logo

иҷтимоиёт

ВОҲИМАРО ДУР СОЗЕМ!

Назарам ба саҳфаи аввали рӯзномаи «Ҷумҳурият» (21 майи 2020) расид. Бо ҳуруфи хонову зебо хондам «Набояд рӯҳафтода шавем!». Ин сухани таскинбахши Сарвари давлат дилхоҳ касро рӯҳбаланд месозад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ зикр намуданд: «Бовар дорам, ки мо бо амалӣ намудани тадбирҳои муассир пеши роҳи паҳншавии минбаъдаи ин бемории сироятиро мегирем ва барои ҳамватанон фазои мусоиди орому осударо муҳайё намуда, бо корҳои бунёдкорӣ машғул мешавем ва Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу сарсабз мегардонем».
Аз бози паи шуми офати коронавирус (COVID-19) заминӣ шуданаш дар кишвар моҳи дуюм мегузарад. Ағлаби мардум кунҷи хонаи худ ва волидонро иҷора гирифтанд. Дар чеҳраи онҳо ғам хона кард. Шунидани садои хандаи нишотангезро қариб, ки фаромӯш сохтем. Бо шунидани хабари бистарӣ гаштани пайванде, марги ошное дилҳазин мегардем. Назар афкандан ба саҳфаҳои иҷтимоӣ ва интернет даҳшатангез шудааст. Ягон тартибу низом, қонуну қоидае мавҷуд нест, ки аз ин сомонаи даҳшатфизо касро эмин бидорад.
Барои нафарони муғриз пайдоиши сирояти нави коронавирус дастак шуд. Дар ин бора иддае аз тоҷикони «раҳмдил» - и хориҷии мо низ табли нишот мезананд. Дар ҳудуди кишвар ҳам касоне ба назар мерасанд, ки ин офатро дар сомонаҳо истиқболи гарм ва бар манфиати худ роҳандозӣ менамоянд: «кумакҳо чӣ хел тақсим мешаванд?», «ана ин қадар одам аз коронавирус фавтида», «Тоҷикистон дар миқёси Осиёи Марказӣ аз ҳама зиёд…» ва ғайра меангоранд онҳо. Аҷаб нест, ки бо ин рафторашон шояд дар назди хоҷагони хеш рӯ ширин мекунанд?
Яке аз омилҳои фавти одамон аз дасти тарс, рӯҳафтодагист. Хушоянд аст, ки дар дилбардории сокинони кишвар, рӯҳбаландии одамон шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон», «Шаҳнавоз», «Душанбе», «Ҷаҳоннамо» ва «Сафина» барномаҳои мувофиқу созгор роҳандозӣ менамоянд. Ҳунарнамоии устод Убайдулло Раҷабов, Аловиддин Абдуллоев ва дигар ширинкорон хотири мағшуши мардумро болида медорад.
Хушбахтона, сокинони деҳ дар саҳро аз пайи некуаҳволии аҳли хонавода аз субҳ то шом заҳмат мекашанд, ҳосил меғундоранд, содирот менамоянд, захира мекунанд. Зеро онҳо аз пайи ризқу рӯзии хонаводаи хешанд.
Касе нагуфта, ки аз эҳтиёт сари кор нагиред. Аммо аз ҳадди эътидол зиёд аз боби ин офат гуфтанҳо ҳам, ба қавли кӯҳистониҳо мардумро «рупакӣ» кардааст. Тарс афзун мегардад, қалби қисмате бардошти воҳимаро надорад. Аз ин рӯ, аз андоза зиёд гирифтанҳо бар манфиати кор нест…
Мардуми мо тозакоранд, ба покиву тозагӣ рӯз мебаранд. Дар ҳар хона аз бобати шустани даст қабл аз ғизохӯрӣ ва пас аз он кӯдаконро аз хурдсолӣ меомӯзанд. Дар бораи қазо… намеафзоем. Аз зикри вузӯи мусалмонон низ чизе намегӯем.
Ба воҳима набояд роҳ дод. Ашхоси гирифтори тарсу изтироб, қабл аз ҳама доруҳои зиддивирусӣ харида, онро бе тавсияи духтурон истеъмол мекунанд. Ин даҳшат аст. Зеро истеъмоли бе назорати доруҳо метавонад, ба саломатии инсон зарар орад.
Биноан, биёед тарсу ваҳмро аз худ дур сохта, ба тавсияи духтурон аҳамият диҳем. Таҳлилҳои ду ҳафтаи охир нишон медиҳанд, ки вазъият рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Рӯҳафтода набояд буд. Мардуми тоҷик давраҳои аз ин ҳам вазнинро пушти сар кардаанд. Мутмаинем, ки дар якҷоягӣ аз ин балои охирзамон ҳам раҳо меёбем.
Зимни суханронии хеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ дар шаҳри Душанбе 20 майи 2020 ба мавқеъ зикр намуданд, ки воҳима худаш ними беморист, хотирҷамъӣ ними саломатӣ ва сабр бошад, саршавии шифо аст.
Пас, биёед ба воҳима дода нашавем. Ҳар шахс, аз хурд то бузург, қоидаҳои беҳдоштиро дар ҳама ҷо риоя намояд ва худро аз гирифторӣ ба ин беморӣ эмин бидорад. Он гаҳ ба гуфте, олам гулистон мешавад.

Умар АЛӢ, публитсист
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.06.2020    №: 104    Мутолиа карданд: 281
28.10.2020


ЛАХШ. РУШДИ ТОЗАИ БОҒДОРӢ

САНОАТИ МАЪДАНҲОИ КӮҲӢ. СУРЪАТИ РУШД БА 12,5 ДАРСАД РАСИД

ПАНҶ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ ФАРХУНДА

СҶТ АЗ КОҲИШИ СИРОЯТИ COVID-19 ДАР ҶАҲОН БАЪДИ ХУРУҶИ БЕСОБИҚА ХАБАР ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.10.2020


СУҒД. 73 КОРХОНАВУ КОРГОҲИ НАВ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КАРД

ТАҒЙИРОТ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ЖУРНАЛИСТӢ

ПАРВОЗҲОИ МУСТАҚИМ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БАРҚАРОР МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

"СИПАР" – ҚАҲРАМОНИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛ

26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед