logo

иҷтимоиёт

ФУТБОЛ. СУХАНЕ ЧАНД ДОИР БА ВАЗЪИ ЧЕМПИОНАТҲОИ АВРУПО ВА ТОҶИКИСТОН

Тавре ба ҳамагон маълум аст, авҷ гирифтани пандемияи коронавирус, дар баробари дигар намудҳои варзиш, ба футбол низ бетаъсир намонд. Пас аз танаффуси беш аз думоҳа, ахиран, дастаҳои беҳтарин чемпионатҳои миллии Аврупо (Англия, Испания, Италия, Олмон ва Франсия) тамринҳояшонро шурӯъ карданд. Инчунин, санаҳои баргузории чемпионатҳо, Лигаи чемпионҳо ва Лигаи Аврупо муайян шуданд.

ПРЕМЙЕР-ЛИГА, ЛА ЛИГА, СЕРИЯ А, БУНДЕСЛИГА ВА ЛИГА 1
Ин Топ – 5 чемпионати миллии қораи Аврупо мебошад, ки дар тамоми дунё, аз ҷумла дар Тоҷикистон, ҳаводорони зиёд дорад. Ва тавре гуфтем тайи ду моҳ мешавад, ки мухлисон ташнаи тамошои зӯрозмоии дастаҳои ин чемпионатҳо мебошанд. Ахиран, баъди ду моҳ дар Аврупо коронавирус рӯ ба коҳиш ниҳод ва дастаҳои футбол яке пайи дигар тамринҳоро шурӯъ намуда истодаанд.
Чуноне сомонаҳои иттилоотӣ хабар медиҳанд, сарвазири Британияи Кабир Борис Ҷонсон иброз доштааст, ки  вазъ дар кишвар беҳтар шудааст ва мардум имкон дорад, рӯзҳои наздик ба ҳаёти муқаррарӣ баргардад. Эҳтимол аст, ки 12 июн бозиҳои Премйер-лигаи Англия дубора шурӯъ шаванд. Дастаҳо бошад, 18 май тамринҳояшонро оғоз карданд.
Вазорати варзиши Испания ба дастаҳои футболи Ла Лига иҷозат дод, ки ба майдонҳои худ баргарданд ва тамринҳояшонро оғоз намоянд. Аммо тамоми ҳайати кормандон ва футболбозон қабл аз оғози тамрин аз ташхиси пурраи табибон гузаронда мешаванд. Дар навбати аввал аз 18 май тамринҳо ба таври инфиродӣ ва  марҳилаи асосии  омодагӣ аз 1 июн оғоз мешавад. Дар пайи ин дастур, дастаҳои Ла Лига бозиҳои худро аз 5 ё 12 июн идома медиҳанд. Вале ҳукуматдорони Испания мегӯянд, ин дар ҳоле сурат мегирад, ки агар хуруҷи беморӣ дар кишвар паст шавад.
«Сассуоло» аввалин дастаи Серияи А (Италия) буд, ки ба тамринҳо баргашт. Аз 4 май тимҳо яке пайи дигар, баъди гузаштан аз ташхиси тиббӣ, ба машқҳо шурӯъ карданд. Чемпионат бошад, моҳи оянда идома хоҳад ёфт.
Мухлисонро аввалин шуда Бундеслигаи Олмон шод намуд. Мусобиқа аз 16 май оғоз гардид. Бозиҳои нуҳ даври боқимонда ҷараён дорад.
Дар ин байн танҳо дар Франсия чемпионат ба охир расид. Тими «ПСЖ»-ро пеш аз муҳлат чемпиони Лигаи 1 эълон карданд.
Лозим ба ёдоварист, ки бозиҳо, ба фарқ аз солҳои пеш, пушти «дарҳои баста», яъне бидуни мухлисон доир мегарданд.

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО ВА ЛИГАИ АВРУПО
Ин ду яке аз мусобиқоти сертамошобини ҷаҳон ба шумор рафта, то авҷи коронавирус дастаҳои иштирокчӣ бозиҳои даври 1/8-ниҳоиро доир намуда истода буданд.
Дар Лигаи чемпионҳо дастаҳои «ПСЖ», «Атлетико», «Аталанта», «РБ Лейпсиг» пас аз пирӯзӣ дар бозиҳои ҷавобии даври 1/8 ниҳоӣ ба 1/4 финал роҳ ёфтанд.  Тимҳои «Челси» - «Бавария» - (бозии аввал 0:3), «Наполи» - «Барселона» - (1:1), «Реал» - «Манчестер Сити»- (1:2) ва «Лион» - «Ювентус» - (1:0) бошанд, барои роҳхати ин даврро гирифтан, бозии ҷавобӣ  доир мекунанд.
Дастаҳое, ки дар Лигаи Аврупо рақобат мекунанд, то даври 1/8-ниҳоӣ роҳхат гирифтаанд ва танҳо дар ин давр чанд вохӯрӣ доир шудаасту халос.
Дар робита ба ин, маҷаллаи машҳури «The Mirror» (Британияи Кабир) хабар медиҳад, ки бозиҳои боқимондаи Лигаи чемпионҳо ва Лигаи Аврупо аз 2-юм то 29-уми август баргузор мешаванд.
Ба маълумоти ин маҷалла, 13 – 16 август бозиҳои даври 1/4-ниҳоӣ, 20 – 23 август даври нимниҳоӣ баргузор мегарданд. Финали Лигаи Аврупо 27 август ва финали Лигаи чемпионҳо бошад, 29 август дар назар аст.
Эҳтимол аст, ки УЕФА ҳамаи бозиҳоро дар як варзишгоҳ доир кунад.

КУМАКИ ФИФА БАРОИ ФЕДЕРАТСИЯҲОИ МИЛЛИИ ФУТБОЛ
Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) бинобар буҳроне, ки бар асари  пандемияи коронавирус футболро фаро гирифт, тасмим дорад аз нигоҳи молиявӣ ба федератсияҳои миллии футболи кишварҳо кумаки молиявӣ намояд. Ин ташкилот ба 211 узви худ, аз ҷумла ба Федератсияи футболи Тоҷикистон низ, дар ҳаҷми 500 ҳазор доллари ИМА ёрӣ хоҳад расонд.

ФУТБОЛИ ТОҶИК ДАР КАДОМ ҲОЛ АСТ?
Давоми танаффуси думоҳа дар варзиши қариб тамоми ҷаҳон Тоҷикистон аз ҷумлаи чанд кишваре буд, ки дар он мусобиқаҳои варзишӣ ҷараён дошт. Кишварҳои аврупоӣ ба футболи тоҷик таваҷҷуҳ зоҳир намуда буданд. Хабари футболи тоҷик дар сатри ВАО-и хориҷӣ қарор дошт. Ҳатто литсензияи пахши мустақими Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олиро хариданд. Ва то андозае футболбозони тоҷик тавонистанд бо навиштаҷотҳо дили мухлисон ва бозигаронро гарм намоянд. Ин то андозае имкон медод, ки футболбозони мо роҳи худро ба футболи аврупоӣ кушоянд, аммо…
Пас аз чор даври Лигаи олӣ бо қарори ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID – 19 дар Тоҷикистон ҳамаи мусобиқоти варзишӣ то 10 май ба таъхир андохта шуда буд. Баъди расман эълон гардидани сироятёбии ин беморӣ, Федератсияи футболи Тоҷикистон идомаи чемпионатро ба вақти номуайян мавқуф гузошт.
Ёдовар мешавем, ки баъди 4 даври чемпионати Тоҷикистон дастаҳои «Истиқлол» ва «Хатлон» бо касби 10 хол зинаҳои якуму дуюмро ишғол мекунанд.

МУХЛИСОНИ ТОҶИК ДАР ПАЙИ ДАСТГИРИИ ТАБИБОН
Давоми чанд рӯзи ахир дар кишвар як гурӯҳ мухлисони дастаи футболи «Истаравшан» - и шаҳри Истаравшан бо роҳбарии Неъматҷон Султонов таҳти шиори «Ташаккур табибон! Мо бо шумоем!» барои дастгирии духтурон дар назди Бемористони марказии шаҳр ҷамъ омаданд.
Онҳо бо дарк ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар чунин вазъияти душвор ба табибон ва ҳамаи он афроде, ки бар муқобили коронавирус мубориза бурда истодаанд, изҳори сипос намуданд.

Маҳмуд БАҲРОМ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.05.2020    №: 98    Мутолиа карданд: 190
28.10.2020


ЛАХШ. РУШДИ ТОЗАИ БОҒДОРӢ

САНОАТИ МАЪДАНҲОИ КӮҲӢ. СУРЪАТИ РУШД БА 12,5 ДАРСАД РАСИД

ПАНҶ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ ФАРХУНДА

СҶТ АЗ КОҲИШИ СИРОЯТИ COVID-19 ДАР ҶАҲОН БАЪДИ ХУРУҶИ БЕСОБИҚА ХАБАР ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.10.2020


СУҒД. 73 КОРХОНАВУ КОРГОҲИ НАВ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КАРД

ТАҒЙИРОТ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ЖУРНАЛИСТӢ

ПАРВОЗҲОИ МУСТАҚИМ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БАРҚАРОР МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

"СИПАР" – ҚАҲРАМОНИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛ

26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед