logo

иҷтимоиёт

"ФЕНОМЕНИ ВЕТНАМӢ" Ё КИШВАРЕ, КИ БИДУНИ ҚУРБОНӢ БАР COVID – 19 ПИРӮЗ ШУД

Ветнам. Ба ҳолати 26 май сироят - 326, шифо - 272 ва фавт - 0 (!!!). Бовар надоред? Ман ҳам қариб ду ҳафта қабл, аснои бори аввал аз интернет аз «феномени ветнамӣ» воқиф шудан, гумон кардам, ки ин хабар дурӯғ аст. Баъдан, чун чанд бори дигар маводи гуногуни коршиносон, ҳамчунин намояндагони Созмони ҷаҳонии тандурустиро аз ин воқеаи нодир мутолиа намудам, шубҳаам, ростӣ, бартараф шуд. Вақте панҷ моҳ инҷониб кишварҳои дунёро аз "чанголи оҳанӣ" - и коронавирус ҷон ба лаб омада, бо беш аз 300 ҳазор қурбонӣ талоши ворастан аз ин вабои қаттол мекунанд, дар Осиё як давлати кӯчак дар мубориза бо ин "аждаҳо" аз қариб 96 миллион шаҳрвандаш, ҳатто, як нафарро (!) фурӯ бурдан намонд. Воқеан, бурун аз бовар аст ин! Аммо…

ИЛОҶИ ВОҚЕА ПЕШ АЗ ВУҚӮЪ
Ветнам, ки бо ҳамсояи абарқудраташ Чин марзи тӯлонӣ дорад, ба хуруҷи бемории нав бармаҳал ва фаъолона эътино намуд. Нахустин тадқиқот оид ба омӯзиши дараҷаи хатари аз он тарафи марз таҳдидкунанда ибтидои моҳи январ, ҳамагӣ баъди чанд рӯзи расидани ахбор аз ҳодисаҳои беморӣ дар Чин гузаронда шуд. Аз ин рӯ, ошкорсозии шаш сироят кофӣ буд, ки сарвазири кишвар Нгуен Суан Фук эпидемия эълон кунад. Кумитаи миллии пешгирӣ ва назорати коронавирус бо роҳбарии ноиби сарвазир таъсис ёфт, ки вазифааш зуд омода сохтани беморхонаҳо ба эпидемия буд. Ба таври оҷил таҷҳизоти муосири тиббӣ харид, беҳтарин табибон сафарбар ва миқдори катҳо зиёд карда шуданд.
Бо Чин алоқаи ҳавоӣ ва роҳи оҳан пурра қатъ гардид, ҳамчунин ба шаҳрвандони чинӣ додани раводид. Тамоми чиниҳо ва хориҷиёнеро, ки ба минтақаҳои хавфнок рафта буданд, ба қайд гирифта, ба карантини дуҳафтаина фиристоданд. Мактабҳо ва донишгоҳҳоро бастанд.
Ҳангоме ки дар мамлакат гирифторони коронавирус ҳамагӣ даҳ нафар буд, зимомдорон бидуни дудилагӣ дар посёлкаи 10 - ҳазораи қарибии шаҳри  Ханой се ҳафта карантин ҷорӣ карданд. То ҳол берун аз ҳудуди Чин касе ба чунин амал даст назада буд. Ба ҳама тавсия доданд, ки дар телефонашон замимаи вижа фаъол созанд, то ки вазъи саломатӣ ва хавфи сироят таҳти мушоҳидаву назорат бошад.
- Ҳар корхона, ҳар маҳалла ва ҳар шахс бояд садди роҳи эпидемия гардад, - таъкид мекард сарвазир.
Дар натиҷаи тадбирҳои қатъӣ ва муассир, паҳншавии вируси нав пешгирӣ карда шуд. Ҳамаи 16 нафареро, ки моҳҳои январу феврал сироят ёфта буданд, табибон ба по хезонданд. Маркази амрикоӣ оид ба назорат ва пешгирӣ Ветнамро аз рӯйхати манотиқи хатарнок бароварда, ба он ҷо гурӯҳеро барои омӯзиши таҷрибаи бобарори мубориза бо COVID – 19-ро фиристод.

МАВҶИ ДУЮМ
Бо вуҷуди муваффақият, ҳукумат маҳдудиятро набардошт. Оромӣ дар мамлакат ҳамагӣ ду ҳафта давом кард: 6 март коронавирус боз ба Ветнам роҳ ёфт, ин маротиба аз Аврупо. Як сайёҳи ветнамӣ ба Лондон сафар мекунад, аз он ҷо ба Ломбардияи Италия, ки чанде пас ба маркази аврупоии пандемия табдил ёфт. Баъд озими Париж мешавад. Эҳтимол ӯ дар ҷараёни ин саёҳат сироят ёфта бошад. Ба Лондон бо сулфа баргашта бошад ҳам, ба табиб муроҷиат намекунад ва ба зодгоҳаш меравад. Дар ин ҷо низ ба касе лаб намекушояд ва рӯзи панҷум бо коронавирус ба беморхона меафтад.
Ҳисоб карда мебароянд, ки сайёҳи қайсар  метавонист то дусад нафарро сироят созад. Ҳамаи онҳоро фавран изолятсия намуданд. Чун вазъият ниҳоят хатарнок буд, ҳукуматдорон сарҳадро пурра маҳкам, вуруди хориҷиёнро манъ ва равуои дохилиро маҳдуд карданд. 16 март карантини оммавӣ роҳандозӣ шуд. Қатъият ба дараҷае расид, ки агар нафаре ниқоб набаста, ягон касро сироят менамуд, то 12 сол ҳабс мешуд.
Чун  22 март теъдоди гирифторони коронавирус аз 100 нафар гузашт, зимомдорон фавран аз пайи тадбирҳои сахттар шуданд. Дарвозаи мамлакат ба рӯи тамоми хориҷиён баста шуд, ғайр аз дипломатҳо ва дигар хизматчиёни давлатӣ. Ҷамъомади беш аз 20 нафарро манъ карданд. Қаҳвахонаю барҳо, клубҳои шабона, тарабхона, кинотеатр, солунҳои маҳсгариро бастанд. Ҳаракати нақлиёт дар шаҳрҳо маҳдуд шуд, ноҳияҳои аз коронавирус зарардидаро пурра маҳкам намуданд. Ҳамчунин, аз Корея 200 ҳазор тест оварданд.
Аз 1 апрел бошад, одамон узлатнишин шуданд ва аз хонаҳояшон танҳо барои хариди хӯрокворӣ ё дору метавонистанд бароянд. Ҳамон ҳам як ё ду нафар. Ба мубориза бо вабо низомиён ва қисмҳои сайёри тиббиро ҷалб намуданд. Риояи низоми ниқобӣ ҳангоми ба кӯча баромадан, ҳатмӣ буд. Камчинии ниқоб эҳсос намешуд, чунки баръакси дигар кишварҳо дар Ветнам ба чандин маротиба боло бурдани нархи он роҳ надоданд. Шахсони беморшударо 20 рӯз, дар баъзе ҳолатҳо то 40 рӯз дар карантин нигоҳ медоштанд.
Боз ду далели ҷолиб. Дар раванди мубориза, кормандони  мақомоти  интизомӣ  беш аз 100 нафарро боздоштанд,  ки  дар  шабакаи  иҷтимоӣ  дар  бораи  COVID – 19 ахбори бардурӯғ паҳн мекарданд. Фурӯшандаҳои қаллоби ба ном «нӯшдоруҳо», ки шифои фаврӣ аз вирусро ваъда медоданд ва савдогарони фиребгари мавҷи якум, ки нархи занҷабилро ба осмони ҳафтум бардоштанд, ҳабс карда шуданд. Дар натиҷа, дигар хоҳишмандони аз паси панҷара интизори ҷамоли офтоб шудан намонд.
Интизомнокӣ ва муташаккилии аҳолиро метавон муҳимтарин омили «феномени ветнамӣ» ном бурд. Ветнам кишвари сарватманд нест ва ҳукуматдорон тавони таъмини нафақаи одамонро дар давраи узлатнишинӣ надоштанд. Аз ин рӯ, маҳз ҳамдастии давлат ва аҳолӣ ба Ветнам имкон доданд, ки коронавирус дар ибтидояш нобуд карда шавад. 23 апрел маҳдудияти асосӣ бардошта шуда, бисёр корхонаҳо аз нав ба фаъолият шурӯъ намуданд. Аммо риояи низоми ниқобӣ ва фосиладорӣ дар кӯчаҳо ҳамоно идома дорад.
Дар панҷу ним моҳ 318 гирифтори коронавирус. Рақами воқеан ҳайратовар. Аз ин теъдод аксарият шифо ёфтанд. Яъне, мавҷи дуюм низ дар мамлакат муваффақона паси сар шуд. Лекин беназирии таҷрибаи Ветнам дар он аст, ки COVID – 19 дар тамоми дунё бедодгариҳои гӯшношунид карда истода бошад ҳам, то ҳол дар он нагузоштаанд,  ки риштаи умри касе канда шавад. 

Хуршеди ҶОВИД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.05.2020    №: 100    Мутолиа карданд: 372
28.10.2020


ЛАХШ. РУШДИ ТОЗАИ БОҒДОРӢ

САНОАТИ МАЪДАНҲОИ КӮҲӢ. СУРЪАТИ РУШД БА 12,5 ДАРСАД РАСИД

ПАНҶ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ ФАРХУНДА

СҶТ АЗ КОҲИШИ СИРОЯТИ COVID-19 ДАР ҶАҲОН БАЪДИ ХУРУҶИ БЕСОБИҚА ХАБАР ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.10.2020


СУҒД. 73 КОРХОНАВУ КОРГОҲИ НАВ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КАРД

ТАҒЙИРОТ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ЖУРНАЛИСТӢ

ПАРВОЗҲОИ МУСТАҚИМ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БАРҚАРОР МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

"СИПАР" – ҚАҲРАМОНИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛ

26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед