logo

иҷтимоиёт

САХО АЗ ПЕШВО МЕБОЯД ОМӮХТ!!!

Бо мақсади дастгирию ёрии кормандони соҳаи тандурустӣ, тақвияти тадбирҳои пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ва муолиҷаи саривақтии беморон кумаки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз 233 мошини борбар иборат мебошад, ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон интиқол ёфт.

- Дар  доираи таваҷҷуҳ ва ғамхории пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба кормандони соҳаи тандурустӣ, беморон ва оилаҳои ниёзманди ҷумҳурӣ, ба 25 шаҳру ноҳияи вилоят  1350 тонна хӯрокворӣ, доруворӣ ва лавозимоту таҷҳизоти тиббӣ, аз ҷумла 20 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ба маблағи беш аз 8 миллион сомонӣ,  дастрас гардид,- гуфт Носирҷон Маъмурзода, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят.
Барои таъминоти муассисаҳои тандурустӣ ба маблағи 5 миллион сомонӣ зиёда аз 120 намуди доруворию лавозимоти зарурии тиббӣ, аз ҷумла либос ва айнакҳои муҳофизатӣ, ниқоб, дастпӯшак, маводи беҳдоштӣ ва воситаҳои техникӣ, фиристода шуд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар маросими пешвози корвони кумаки Пешвои миллат дар шаҳри Бохтар миннатдории тамоми сокинони вилоят, аз ҷумла табибон ва ҳамаи онҳоеро, ки бо бемории сироятии коронавирус дар муборизаанд, ба Роҳбари давлат расонд.
- Мехоҳам ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамеша дар фикри беҳбудии халқ буда, пайваста ба беморхонаҳо, табибон ва беморон ёрӣ мерасонанд, инчунин, ба соҳибкорони бонангу номусе,  ки дар пайравӣ аз иқдомҳои башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат хӯрокворӣ ва маводи доруворию лавозимоти тиббиро ба шаҳру ноҳияҳои вилоят дастрас менамоянд, самимона арзи сипос намоям, - гуфт Қурбон Ҳакимзода ва илова кард, ки мардуми вилоят аз таваҷҷуҳу ғамхории ҳамешагии Сарвари давлат бархӯрдор буда, сиёсати хирадмандонаашонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.
Дар баробари ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Хуросон 3 ҳазору 700 дона бомпӯш (шифер), 750 мукааб тахта, 78 тонна арматура ва 180 тонна семент фиристоданд. Дар маҷмӯъ, 33 мошини пурбори кумаки ғизоӣ, маҳсулоти сохтмонӣ ва лавозимоти тиббӣ аз номи Пешвои миллат барои зарардидагони офати табиӣ ва табибону беморони ноҳияи Хуросон дастрас гардид.
Аз шумораи умумии мошинҳои корвони ёрии Сарвари давлат, ки ба шаҳру ноҳияҳои вилоят фиристода шуданд, 26 мошин хӯрокворӣ, доруворӣ, лавозимот ва таҷҳизоти тиббӣ, 10 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ба шаҳри Кӯлоб дастрас карда шуд. Ёриҳои Пешвои миллат ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ далели таваҷҷуҳу ғамхориҳои доимии роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба солимии ҷомеа мебошад ва аҳолии Тоҷикистон, хусусан табибону беморонро ба ояндаи неки зиндагӣ дар мамлакат дилгарм месозад.

Кароматулло АТО,
аз саҳифаи фейсбукии «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.05.2020    №: 97    Мутолиа карданд: 110
22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР МАДДИ АВВАЛ

ИҚДОМИ ЯК ДОНИШКАДА

ХУҶАНД. ВЕБ-СЕМИНАР ОИД БА ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ COVID – 19

САНОАТ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ 15,3 ДАРСАД ЗИЁД ШУД

СУҒД.РОҲАНДОЗИИ ТАЪТИЛИ САМАРАНОК

ПАЙРАВӢ АЗ ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

РАФАЭЛ НАДАЛ БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАР ДАР ТАЪРИХИ ИСПАНИЯ

МАСТЧОҲ СИМОИ ИДОНА МЕГИРАД

18.05.2020


СУҒД. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ПУРЗӮР МЕГАРДАД

НУРОБОД ҲУСНИ НАВ МЕГИРАД

ФУТБОЛ. ЧЕМПИОНАТИ БЕЛГИЯ НИЗ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ АНҶОМ ЁФТ

ТОҶИКИСТОНУ БЕЛАРУС ДАР МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУС ҲАМКОРӢ МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.05.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ДАР ШАҲРИ БӮСТОН

ТОҶИКИСТОН. БОЗ 403 МУБТАЛОИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ДАР ИСФАРА МАКТАБИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ОРИОН» БУНЁД МЕШАВАД

КӮДАКОН. КОРОНАВИРУС ҚУДРАТИ "ЗАБТ" - И ОРГАНИЗМИ ОНҲОРО НАДОРАД

ДАРВОЗ. САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ НОҲИЯ БЕШТАР МЕГАРДАД

БОЗОРИ ТРАНСФЕРӢ. АРЗИШИ ФУТБОЛБОЗОНИ ДАСТАҲОИ ЛИГАИ ОЛӢ

ПЕШНИҲОДИ ВОХӮРИИ НАМОЯНДАҲОИ ИДМ ВА СҶТ БАРОИ МУБОДИЛАИ ТАҶРИБАИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. САҲМИ РАЁСАТИ КҲФ ДАР ПЕШГИРИИ COVID-19

14.05.2020


КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ. ТАЪСИСИ МАХЗАНИ ЭЛЕКТРОНӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед