Хабарҳо
ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД
Собиқ қаҳрамони ҷаҳон миёни гаронвазнон Майк Тайсони 53-сола чанде қабл дар саҳифаи «Инстаграм»-аш навореро мунташир намуд, ки машғули тамрин аст. «Ман бармегардам!», - мегӯяд ӯ дар навор. Инчунин, дар зери видеоролик чунин сабт шуда буд: «Агар тасмиматон ҷиддӣ бошад, ҳама чиз имконпазир аст».
Дар муддати кӯтоҳ хабари баргаштани Тайсон ба ринг ҷаҳони варзишро такон дод.
Пас аз чанде, собиқ қаҳрамони мутлақи ҷаҳон Эвандер Ҳолифилди 57- сола низ майли баргаштан карда, даъвои маротибаи дигар бо Майк Тайсон ба ринг баромаданашро эълом дошт. Дар робита ба ин, ӯ зимни мусоҳиба бо нашрияи «The Sun» чунин гуфт: «Бале, мехоҳам бори сеюм бо Тайсон қувва озмоям. Қатъи назар аз 57- сола буданам, ба ин набард омодаам. Аммо барои он ки қувваозмоӣ баргузор гардад, Майк низ бояд омода бошад. Гап сари ғалаба нест. Фақат мо бояд ба насли нав бори дигар нишон диҳем, ки дар қатори бузургтарин боксёрони даврони худ будем».
Ҳолифилд гуфт, ки дар хусуси баргузор шудани зӯрозмоӣ бо Тайсон гуфтушунид кардааст.
Ин дар ҳолест, ки дар «Твиттер» расми афишаи набарди онҳо нашр шудааст. Тахмин меравад, ки қувваозмоии онҳо 11 июл дар яке аз шаҳрҳои Арабистони Саудӣ баргузор гардад. Маблағи аз набард бадастомада дар корҳои хайр сарф карда мешавад.
Бояд гуфт, ки қувваозмоиҳои қаблии Ҳолифилд ва Тайсон солҳои 1996 – 1997 баргузор шуданд. Дар набарди аввал Эвандер пирӯз гардид. Қувваозмоии дуввум бошад, пас аз гӯши Ҳолифилдро газидани Тайсон, қатъ гашт.
Ёдовар мешавем, ки Тайсони 53-сола дар 58 набард 50 пирӯзӣ ба даст оварда, 6 - торо бохтааст. Ду қувваозмоии дигараш бошад, доирнашуда эълон гаштааст. Ҳолифилд тӯли фаъолияти варзишиаш 57 бор ба ринг баромада, 44 ғалаба, 10 бохт, 2 мусовӣ ва 1 муҳорибаи баргузорнашуда дорад.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1376