logo

Хабарҳо

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

Дар вилояти Хатлон истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ва маводҳои антисептикӣ бо мақсади қонеъ кардани талаботи аҳолӣ, ба таври густурда ба роҳ монда шудааст.
Бо иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ дар ноҳияи Кӯшониён як коргоҳи истеҳсоли маводи антисептикӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ба иттилои раиси ноҳия Икромиддин Вализода, ин коргоҳ дар як шабонарӯз 10 ҳазор дона маҳсулоти антисептикӣ истеҳсол карда, талаботи ноҳияро пурра ва вилоятро қисман бо ин воситаи безараргардонии дастҳо бо нархи дастрас таъмин карда метавонад. Қобили зикр аст, ки ҳамзамон дар корхона 8 зан бо ҷои кор таъмин шуд.
Корхонаи дӯзандагии “Ахтари Вахш”-и ноҳияи Вахш ба истеҳсоли ниқоби муҳофизатии тиббӣ шурӯъ кард. Ниқобҳо аз матои хушсифат истеҳсол шуда, барои чанд дафъаи истифода пешбинӣ шудаанд. 15 бонуи дӯзандаи коргоҳ дар як рӯз 2 ҳазор дона ниқоб омода мекунад.
Бо ибтикори Отахон Сайидзода, роҳбари Театри вилоятии мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар, ҳунармандон ва дигар кормандон бо истифода аз шароити мавҷуда ниқоби тиббӣ дӯхта истодаанд. Зиёда аз ин, онҳо ин воситаҳои муҳофизати даҳону биниро ҳамроҳ бо маводи антисептикӣ ва варақаҳои иттилоотии фарогири тавсияҳо оид ба гигиенаи шахсӣ асосан дар деҳотҷойҳо ройгон тақсим мекунанд.
Садорати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав низ дар заминаи парки технологии дорои 11 мошинаи дарздӯзӣ омодасозии ниқобҳои тиббиро ба роҳ монд. Ин ниқобҳо, ки намунаашон аз Сарраёсати Хадамоти  давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон дастрас шудааст, барои ҳайати 11-ҳазораи донишҷӯёну устодони ин боргоҳи маърифат пешбинӣ шудааст.
Мавриди зикр аст, ки ширкати “Фарм – Текст”-и ноҳияи Данғара, ки се моҳ қабл дар баробари дигар маҳсулот барои истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ махсус гардонда шуд, то кунун зиёда аз 1 миллиону 500 ҳазор ниқоби тиббии дорои сифати ҷавобгӯ ба меъёрҳоро истеҳсол кард. Дар ин хусус ба мо Файзиддин Сайфуллоев, роҳбари корхона, хабар дод.
Ин тадбирҳои соҳибкорону масъулон, ки то замони нест шудани вируси нав идома хоҳанд кард, бешак, барои солимии аҳли ҷомеа аҳамияти аввалиндараҷа доранд.

Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 266
08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед