Хабарҳо
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
«Россия 24». Президенти Россия Владимир Путин аз мусулмонони кишвар даъват кард, ки Иди саиди Фитрро дар хонаҳояшон таҷлил созанд.
Tolo News. Таркиши автомобили минадор дар назди бинои идораи Раёсати миллии амнияти Афғонистон дар музофоти Ғазнӣ боиси ҳалокати ҳафт кас ва ҷароҳат бардоштани беш аз 40 нафар гашт.
ТАСС. - Ашхоси аз бемории коронавирус шифоёфтае, ки тести такрорияшон мусбат мебарояд, атрофиёнро сироят нахоҳанд кард, - гуфт намояндаи Вазорати тандурустӣ ва таъминоти иҷтимоии Корея Ён Тхэ Хо.
АИР «Новости». - Дар Россия озмоиши ваксинаи коронавирус дар гурӯҳи ихтиёриён оғоз ёфт, - иброз дошт сардори Маркази миллии пажӯҳишии эпидемиология ва микробиологияи ба номи Гамалей Александр Гинсбург.
Mehr. Олимони эронӣ бо истифода аз нанотехнология тест-системае рӯи кор оварданд, ки сирояти коронавирусро бо аниқии 95 дарсад дар 30 сония маълум месозад.
ТАСС. - Дар Россия ҳар рӯз қариб 4 миллион ниқоби муҳофизатӣ фурӯхта мешавад, - гуфт муовини вазири саноат ва савдо Виктор Евтухов.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1317