logo

Хабарҳо

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар ҷаласаи навбатии ситоди вилоятӣ доир ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID – 19 ба сокинони вилоят барои риояи маслиҳату тавсияи роҳбарияти вилоят, табибон ва аҳли дин изҳори сипос намуда, аз сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ, соҳибкорону волонтёрон даъват кард, ки дар ин шабу рӯз дар канори табибон бошанд ва онҳоро аз ҷиҳати моддиву маънавӣ дастгирӣ намоянд.
Раиси вилоят ба роҳбарияти раёсати тандурустии вилоят супориш дод, ки ба ташхиси беморон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд ва аввал ба онҳое кумак расонанд, ки вазъи саломатиашон вазнин аст. Чунки мутобиқи таҳқиқи коршиносони соҳаи тиб, 85 дарсади сироятёфтагон дар муҳити хона шифо меёбанд. Ҳамчунин, даъват шуд, ки пайваста аз ҳоли табибони шабакаи ёрии таъҷилӣ хабар гиранд, зеро онҳо дар хатти аввали мубориза бо ин бемории сироятӣ қарор доранд.
Зикр гашт, ки дар масъалаи таъмини доруворӣ ва хӯрокворӣ камбудӣ вуҷуд надорад ва ҳамарӯза аз пойтахти мамлакат интиқоли маҳсулот ба шаҳру ноҳияҳои вилоят идома дорад. Аз ҷумла, чанде пеш ба ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят кумаки моддии Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз 45 мошини пурбор иборат буд, расид. Ба шахсони мубталои бемории вируси нав ва табибон дар ҳаҷми 500 тонна маводи хӯрокворӣ ба маблағи қариб 3 миллион сомонӣ тақсим гардид. Дар баробари ин, шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ба маблағи 2 миллион сомонӣ доруворӣ гирифта, Президенти мамлакат ба беморхонаи марказии вилоят мошини ёрии таъҷилии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ тақдим карданд. Илова ба ин, табибони беморхонаҳои вилоят бо сарулибоси тиббӣ, ниқоб, дастпӯшак, асбобҳои муҳофизатӣ, моддаҳои антисептикӣ ва воситаҳои техникии тиббӣ таъмин гаштанд. Ин кумаки саривақтии Сарвари мамлакат вазъияти таъминоти муассисаҳои табобатии вилоятро боз ҳам беҳтар намуд.
 Ба гуфтаи раиси вилоят, дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят бо мақсади кумак ба беморону табибон суратҳисоби махсус кушода шуда, дар як муддати кӯтоҳ ба он беш аз 100 ҳазор сомонӣ ворид гардид.
Раиси вилоят аз кормандони воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ даъват намуд, ки ба сокинони вилоят маълумоти дақиқ пешниҳод кунанд ва ба ин восита аз паҳншавии ҳар гуна овозаҳои бардурӯғу ғаразомез ҷилавгирӣ намоянд.

Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 152
27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР МАДДИ АВВАЛ

ИҚДОМИ ЯК ДОНИШКАДА

ХУҶАНД. ВЕБ-СЕМИНАР ОИД БА ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ COVID – 19

САНОАТ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ 15,3 ДАРСАД ЗИЁД ШУД

СУҒД.РОҲАНДОЗИИ ТАЪТИЛИ САМАРАНОК

ПАЙРАВӢ АЗ ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

РАФАЭЛ НАДАЛ БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАР ДАР ТАЪРИХИ ИСПАНИЯ

МАСТЧОҲ СИМОИ ИДОНА МЕГИРАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед