logo

сиёсат

БОЗДИДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ИНШООТИ ТАЪЙИНОТИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

20 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири мамлакат, раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода  аз фаъолияти як қатор иншооти таъйиноти соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе шинос шуданд.

Сафари кории Сарвари давлат бо боздид аз шароити беморхонаи муваққатӣ, ки дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии тайёрии олимпии дастаҳои мунтахаб”-и Кумитаи ҷавонон ва варзиш таъсис ёфтааст, оғоз гардид.
Ба Президенти мамлакат иттилоъ дода шуд, ки беморхонаи муваққатӣ дар доираи дастгирии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати ба табобат фаро гирифтани 350 нафар беморони гирифтори COVID – 19 аз тарафи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва як қатор соҳибкорони бо нангу номуси Ватан дар муҳлати як ҳафта созмон дода шуд.
Беморхонаи муваққатӣ дорои шароити хуб буда, аз ошхона барои 150 нафар, ҳаммом ва дигар таҷҳизоти тиббӣ иборат мебошад.
Ба муассисаи мазкур табибони соҳибтаҷриба ҷалб гаштаанд. Он бо доруворӣ, рахти хоб, ҷойи либосивазкунӣ, ҷевон барои гузоштани дору дар назди бемор ва дигар лавозимоти зарурӣ таъмин буда, аз ду тараф бо дарозии 170 метр таҷҳизоти ҳавотозакунӣ насб шудааст.
Дар ин ҷо 7 ҳуҷраи кории табибон ва духтурони соҳавӣ, шуъбаҳо барои қабул ва табобати беморон, ташхисгоҳ, ҳуҷраи махсус барои нигоҳдории доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, ҳуҷраҳои ёрирасони техникӣ, ҷои шустушӯ ва дигар иншооти зарурӣ маҳайё мебошанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз беморхона мақомоти дахлдор ва масъулини соҳаро вазифадор намуданд, ки бо назардошти вазъияти имрӯза таваҷҷуҳи бештарро ба ташхису табобати дуруст ва нигоҳубини беморон равона намуда, ба мардум содиқона хизмат намоянд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, бо рафти корҳо дар хобгоҳи нави Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки ба беморхонаи муваққатӣ табдил дода шудааст, шинос шуданд. Иншооти мазкур аз 12 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он тибқи дастури Пешвои миллат 650 кати хоб барои қабул ва табобати шахсони мубталои бемории нави сироятӣ ҷой дода мешавад. Ҳуҷраҳои корӣ бо таҷҳизоти тиббие, ки барои муолиҷаи гирифторони бемории сироятӣ зарур аст, таъмин буда, ҳамчунин, мутахассисони баландихтисос ба кор ҷалб гардидаанд.
Ба Пешвои муаззами миллат иттилоъ доданд, ки иншооти нав дорои 208 ҳуҷра мебошад. Ҳамчунин, дар тамоми ошёнаҳо утоқҳои алоҳидаи ёрирасон мутобиқ ба талаботи замон бунёд гардида, дар ҳар як ошёна ошхонаи замонавӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки бо истифода аз имконоти фароҳамовардашуда, табибону беморонро бо хӯрокворӣ таъмин намоянд.
Бояд тазаккур дод, ки таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумат аз рӯзҳои нахустини сар задани пандемияи ҷаҳонӣ корҳои омодагиву пешгириро дар саросари кишвар барои муолиҷаи беморон ва ҳифзи солимии аҳолӣ амалӣ карда истодааст. Аз ҷумла, дар кӯтоҳтарин фурсат ифтитоҳ намудани беморхонаҳои муваққатӣ барои қабули беморон аз ҷумлаи чунин тадбирҳо мебошад.
Мавриди зикр аст, ки айни ҳол дар шаҳри Душанбе беш аз 30 беморхона бо 5 ҳазору 284 кат ва беш аз 5 ҳазору 390 нафар табиб ва кормандони тиб ба беморони гирифтори коронавирус хизмат мерасонанд.
Дар асоси дастури раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахт ба таври илова якчанд беморхонаи муваққатӣ барои зиёда аз 3200 кат баҳри табобати гирифторони COVID – 19 бо фароҳам овардани ҳама шароити зарурӣ, алалхусус бо ҷалби мутахассисони варзидаву соҳибтаҷриба, таъмини таҷҳизоти тиббии баландсифат ва доруворӣ ташкил шудааст.
Дар  саҳни  ҳавлии хобгоҳи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди Беморхонаи шаҳрии касалиҳои сироятӣ дар маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шинос шуданд. Беморхона бо ғунҷоиши 1500 кати хоб ба нақша гирифта шуда, дар марҳилаи аввал барои қабули то 640 бемор омода мегардад.
Сарвари давлат супориш доданд, ки корҳои лоиҳакашии беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Душанберо ба анҷом расонда, худи ҳамин сол сохтмони он аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шавад.
Ҳамчунин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба Гимназияи ҳарбии ба номи “Ворисони Куруши Кабир”-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ташриф оварда, аз вазъи иншоот, ки ҳамчун беморхонаи муваққатӣ барои қабули беморон ташкил гардидааст, шинос шуданд.
Беморхонаи сироятии муваққатӣ барои бистарӣ кардан ва ба муолиҷа фаро гирифтани маризон аз 16 ҳуҷра бо 110 кати хоб иборат мебошад.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар беморхона 4 кати функсионалӣ,  10 кати муолиҷаи шиддатнок бо хати оксиген ва 18 кати эҳёгарӣ тайёр буда, 2 оксигенатор, 1 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, 2 дастгоҳи балғамкашакии барқӣ ва 2 дастгоҳи дефибриллятор барои муолиҷаи беморон мавҷуд аст. Беморхонаи сироятии муваққатӣ дорои шуъбаи мардона бо 55 кат ва занона бо 37 кат буда, дар он ҳуҷраи безараргардонӣ низ бо таҷҳизоти зарурӣ фаъолият менамояд. Дар беморхонаи сироятии муваққатӣ 42 нафар мутахассиси соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла 13 табиб, 30 корманди миёнаи соҳаи тиб барои табобату муолиҷаи ҳамаҷонибаи беморон ба фаъолият ҷалб карда шуда, онҳо бо тамоми дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ, либосҳои муҳофизатӣ, айнак, дастпӯшак ва ниқобҳои тиббӣ таъмин мебошанд. Беморхонаи сироятии муваққатӣ, ҳамчунин, дорои ошхонаи ҷавобгӯ ба талаботи имрӯз аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, ҳамчунин, аз беморхонаи сайёр, ки дар варзишгоҳи “Бофанда” ташкил шудааст, боздид намуданд.
Мавриди зикр аст, ки зимни суҳбати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар доираи ҳамкориҳои судманди дӯстона бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 144 контейнери махсуси тиббӣ якҷо бо таҷҳизоти махсуси нафасрасонии сунъӣ (ИВЛ) дастрас карда шуд.
Ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот дар ин муассисаи тандурустӣ, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат анҷом дода шуд, таҳти назорати бевоситаи раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дошт.
Дар асоси нишондоди лоиҳа, беморхона дар масоҳати 3600 метри мураббаъ сохта шуда, барои муолиҷаи гирифторони бемории сироятии коронавирус пешбинӣ шудааст. Беморхонаи сайёр бо муосиртарин таҷҳизоти соҳавӣ муҷаҳҳаз буда, барои табибон ва беморон шароитҳои лозима фароҳам гардидааст. Ҳар як контейнер аз як ё ду ҳуҷраи хурд иборат мебошад, ки дар он барои табобат ва зист шароити лозима мавҷуд аст. Дар контейнерҳо вобаста ба ҳаҷмашон 4 ва 6-нафарӣ бемор ҷойгир хоҳанд шуд ва, дар маҷмӯъ, имкон аст, ки 984 нафар ба табобат фаро гирифта шавад.
Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе васлу насби таҷҳизот ва корҳои чароғонсозӣ ва мумфаршкунии гирду атрофи муассиса ба итмом расидааст.
Ба андешаи мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, беморхонаи сайёр сарбориро дар беморхонаҳои амалкунандаи пойтахт коҳиш дода, ба минтақаи карантинӣ табдил хоҳад ёфт.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо имкониятҳои беморхонаи сайёр, аз сатҳи муносибати ҳамкориҳои ду давлати дӯст – Тоҷикистону Ӯзбекистон андешаронӣ карда, кумаки кишвари ҳамсояро дар ин рӯзҳо намунаи барҷастаи робитаи мутақобилан судманд маънидод карданд.
Сарвари давлат ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва сохторҳои зертобеи он, соҳибкорони ватандӯст ва шахсони ҳимматбаланду ширкатҳои сохтмонии маҳаллӣ барои анҷоми босуръату сифати тадбирҳои сохтмонӣ дар ин иншоот арзи сипосу миннатдорӣ карданд.
Дар Коллеҷи ҷумҳуриявии тиббии ноҳияи Сино Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз вазъи беморхонаи муваққатӣ шинос шуданд.
Иншооти мазкур тибқи супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тадбирҳои пешгирии паҳншавии бемории нави сироятии COVID – 19 барои қабули 500 нафар беморони мубталои коронавирус муҷаҳҳаз бо тамоми техника ва лавозимоти зарурӣ омода гардидааст. Беморхона дар масоҳати 14 ҳазору 200 метри мураббаъ бунёд шуда, он аз 6 ошёна ва таҳхона иборат мебошад.
Мавриди зикр аст, ки бинои асосии Муассисаи давлатии «Коллеҷи тиббии шаҳри Душанбе» соли гузашта бунёд гардида буд ва бо дарназардошти пайдо  ва паҳн гардидани коронавируси нави COVID – 19 дар мамлакат бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҳти назорати раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар муддати кӯтоҳ ба беморхонаи муваққатӣ табдил дода шуд.
Иншоот аз 5 қисм иборат буда, дорои 110 ҳуҷраи муолиҷавӣ, 24 утоқи корӣ барои табибон ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Дар беморхона дар як вақт метавон то 500 нафар беморро ба табобат фаро гирифт.
Ошёнаи якум дорои тамоми дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла дастгоҳи рентгенӣ, ки барои муоина ва муайян намудани ҳолати бемор мусоид аст, мебошад. Ҳамаи утоқҳои муолиҷавӣ бо таҷҳизоти зарурии муосири тиббӣ таъминанд. Дар ошёнаи аввал шуъбаи эҳё низ фаъолияит менамояд. Он аз 36 кат, аз ҷумла 23 кати функсионалӣ ва 13 кати одӣ, иборат буда, бо 24 дастгоҳи нафаскашии сунъи “Боброва”, 12 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, 13 балғамкашаки барқӣ, 6 дастгоҳи таъминкунандаи нафас, 7 монитор, 2 инфузомат, 3 халтаи амбу, 2 лампаи кварсӣ ва 1 дефибрилятор муҷаҳҳаз аст. Ҳамзамон, як мошини сайёри рентген ва ду мошини ёрии таъҷилӣ дар хизмати беморон қарор дорад.
Бо назардошти фаъолияти шабонарӯзии табибон, ошёнаи шашуми иншоот, ки дорои 22 утоқ мебошад, барои табибон пешбинӣ шуда, бо тамоми таҷҳизот, ҷой ва рахти хоб таъмин мебошад.
Барои бехатарии наздикони беморон ва табибону дигар кормандони беморхона долонҳои сабз ва сурх муайян шуда,  талаботи санитарию беҳдоштӣ риоя ва назорат карда мешавад.
Доруворӣ, либосҳои махсуси муҳофизатӣ, инчунин, маҳлулҳои безараргардонӣ ва дигар лавозимоти муҳими тиббӣ дар ин беморхона ва беморхонаҳои муваққатии дигар ба миқдори зарурӣ таъмин мебошад.
Баъди шиносоӣ аз вазъи беморхонаи муваққатӣ, дар саҳни ҳавлии Коллеҷи ҷумҳуриявии тиббӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе мулоқот карданд. Зимни суҳбат Сарвари давлат вобаста ба вазъи баамаломада, пешгирии паҳншавии бемории сироятӣ дар кишвар ва ба таври оҷилию сифатнок хизмат расондан ба беморон ба кормандони соҳаи тандурустӣ супоришҳои қатъӣ доданд.
Пас аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири мамлакат, раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID – 19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода оид ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирӣ ва мубориза бо бемории нав гузориши муфассал дода, иброз дошт, ки тамоми беморхонаҳои шаҳру навоҳии мамлакат бо доруворӣ, таҷҳизоти тиббии зарурӣ, маводҳои безараргардонӣ таъмин гардида, вазъият пурра таҳти назорат қарор дорад.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода дар ҳисоботи худ таъкид кард, ки дар доираи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат фаъолияти духтурони минтақавӣ, дармонгоҳҳо, касалхонаҳо ва тамоми муассисаҳои соҳаи тандурустӣ тибқи реҷаи 24 соат дар шабонарӯз фаъолият намуда, ташхис, қабул ва ҷобаҷокунии беморон зери назорати бевоситаи мутахассисон қарор дорад.
Сардори раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода ҳисобот дода, оид ба беҳтар намудани хизматрасонӣ ба беморон аз ҷониби Роҳбари давлат дастурҳои мушаххас гирифтанд.
Бояд гуфт, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли ҷорӣ, бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ, ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории нави коронавирус, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID – 19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.
То имрӯз мувофиқи нақшаи чорабиниҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемикӣ  дар саросари мамлакат барои безараргардонии кӯчаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳо, таъмини беморхонаҳо бо маводи зарурӣ ва ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ корҳои мушаххас амалӣ шуда истодааст.
Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, айни ҳол дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расондани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.
Барои таъмини беморхонаҳо бо доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи худмуҳофизатӣ алайҳи мубориза бо бемории мазкур зиёда аз 45 миллион сомонӣ аз ҳисоби Буҷети давлатӣ ва дигар ташкилотҳо ҷудо карда шудааст.
Баҳри таъмини хизматрасонии босифат ба беморон аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Маркази тиббии зеҳнӣ таъсис ёфта, мутахассисони вазорат, олимони шинохтаи соҳаи тиб тавассути технологияҳои муосир тариқи мустақим ба ниёзмандон кумаки машваратӣ расонда истодаанд.
Танҳо имрӯз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар беморхонаҳои муваққатии пойтахт барои қабули беморони мубталои коронавирус бештар аз 3200 ҷойи эҳтиётӣ муҳайё шуд.
Бояд гуфт, ки тибқи дастури Пешвои миллат на танҳо дар пойтахт, балки дар дигар беморхонаҳо ва марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳо, ҷойҳои иловагии хоби беморон бо шароити лозимаи табобат муҳайё мегардад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ислоҳоти бахши тандурустӣ, аз ҷумла сохтмони беморхонаҳои бо технологияи замонавии тиббӣ муҷаҳҳаз, тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси соҳа ва беҳтар кардани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ гашт. Дар ин муддат даҳҳо иншооти тиббӣ бунёд ва аксари беморхонаҳо аз таъмири асосӣ баромаданд.
Имрӯзҳо дар пайравӣ аз ташаббусҳои башардӯстонаи Пешвои миллат вазорату идораҳо, шахсони саховатманд ба марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳо хӯрокворӣ, доруворӣ, таҷҳизоти тиббию маҳлулҳои антисептикӣ дастрас менамоянд.
Рафти чорабиниҳои пешгирии паҳншавии беморӣ ва табобати аҳолӣ таҳти назорати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва Сарвари давлат ҳамарӯза ба раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷиҳати пурзӯр кардани корҳои таъмини табобатхонаҳо бо маводи лозимаи тиббӣ, доруворӣ ва хӯрока, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба беморон, фароҳам овардани шароити мусоид барои муолиҷаи гирифторони ин беморӣ ва тақвият бахшидани тадбирҳои санитарию гигиенӣ миёни аҳолӣ дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.05.2020    №: 96    Мутолиа карданд: 338
12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

«ХУҶАСТА БОД ИСТИҚЛОЛ!»

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Армида Салсия Алишаҳбана

МАГНОЛИЯ. НИҲОЛИ НОДИР ДАР ХУҶАНДИ БОСТОН

07.04.2021


МИСГАРӢ — БОЗГӮИ РАМЗҲО ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ

«ТЕРРОРИЗМ РЕЛИГИОЗНЫХ ЭКСТРЕМИСТОВ...»

Лавров: «СММ низоъҳоро дар дунё муваффақона ба низом меоварад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ

06.04.2021


ВМКБ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД

ИШКОШИМ. ҒОЛИБОН БА НОҲИЯ БАРГАШТАНД

Лавров барқарорсозии кори «формати Москва»-ро зарур шумурд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

ТАШКИЛИ ЯРМАРКА - ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ХУҶАНД

МИНТАҚАИ РАШТ. ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ

УНВОНУ ДАРАҶАҲОИ ИЛМИИ РОССИЯВУ ТОҶИКИСТОН БАРОБАРАРЗИШ МЕШАВАНД

02.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ВМКБ ВА 5 НОҲИЯИ ХАТЛОН НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД

МУЛОҚОТИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ПАК БЁН СОК

ҶОНИБДОРИИ ВАНХЁРК АЗ МУКОЛАМАИ ВАШИНГТОН БО МОСКВА

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.04.2021


ЛИГАИ ОЛӢ. Бори аввал легионерҳои нидерландӣ ва ҷопонӣ ҳунарнамоӣ мекунанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед