logo

иҷтимоиёт

ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА: “МО БОЯД БА ОЯНДА УМЕДИ ҚАВӢ ДОШТА БОШЕМ!”

Дар толори Театри вилоятии мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҷаласаи навбатии ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр кардани чораҳои зиддиэпидемикӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус баргузор гардид.

Дар ин бора ба «Ҷумҳурият» Носирҷон Маъмурзода, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, хабар дод.
Ба гуфти манбаъ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо мақсади таъмини иҷрои қарорҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID - 19 тадбирҳои зиддиэпидемикиро ҷиҳати пешгирии интиқол ва паҳншавии сирояти нави коронавирус вусъат дода, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят мунтазам корҳои безараргардонии бинои ташкилоту муассисаҳо ва кӯчаю хиёбонҳо амалӣ мешаванд.
Тибқи таҳлилҳои кормандони соҳаи тандурустӣ, дар вилоят шиддати сирояти коронавирус нисбат ба дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ паст гардида, бистарикунонӣ дар беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳо кам ба қайд гирифта шудааст. То ин вақт наздик ба 4000 кас аз бемории илтиҳоби шуш ва бемориҳои сироятӣ табобат гирифта, 180 сироятёфта таҳти муоина ва назорати табибони дармонгоҳҳои вилоят қарор дорад.
- Ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID - 19 дар вилоят кушода шудааст, то ин муддат 1,1 миллион сомонӣ ворид гашт, дар маҷмӯъ беш аз 11 миллион сомонӣ барои татбиқи тадбирҳои зиддиэпидемикӣ дар шаҳру навоҳии вилоят ҷудо гардидааст, - гуфт Қурбон Ҳакимзода.
Муовини раиси ситоди вилоятӣ, муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ гуфт, ки шурӯъ аз моҳи феврал то имрӯз дар сатҳи вилоят корҳои тарғиботӣ ва безараргардонӣ дар тамоми муассисаю ташкилот, хӯроки умумӣ, бозору дуконҳо, корхонаю идораҳо, боғҳо, гулгашту хиёбон ва кӯчаю маҳаллаҳо, хонаҳои истиқоматӣ гузаронда шуда, дар воридгоҳи тамоми иншоот саддҳои безараргардонӣ гузошта шудаанд. Аз ҷониби мутахассисони маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ 34 ҳазор манзили зист бо истифода аз маҳлулҳои махсуси безараргардонӣ поксозӣ шудаанд. Баҳри хизматрасонии босифат ва баландихтисоси тиббию санитарӣ ба беморон, хусусан ба беморони мубталои бемориҳои сироятӣ, тибқи дастури ситоди вилоятӣ мунтазам рейдҳои муштарак гузаронда шуда, ҳолати омодабошии муассисаҳои тандурустӣ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода мешавад.
- Инчунин, ҳолати бениқоб гаштугузор кардани шаҳрвандон ва дар маросимҳои азо иштирок намудани наздикони майит дар ноҳияҳо санҷида шуд. Санҷиш ошкор сохт, ки дар аксари шаҳру ноҳияҳо гурӯҳи занон ба хонаи фавтидагон рафта, бе риояи фосилаи иҷтимоӣ ва истифодаи ниқоб иштирок мекунанд, ки сабаби афзоиши бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла паҳншавии коронавирус, шуда метавонад. Чунин камбудиҳо дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кӯшониён ва Вахш ба қайд гирифта шуд, - гуфт Фирӯза Шарифӣ.
Чораҳои қатъии профилактикӣ ва зиддиэпидемикӣ (безараргардонӣ) дар инфрасохторҳо мунтазам ба роҳ монда шуда, ташкил ва гузарондани ҳамагуна чорабиниҳои оммавӣ, аз ҷумла машварату ҳамоишҳо, чорабиниҳои варзишӣ, намоишҳои кино ва театр муваққатан манъ шудааст.
Раиси вилоят ба масъулони ситод ва раисони шаҳру навоҳӣ ҷиҳати боз ҳам пурзӯр кардани тадбирҳои зиддиэпидемикӣ, таъмини шароити арзандаи корӣ барои табибони бемористонҳо, дастгирии иҷтимоии кормандони соҳаи тандурустӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ, таълиму тарбияи фарзандон ва баланд бардоштани маърифати тиббии кӯдакону наврасон ва ҷавонон, пешбурди корҳои оммафаҳмонӣ оид ба риояи гигиенаи  шахсӣ  ва дигар қоидаҳои беҳдоштӣ дастуру супоришҳо дод.
Зикр шуд, ки мардуми шарифи вилоят дар ҷавоб ба муроҷиати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ин лаҳзаҳои барои халқамон душвор тамоми тадбирҳоро андешида истодаанд, имрӯзҳо барои таъмини рӯзгори худ ва тоҷикистониён саъй мекунанд, ки ҳарчи бештар маводи ғизоӣ истеҳсол намоянд.
Тавре ки Пешвои маҳбуби миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дилпурона изҳор доштанд: "Мо ҳама якҷо мушкилоти имрӯзаро низ бо сабру тамкин, иродаи мустаҳкам ва сарҷамъу аҳлона сипарӣ мекунем. Зиндагӣ мубориза аст ва дар ин мубориза касе дастболо мешавад, ки ақлу заковати худро ба кор мебарад, алалхусус дар давраҳои ҳассосу вазнин саъю талоши бештар ба харҷ медиҳад, заҳмат кашида аҳли оилаи хеш ва мардумро бо маводи ғизоӣ таъмин  мекунад, сарфаю сариштакорӣ, сабру таҳаммул ва оромиву тамкинро бештар риоя менамояд».
Мо бояд ба ояндаи неки худ, фарзандон ва  Тоҷикистони  маҳбубамон умеди қавӣ дошта, дар амри ватандорӣ ташаббускор ва масъулиятшинос бошем.

Кароматулло АТО,
аз саҳифаи фейсбукии «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.06.2020    №: 104    Мутолиа карданд: 219
28.10.2020


ЛАХШ. РУШДИ ТОЗАИ БОҒДОРӢ

САНОАТИ МАЪДАНҲОИ КӮҲӢ. СУРЪАТИ РУШД БА 12,5 ДАРСАД РАСИД

ПАНҶ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ ФАРХУНДА

СҶТ АЗ КОҲИШИ СИРОЯТИ COVID-19 ДАР ҶАҲОН БАЪДИ ХУРУҶИ БЕСОБИҚА ХАБАР ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.10.2020


СУҒД. 73 КОРХОНАВУ КОРГОҲИ НАВ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КАРД

ТАҒЙИРОТ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ЖУРНАЛИСТӢ

ПАРВОЗҲОИ МУСТАҚИМ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БАРҚАРОР МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

"СИПАР" – ҚАҲРАМОНИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛ

26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед