logo

маориф

МАОРИФ СОҲАИ ОЯНДАСОЗ АСТ. БАРДОШТ АЗ НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

Дар сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маориф мавқеи хос дорад. Зеро рушду нумӯи ҷомеаи инсониро бе мактабу маориф тасаввур кардан аз имкон берун аст. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки устувор гардидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муқаддасу муҳимтарини соҳаи маориф мебошад.

Дар партави сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти мамлакат маорифчиёни ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар ин самт корҳои муайянеро ба анҷом расондаанд. Сохтмони 6 синфхонаи иловагӣ дар назди гимназияи давлатӣ, ба истифода додани 4 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 44 - и деҳоти Қаҳрамон, ҳамчунин, идомаи бунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 42 - и деҳаи Навобод, бинои нави муассисаи таълимии № 43 - и деҳаи Ҳуснободи деҳоти Меҳнатобод ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 51 - и деҳаи Туғули деҳоти Чубек аз қабили тадбирҳои андешидашуда маҳсуб мешаванд.
Ноҳия дорои 50 муассисаи таълимӣ мебошад, ки дар онҳо ба 31 ҳазору 702 хонанда 1845 омӯзгор таълиму тарбия медиҳанд. Рушди таҳсилоти томактабӣ, ки дар ташаккули кӯдак зинаи асосӣ маҳсуб мегардад, аз самтҳои асосии фаъолияти шуъбаи маорифи ноҳия ба шумор меравад. Дар ноҳия 4 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 280 кӯдак фаъолият менамояд, ки қонеъкунанда нест.
Тавре мудири шуъбаи маориф Алишер Исоев иброз дошт: “Маорифчиёни ноҳия ҷиҳати беҳтар гардондани раванди таълиму тарбия аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода мебаранд.  Хушбахтона,  норасоии  кадрӣ  ҳалли худро ёфтааст. Соли гузашта 375 нафар ба курсу семинарҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ фаро гирифта шуд ва 187 омӯзгори забонҳои рӯсӣ ва англисӣ аз курсҳои таълими салоҳиятнокӣ гузаштанд. 41 ҳазору 876 нусха китобҳои дарсӣ дастраси хонандагон гардида, инчунин, барои китобхонаҳои мактабӣ 325 нусха китобҳои бадеӣ харидорӣ гардид”.
Натиҷаи таваҷҷуҳу ғамхориҳо буд, ки аз олимпиадаҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ хонандагони ноҳия 55 медал ба даст оварданд. Дар олимпиадаи байналмилалӣ хонандаи синфи 10 – и МТМУ № 41 Шоҳрухи Аҳрор аз фанни математика соҳиби медали тилло гардид. Ҳамчунин, хонандагони ноҳия дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ аз намуди таэквандо сазовори 3 медали тилло, 4 нуқра ва 1 биринҷӣ шуданд. Чавгонбоздухтарони МТМУ № 23 дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ҷои сеюмро соҳиб гаштанд.
- Маорифчиёни ноҳия дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат талош доранд, ки соли хонишро бо дастовардҳои хуб ҷамъбаст намуда, дар таълиму тарбияи насли ояндасоз саҳми бориз гузоранд, - афзуд Алишер Исоев зимни суҳбат.

Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.05.2020    №: 97    Мутолиа карданд: 605
17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БОЗ 82 ШАҲРВАНД БО КОР ТАЪМИН ГАРДИД

ТАЪСИСИ 86 КОРХОНА ДАР ҲАФТ МОҲ

«ЛИДАР». АКНУН ТАРКИБИ МОЛЕКУЛАВИИ ҲАВО САНҶИДА МЕШАВАД

14.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 7816 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ПАЙВАНДГАРИ ДИРӮЗУ ИМРӮЗ. БАРДОШТ АЗ ҲАМОИШИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА 90-СОЛАГИИ "ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН"

US OPEN. ТИМ ВА НАОМИ ҒОЛИБОНИ ИН МУСОБИҚА

СММ КИШВАРҲОИ ПЕШРАФТАРО ДАЪВАТ НАМУД, КИ АЗ ТАҲРИМОТ АЛАЙҲИ МАМЛАКАТҲОИ РУШДКУНАНДА ДАСТ КАШАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 7 ҲАЗОРУ 714 СИРОЯТЁФТА АЗ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ЛИГАИ БОНУВОН. «ЗЕБОНИСО» БОРИ ДУЮМ ЧЕМПИОНИ ТОҶИКИСТОН ШУД

САФОРАТ ВА ДОМОДЕДОВО ХАБАРҲО ДАР БОРАИ БАНД МОНДАНИ ТОҶИКОНРО ДАР ФУРУДГОҲ РАД КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

10.09.2020


НИСФИ КӮДАКОНИ РУСИЯГӢ COVID-19-РО САБУК ГУЗАРОНДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ОҒОЗИ НАШРИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ

08.09.2020


ТОҶИКИСТОН. ШАБОНАРӮЗИ ОХИР 32 ҲОДИСАИ НАВИ БЕМОРИИ COVID – 19 ОШКОР ШУД

СҲШ, ИДМ ВА СААД БОРИ АВВАЛ АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗМ МАШҚҲОИ МУШТАРАК МЕГУЗАРОНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ТОҶИКИСТОН БАР ТИМИ ӮЗБЕКИСТОН ҒОЛИБ ОМАД

ТОҶИКИСТОН. 7 ҲАЗОРУ 581 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

04.09.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 7 ҲАЗОРУ 482 КАС РАСИД

ОЗМУНИ XVII БАЙНАЛМИЛАЛИИ «САНЪАТИ КИТОБ». «УФУҚҲОИ ИСТИҚЛОЛ» СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА ГАРДИД

ПЕСКОВ БА АЙБДОРСОЗИИ МОСКВА ДАР ҲОДИСА БО НАВАЛНИЙ ҶАВОБ ГАРДОНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед