Хабарҳо
МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»
АИР «Новости». Ин ҳақиқати бебаҳси рӯзро канслери Олмон Ангела Меркел дар ҷаласаи ҳарсолаи Ассамблеяи ҷаҳонии тандурустӣ баён дошт.
«Дар дунё ягон кишвар буҳрони глобалӣ ва паёомади ногувори иҷтимоию иқтисодиро, ки коронавирус ба амал овард, рафъ карда наметавонад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли он бояд муттаҳид бошад», - гуфт сиёсатмадори шинохта.
Меркел, ҳамчунин, таваҷҷуҳро ба зарурати ҷидду ҷаҳди бештар баҳри пешгирии ин қабил эпидемияҳо дар оянда ва таҳкими низоми миллии тандурустӣ нигаронд. Ӯ зарурати ба ҳама мамлакатҳо дастрасшаванда будани ваксинаи ояндаи коронавирусро махсус таъкид намуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1496