Хабарҳо
МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА
Sky Newes. Бино ба иттилои вазири технологияҳои рақамӣ, фарҳанг, ВАО ва варзиши Британия Оливер Дауден, миёни Лондон ва Париж гуфтушуниди аз карантини ҳатмӣ раҳо кардани шаҳрвандони фаронсавие, ки ба ҳудуди шоҳигарӣ ворид мешаванд, идома дорад.
- Айни замон мо бо ҷониби Франсия масъалаи мазкурро баррасӣ карда истодаем, - гуфт вазир.
Ибтидои моҳи май ҳукуматдорони Британия гуфта буданд, ки бо вуҷуди паҳншавии коронавирус ба шаҳрвандони Франсия чораҳои карантинӣ татбиқ намегардад. Лекин то ҳол тибқи ваъда ба ҷониби Франсия созишномаи мушаххас манзур нашудааст.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1444