logo

иҷтимоиёт

ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ. АЗ ТАБЛИҒОТИ ФИТНАҶӮЁНА ПАРҲЕЗ БОЯД КАРД

Дар ибтидои асри ХХI инсоният ба хатарҳои хеле ҷиддӣ рӯ ба рӯ шудааст, ки терроризм ва экстремизм аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Ин ду зуҳуроти номатлуб кайҳо боз хислати ҷаҳонӣ касб намуда, ҳамчун ҷинояти дорои хусусияти байналмилалӣ эътироф гардидааст. Имрӯз дар як қатор давлатҳои ҷаҳон хатари он идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидааст.

Тибқи гузоришҳои мавҷуда зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалиёти харобкоронаи террористӣ қарор гирифта, бар асари он ҳазорҳо нафар аҳолии осоишта қурбон шудаанд ва миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд. Ба андешаи коршиносон, яке аз роҳҳои асосии ҷалби шаҳрвандон ба гурӯҳҳои тундрав ин истифода аз технологияи муосир, махсусан шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Шабакаҳои иҷтимоӣ ба мафкураи ҷавонон таъсири манфӣ расонда, барои шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротӣ шароити мусоид фароҳам меоранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид карданд, ки: “Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияи муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд”.
Таъкиди Пешвои миллат моро уҳдадор менамояд, ки дар истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ эҳтиёткорона амал намуда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Баъзе ҷавонон ба чунин созмону ташкилотҳо аз рӯи нодонӣ ҳамроҳ мегарданд. Ҳатто баъзеи онҳо намедонанд, ки оянда онҳоро чӣ интизор аст ва замоне пушаймон мешаванд, ки аллакай ба дом афтодаанд. Бо вуҷуди ин қонунгузории кишвари мо барои афроди фирефташуда ва аз кирдори худ пушаймонгашта имкони баргаштан ба зиндагии муқаррариро додааст. Чунончи, дар эзоҳи моддаи 179 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Шахсе, ки дар омода сохтани кирдори террористӣ иштирок дорад, агар мақомоти давлатиро сари вақт огоҳ созад ё бо роҳи дигар содир гаштани кирдори террористиро пешгирӣ кунад ва агар дар ҳаракатҳои ин шахс дигар таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад”.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии чунин амалҳои номатлуб аз ҷониби Ҳукумати кишвар чораҳои судманд андешида шудааст. Бахусус, барои пешгирии терроризм як қатор санадҳои байналмилалӣ қабул шуда, амал менамоянд.
Дар  шароити кунунӣ ҳар як шаҳр-ванди ватандӯсту миллатдӯст, хусусан ҷавонон, ки неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд муваззафанд, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки бо терроризм шабоҳат доранд ва тундгароиро таблиғ мекунанд, парҳез намоянд. Зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафари дигар мегарданд.
  
Муҳаммад ҲУКУМАТЗОДА,
муовини раиси суди ноҳияи Ёвон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.05.2020    №: 100    Мутолиа карданд: 336
28.10.2020


ЛАХШ. РУШДИ ТОЗАИ БОҒДОРӢ

САНОАТИ МАЪДАНҲОИ КӮҲӢ. СУРЪАТИ РУШД БА 12,5 ДАРСАД РАСИД

ПАНҶ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ ФАРХУНДА

СҶТ АЗ КОҲИШИ СИРОЯТИ COVID-19 ДАР ҶАҲОН БАЪДИ ХУРУҶИ БЕСОБИҚА ХАБАР ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.10.2020


СУҒД. 73 КОРХОНАВУ КОРГОҲИ НАВ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КАРД

ТАҒЙИРОТ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ЖУРНАЛИСТӢ

ПАРВОЗҲОИ МУСТАҚИМ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БАРҚАРОР МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

"СИПАР" – ҚАҲРАМОНИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛ

26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед