДАД

БОЗОРИ ТРАНСФЕРӢ. АРЗИШИ ФУТБОЛБОЗОНИ ДАСТАҲОИ ЛИГАИ ОЛӢ

ПЕШНИҲОДИ ВОХӮРИИ НАМОЯНДАҲОИ ИДМ ВА СҶТ БАРОИ МУБОДИЛАИ ТАҶРИБАИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. САҲМИ РАЁСАТИ КҲФ ДАР ПЕШГИРИИ COVID-19

14.05.2020


КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ. ТАЪСИСИ МАХЗАНИ ЭЛЕКТРОНӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед