logo

иҷтимоиёт

ТАРС ҲАРГИЗ РОҲИ НАҶОТ НАБУД!

(Дар ҳошияи мулоқоти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустии мамлакат, шаҳри Душанбе, 20 майи соли 2020)
Беш аз панҷ моҳ мешавад, ки бемории коронавируси нав бо номи COVID-19 дар сайёраи мо “сайр” дорад. Дар кишвари мо низ ин вабои шумқадам охири моҳи апрел ворид шуд. Ҳоло кулли беморхонаҳои мамлакат дар хизмати сокинон қарор доранд ва ҳазорон табибони ҳозиқ ва ҳамшираҳои шафқат ба муқобили ин вирус шабонарӯзӣ фидокорона мубориза мебаранд.

Ҳукумати ҷумҳурӣ аз рӯзҳои аввали пайдоиши пандемия дар кишвар тадбирҳои саривақтӣ роҳандозӣ намуд. Аз ҷумла, зери назорати шахсии Роҳбари давлат ситодҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ ташкил гардида, ҷиҳати расондани ёрию дастгирӣ даҳҳо миллион сомонӣ ҷудо шуд. Дар баробари ин, суратҳисоби махсус кушода шуд, ки то имрӯз ба он 11 миллион сомонӣ ворид гардидааст. Зимни мулоқот бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустии мамлакат Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати ҳалли баъзе камбудиҳои ҷойдошта ва таҳкими мубориза бо COVID-19 ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои қатъӣ доданд. Ҳоло аз лиҳози таъминоти маводи тиббии зиддивирусӣ, дастрасии мардум ба муассисаҳои тандурустӣ ва сифати хуби хизматрасонии тиббӣ дар ҷумҳуриамон ягон мушкилӣ вуҷуд надорад. 
Таҷрибаи ҷаҳонии бастани марзҳо, манъи парвозҳои байналмилалӣ ва карантини мусофирони воридшаванда собит намуд, ки ин усулҳои корбарӣ метавонанд танҳо муддате пеши роҳи паҳншавии босуръати вирусро гиранд. Вале дар ин самт риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, яъне гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ аз дигар роҳҳои пешгирӣ кардани паҳншавии ин вирус самарабахштар будааст. Бинобар ин, бояд ҳар як шахс тавсияҳои табибонро риоя намояд ва наздикону пайвандонашро аз гирифторшавӣ ба ин беморӣ эмин дорад. Дар чунин сурат мо бар ин вабо ғолиб хоҳем омад.
Пешвои муаззами миллат зимни суханронӣ иброз намуданд: “Мо бояд ҳаргиз рӯҳафтода нашавем ва кӯшиш кунему бовар дошта бошем, ки бо талошу муборизаи муттаҳиду сарҷамъона, албатта, аз ин вазъи душвор мебароем”. Мутаассифона, барои аксари мардуми мо одат шудааст, ки ба воқеаву рӯйдодҳо на аз рӯйи маърифату донишҳои собитшуда, илмиву воқеӣ, балки аз рӯйи овозаву ҳангомаҳо муносибат намоянд ва тасмим гиранд. Баробари зуҳури вируси нав  низ  чунин  дасисаҳо  пайдо  шуданд,  ки  боиси  тарсу  навмедии мардум гардид ва ин падидаи номатлуб бори дигар ноустувор будани иродаи аксариятро ба намоиш гузошт. Дар ҳоле ки ба исботи мутахассисони соҳа, тарсу ноумедӣ бузургтарин балост, ғаму кулфат, таҳлукаву изтироб, ҳаяҷону рӯҳафтодагӣ водор менамоянд гармии табиӣ дар бадани инсон кам гашта, қувваи муҳофизавии бадан, яъне иммунитет паст гардад. Андуҳ ва ноумедӣ миҷози инсонро сард гардонда, ба зуҳури бемориҳои зиёд оварда мерасонад. Баръакс, мо бояд ба риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ: тозагии пӯст, дандон, мӯи сар, дастҳо, пойҳо, чашмон, гӯшҳо, бинӣ ва муҳит диққат диҳем, ки ин беҳтар аст ва ба тамоми вирусҳо дар ин ҳол дастболо хоҳед шуд. Тавре фармудаанд: “Пешгирӣ аз табобат беҳтар аст”.
Аз таърихи тоҷикон маълум аст, ки борҳо ба ин гуна вобоҳо дучор омада, на бо тарсу таҳлука, ҳангомаву нобоварӣ, балки фарзонафарзандони ин миллат, мисли Абуалӣ ибни Сино ва Закариёи Розӣ бо маърифату фарҳанги воло, донишу хиради тавоно ва сабру таҳаммул на танҳо ин балоҳоро аз сари мардуми хеш дур андохтанд, балки дигар қавму қабилаҳоро низ аз он наҷот доданд. Ва имрӯз кору пайкор, маслиҳату роҳи бунёднамудаи онҳо муҳимтарин дастури табибону машҳуртарин муассисаҳои тандурустии ҷаҳон аст. 
Хулоса, ба тарсу ҳарос омадан, ба даҳшат гирифтор шудан ҳеҷ гоҳ роҳи ҳалли мушкилот набуд ва нест! Синои бузург таъкид карда буд: «Ваҳм худаш ними беморӣ аст, хотирҷамъӣ ними саломатӣ ва сабр бошад, саршавии шифост». Ин андеша дар вазъияти баамаломадаи имрӯза ва солҳои минбаъда низ бояд шиори сокинони кишвари мо бошад.

Бибисайрам ЗОКИРОВА,
омӯзгори МТМУ № 49, ноҳияи
Фирдавсии шаҳри Душанбе,
Бахтовар КАРИМЗОДА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.05.2020    №: 99    Мутолиа карданд: 222
28.10.2020


ЛАХШ. РУШДИ ТОЗАИ БОҒДОРӢ

САНОАТИ МАЪДАНҲОИ КӮҲӢ. СУРЪАТИ РУШД БА 12,5 ДАРСАД РАСИД

ПАНҶ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ ФАРХУНДА

СҶТ АЗ КОҲИШИ СИРОЯТИ COVID-19 ДАР ҶАҲОН БАЪДИ ХУРУҶИ БЕСОБИҚА ХАБАР ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.10.2020


СУҒД. 73 КОРХОНАВУ КОРГОҲИ НАВ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КАРД

ТАҒЙИРОТ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ЖУРНАЛИСТӢ

ПАРВОЗҲОИ МУСТАҚИМ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БАРҚАРОР МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

"СИПАР" – ҚАҲРАМОНИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛ

26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед