logo

Хабарҳо

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

Иқдоми наҷибонаи навбатии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ёрӣ расондан ба табибону беморони гирифтори вируси COVID-19 аз тарафи мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамовозии гарму самимӣ пайдо кард. Тавре Ёдгор Файзов, раиси вилоят, иттилоъ дод, ҳамарӯза сокинони зиёде барои расондани мадад ба табибону беморон ва пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муроҷиат менамоянд.
- Дар Сарраёсати молияи вилоят бо мақсади ҷамъоварии маблағҳои хайриявӣ суратҳисоби махсус кушода шудааст. Нахустин шуда, Ёдгор Файзов ва муовини аввали ӯ Алишер Мирзонаботов маоши якмоҳаашонро ба ин фонд гузаронданд. Соҳибкорони ватанпарвари маҳаллӣ Шайдо Шофақиров, Ямин Имомқулов ва Бахтулниёз Шукруллоев, инчунин, сокинони меҳанпарасти деҳаи Питоби деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон, кормандони раёсати минтақавии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ ва ноҳияи Дарвоз, шуъбаи сохтмони асосии вилоят, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, Муассисаи таълимии давлатии Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат, Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон дар ВМКБ, соҳибкорони гурӯҳи «Алмаз», корхонаи коркарди тиллои «Шимшо» ва ташкилоти хурди қарзии «Рушди кӯҳистон» бо нишони пайравӣ аз ташаббуси неки башардӯстонаю инсонпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба суратҳисоби мазкур ҳар яке аз 1 то 50 ҳазор сомонӣ интиқол доданд, - хабар дод сардори сарраёсат Вафобекзод Хурсанд Дилдор.
Тавре мавсуф гуфт, дар баробари сокинони вилоят, ҳамчунин, зодагони Бадахшон, ки дар минтақаҳои дигари кишвари соҳибистиқлоламон истиқомат доранд, дар ин амали хайр саҳм мегиранд. Чунончи, роҳбари ҶДММ “Гурӯҳи машваратии “Амал” Умед Қаландаров аз шаҳри Душанбе ба суратҳисоби мазкур 10 ҳазор сомонӣ ирсол намудааст.
Ба иттилои манбаъ, аз 6 то 12 майи соли ҷорӣ ба ин суратҳисоб, дар маҷмӯъ, беш аз 200 ҳазор сомонӣ ворид гардида, корҳои хайриявӣ идома доранд. Ҳамзамон, дар корхонаи дӯзандагии «Меҳри модар» - и ноҳияи Дарвоз 800 ҷуфт либоси муҳофизати фардӣ омода гардида, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ройгон ба табибону сокинон тақдим шуд. Иқбол Нурмамадов, роҳбари нуқтаи сӯзишвории «Шарқ»-и шаҳри Хоруғ, ба хотири ёрӣ расондан 150 литр сӯзишворӣ барои стансияи «Ёрии таъҷилӣ» ҷудо намудааст.
- Дар баробари ин, бо ибтикори Ёдгор Файзов дар бонкҳои вилоят кортҳои махсус кушода шудааст ва шахсоне, ки мехоҳанд дар пешгирӣ ва мубориза бо паҳншавии COVID-19 саҳмгузорӣ намоянд, метавонанд бо асъори миллӣ ё хориҷӣ ба кортҳои мазкур маблағ ирсол намоянд. Истифодаи маблағҳои ҷамъшуда таҳти назорати қатъии раиси вилоят қарор дошта, маълумоти маблағҳои аз ин ҳисоб сарфшуда дар васоити ахбори оммаи расмӣ ба нашр расонда мешавад, - афзуд Хурсанд Вафобекзод.

Раҳмони ГУЛЗОР,  “Ҷумҳурият”   


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 506
25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед