logo

иҷтимоиёт

COVID-19. ЭҲТИЁТКОРӢ ВАБОРО МАҲВ МЕКУНАД

АЗ ТАДБИР ТО ТАҚДИР
Ҳанӯз аз оғози пайдоиш ва тавсеаи пандемияи коронавирус дар ҷаҳон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои муассири пешгирии хатари онро дар мамлакат таҳияву роҳандозӣ кард. Аз ба карантин фаро гирифтани ҳамаи онҳое, ки ба кишвар ворид мешуданд, то пурзӯр намудани назорати сарҳадот ва ҳатто қатъи намозгузории дастаҷамъона дар масҷидҳо, ки, мутаассифона, барои баъзе каҷназарон омили сангандозӣ ба сӯи давлат низ шуд, танҳо ва танҳо ба хотири ҳифзи саломатии  аҳолӣ ва кам кардани хатари воридшавии ин беморӣ ба Тоҷикистон буд.
Кишвари мо чун як узви ҷомеаи ҷаҳонӣ наметавонист аз ин вабои оламгир дар амон бошад. Ин ҳам дар ҳоле, ки дар кишварҳои ҳамсоя – Чину Афғонистон ва Қирғизистону Ӯзбекистон ҳолатҳои сироятшавӣ ба коронавирус тавсеа меёфт. Бо вуҷуди ин тадбирҳои саривақтии Ҳукумати ҷумҳурӣ самар дод, Тоҷикистон ба феҳрасти кишварҳои гирифтор ба COVID-19  хеле дертар ворид шуд.

АЗ ХУРОФОТ ТО ВОҲИМА
Мо, мутаассифона, бо вуҷуди дорои тамаддун ва таъриху адабиёти ғанӣ будан, то ҳол ҳам дар баробари хурофот ва воҳима наметавонем бо иродаи устувор мубориза намоем. Фирефта шудан ба суханони беасос, бовар кардан ба воҳимаҳои дурӯғ ва аз ҳама бадтараш гирифтор шудан ба дарди бедавои «бе таҳлил ҳукм кардан» аз камбудиҳои ҷиддии мост, ки метавонад паёмадҳои ногувор дошта бошад.
Масалан, овозаи камчин шудани орд, ки шояд маҳсули «тахайюли манфиатхоҳ»-и як ва ё гурӯҳи тоҷирони мо буд, дар як муддати кутоҳ  мавҷи вокунишҳои гуногуни аҳолиро боло бурд. Кор ба ҷое расид, ки дар ҳамаи шабакаҳои телевизону радиои кишвар ҳамон шабу рӯз барномаҳои хабарӣ бо нишон додани захираҳои кофии давлатӣ ва  суҳбати масъулон доир ба беасос будани воҳимаҳо оғоз меёфтанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 марти соли 2020 дар суханрониашон ба муносибати Рӯзи Модар бо ёдоварӣ аз вазнинтарин рӯзҳои гузашта – давраи ҷанги шаҳрвандӣ ва баъди он таъкид карданд, ки «Мо мардумро дар давоми қариб сӣ сол гурусна нагузоштем. Наход, ки дар шароити осоишта ба гуруснагӣ ва азият кашидани халқамон роҳ диҳем?».
Ин сухани пурҳикмат, ки як ҷаҳон маъно доштаву ҷонфидоиҳои Пешвои миллатро дар расидан ба имрӯзу фардои нусратбору пурсаодати халқ ифода мекунад, тавонист орзуҳои душманони миллатро, ки тибқи шаҳодати таърих ҳамеша аз рӯзҳои сахти мардум ба манфиати касифи худ истифода кардаанд, ба хок занад. Вале, бадбахтона, то ҳол низ онҳое, ки бо «муқтазои табиат ва ғароизи каждумонаи худ» хурофоту воҳимаҳоро мебофанду паҳн мекунанд, кам нестанд. Фақат такмил додани қобилияти таҳлилу тафаккур ва дастрас намудани иттилои саҳеҳ аз сарчашмаҳои муътамад метавонад бозори чунин ашхосро касод ва худашонро шармсор кунад. 

АЗ ИНТИЗОРӢ ТО ВОҚЕИЯТ
Омӯзиши матолиби баъзе расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва суханрониву «видеообрашени»-ҳои як гурӯҳи камҳайсияти ба ном «мухолифин» нишон дод, ки эшон бо шодмонӣ интизори сироят ёфтани Тоҷикстон ба ин вабо будаанд. Пештар аз сабти сироятшавӣ ба ин беморӣ дар кишвари мо, бо хабару ҳангомаҳои дурӯғ заиф нишон додани қудрати давлат дар мубориза ба он ва ба вартаи ноумедӣ тела кардани сокинон аз ҷумлаи аъмолест, ки зоҳиру ботини «мухолифон»-и моро нишон медиҳад.
Билохира 30 апрел расман нахустин ҳолатҳои сироятёбии шаҳрвандони кишвар ба COVID-19  эълон шуд. Бадбахтона, онҳое, ки мегуфтанд, номумкин аст, ки Тоҷикистон аз ин бало эмин  монад, бидуни эҳсоси шарму виҷдон имрӯзҳо мавзӯи аксро ба баррасӣ кашидаву гунаҳгор меҷӯянд. Бехабар аз он, ки:
Банӣ - Одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор. (Саъдӣ)

Вале такрор ҳам бошад, бояд гуфт, ки Тоҷикистон чун як узви ҷомеаи ҷаҳонӣ  ва  ҳамҷавор бо кишварҳои қаблан ба ин вирус сироятшуда наметавонист аз ин вабо эмин монад. Таҳдиди хатари коронавирус ба мамлакати мо воқият буд ва то ҳол боқӣ мемонад. Ин ҳақиқатест, ки инкор намешавад.

АЗ МУБОРИЗА ТО МАСЪУЛИЯТ
Густариши бесобиқаи пандемияи коронавирус ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овард, кишварҳои абарқудратро низ маҷбур кард, то эътироф намоянд, ки дар муқобили COVID-19  бидуни муборизаи дастаҷамъона ба натоиҷи нек ноил нахоҳанд шуд. Омори фавт дар кишварҳои бузургу пурқудрат, дар мисоли Чину Амрико, Россияву Италия ва дигар давлатҳои аврупоӣ гувоҳи то ҳол хатарноктарин душмани инсоният боқӣ мондани падемияи коронавирус мебошад.
Бузургтарин имтиёзи мо дар мубориза ба ин вируси хатарнок имконият надодан ба густариши он бо роҳи пурзӯр кардани корҳои тарғиботӣ  барои риояи ҳатмии талаботи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, таъмин намудани аҳолӣ бо ниқобҳои муҳофизатӣ ва, муҳимтар аз ҳама, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон дар самти мубориза бо COVID-19  аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии худ ба муносибати 75 - солагии Ғалаба бори дигар аз зарурати иттиҳоду ҳамдилӣ ва  муборизаи дастаҷамъона барои мағлуб намудани коронавирус ёдоварӣ шуда, таъкид карданд: «Вазъияти бамиёномада аз ҳар яки мо тақозо мекунад, ки ниҳоят ҳушёру эҳтиёткор ва боз ҳам босабру таҳаммул бошем, ба воҳимаву таҳлука дода нашавем ва дар лаҳзаҳои душвору вазнин дар паҳлуи якдигар бошем. Мо бояд ба худ бовар дошта бошем ва бо азми қатъӣ бар зидди ин беморӣ мубориза бурда, бо донишу таҷриба ва маҳорату малакаи хеш аз ин вазъият раҳо шавем. Дар ин мубориза ягон фарди бонангу номус набояд тамошобин ва бетараф бошад”.

Муродулло ПОЧОЗОДА, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.05.2020    №: 97    Мутолиа карданд: 119
22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР МАДДИ АВВАЛ

ИҚДОМИ ЯК ДОНИШКАДА

ХУҶАНД. ВЕБ-СЕМИНАР ОИД БА ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ COVID – 19

САНОАТ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ 15,3 ДАРСАД ЗИЁД ШУД

СУҒД.РОҲАНДОЗИИ ТАЪТИЛИ САМАРАНОК

ПАЙРАВӢ АЗ ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

РАФАЭЛ НАДАЛ БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАР ДАР ТАЪРИХИ ИСПАНИЯ

МАСТЧОҲ СИМОИ ИДОНА МЕГИРАД

18.05.2020


СУҒД. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ПУРЗӮР МЕГАРДАД

НУРОБОД ҲУСНИ НАВ МЕГИРАД

ФУТБОЛ. ЧЕМПИОНАТИ БЕЛГИЯ НИЗ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ АНҶОМ ЁФТ

ТОҶИКИСТОНУ БЕЛАРУС ДАР МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУС ҲАМКОРӢ МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.05.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ДАР ШАҲРИ БӮСТОН

ТОҶИКИСТОН. БОЗ 403 МУБТАЛОИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ДАР ИСФАРА МАКТАБИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ОРИОН» БУНЁД МЕШАВАД

КӮДАКОН. КОРОНАВИРУС ҚУДРАТИ "ЗАБТ" - И ОРГАНИЗМИ ОНҲОРО НАДОРАД

ДАРВОЗ. САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ НОҲИЯ БЕШТАР МЕГАРДАД

БОЗОРИ ТРАНСФЕРӢ. АРЗИШИ ФУТБОЛБОЗОНИ ДАСТАҲОИ ЛИГАИ ОЛӢ

ПЕШНИҲОДИ ВОХӮРИИ НАМОЯНДАҲОИ ИДМ ВА СҶТ БАРОИ МУБОДИЛАИ ТАҶРИБАИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. САҲМИ РАЁСАТИ КҲФ ДАР ПЕШГИРИИ COVID-19

14.05.2020


КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ. ТАЪСИСИ МАХЗАНИ ЭЛЕКТРОНӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед