logo

иҷтимоиёт

ДУШАНБЕ ХОНАИ УМУМИИ МОСТ

Солҳои охир бо ташаббуси раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Тоҷикистон навъҳои гуногуну нодири дарахтони бисёрсолаи ороишию сояафкан ворид карда шуда, дар шоҳроҳҳо, кӯчаву хиёбонҳо ва марказҳои фарҳангию фароғатии пойтахт шинонда мешаванд.

Баъди вохӯрии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони шаҳри Душанбе корҳои ободониву хуррамгардонӣ дар пойтахт вусъати тоза пайдо карданд. Рафти корҳои ободонию созандагӣ, маъракаи дарахтшинонӣ бо истифода аз қоидаҳои дурусти  агротехникӣ  ва  боду  ҳавои мусоид, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф ва мавзеъҳои сайру гашти сокинон ҳамеша зери назорати раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ қарор доранд.
Мувофиқи иттилои шуъбаи ободонӣ ва кабудизоркунии дастгоҳи раиси шаҳр, дар доираи корҳои ободонӣ аз 1 ноябри соли гузашта то имрӯз  дар ҳудуди пойтахт  46 ҳазору 515 бех ниҳоли дарахту буттаҳои сояафкану ороишӣ шинонда шудааст. Аз ин миқдор дарахтони сояафкан 8 ҳазор, ороишӣ қариб 30 ҳазор, мевадиҳанда 5315 ва буттаҳо 2525 бехро ташкил медиҳанд. Шинондани гулҳои мавсимию бисёрсола вусъати тоза гирифта, дар ин давра беш аз 2 миллиону 166 ҳазор дона гул шинонда шудааст. Ҳамчунин, дар гӯшаю канори шаҳр 1 миллиону 139 ҳазор пиёзаки гули лола коштаанд, ки  ҳусни пойтахтро боз ҳам зеботар намудаанд.
Баробари шинондани дарахту буттаҳо дар шаҳр ба сабзкорию васеъ намудани майдони майсазорҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. То ин дам дар 37 ҳазор метри мураббаъ майсазор бунёд шудааст.
Ҳамчунин, дар асоси қарори раиси шаҳр раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарону масъулони сохторҳои дахлдор, корхона, ташкилоту муассиса ва дигар субъектҳои хоҷагидории ҳудуди  пойтахт муваззаф гардидаанд, ки барои ба корҳои дарахтшинонию сабзкорӣ ҷалб намудани кормандони идораю муассисаҳо ва сокинони шаҳр мусоидат намуда, дар мавсими ниҳолшинонӣ саҳм гузоранд.
Кормандони ташкилоту муассиса ва корхонаю хоҷагиҳои шаҳр бо азму иродаи қавӣ ва рӯҳу илҳоми тоза ҳар ҳафта ба шанбегӣ баромада, гирду атрофи коргоҳи худро тоза карда, бо шинондани ниҳолҳои мевадиҳандаву ороишӣ дар афзун намудани ҳусни шаҳр ҳисса гузошта истодаанд.
Устодон ва кормандони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 32, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе зиёда аз 200 бех ниҳоли ороишии сӯзанбарг, 300 бех хӯшагули рангоранг ва 5000 бех садбарги сафед шинонданд.

Амоншо ПАЛАВОНОВ, омӯзгори МТМУ №32,
ноҳияи Синои шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.06.2020    №: 103    Мутолиа карданд: 205
28.10.2020


ЛАХШ. РУШДИ ТОЗАИ БОҒДОРӢ

САНОАТИ МАЪДАНҲОИ КӮҲӢ. СУРЪАТИ РУШД БА 12,5 ДАРСАД РАСИД

ПАНҶ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ ФАРХУНДА

СҶТ АЗ КОҲИШИ СИРОЯТИ COVID-19 ДАР ҶАҲОН БАЪДИ ХУРУҶИ БЕСОБИҚА ХАБАР ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.10.2020


СУҒД. 73 КОРХОНАВУ КОРГОҲИ НАВ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КАРД

ТАҒЙИРОТ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ЖУРНАЛИСТӢ

ПАРВОЗҲОИ МУСТАҚИМ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БАРҚАРОР МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

"СИПАР" – ҚАҲРАМОНИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛ

26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед