logo

иҷтимоиёт

ВАРЗОБ. ТАҲЛУКА МАРДУМРО БАТАДРИҶ ТАРК МЕКУНАД

Бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии пайдоиш ва интиқоли сирояти COVID-19 дар ноҳия ситод таъсис ёфт. Аз ҷониби мутахассисони соҳаи тандурустӣ 42 441 шаҳрванд дар шароити хона аз муоинаи тиббӣ гузашт. Натиҷаи ташхис муайян кард, ки 2 нафар ба коронавирус, 193 кас ба илтиҳоби шуш ва 397 нафар ба маризии роҳи нафас гирифтор шудаанд. Дар ин муддат 375 бемор дар шароити хона шифо ёфт, 186 нафар баъди табобат аз беморхона рухсат шуд.

Муҳаммадулло Шерализода, раиси ноҳия, гуфт, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ якҷо бо ситод дар доираи супоришҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ бо мақсади пешгирии паҳншавӣ ва интиқоли бемории сироятӣ сари вақт чораҳои зарурӣ андешиданд. Ҳамин аст, ки шумораи гирифторон ба COVID-19 кам шуда, шумораи табобатшудагон зиёдтар гардидааст. Аз ҷумла, ҷиҳати таъмини беморхонаи марказӣ ва муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ бо маводи аввалиндараҷаи тиббӣ 133 924 сомонӣ ҷудо гардид.
- Тибқи маълумот дар беморхонаи марказии ноҳия барои омодагӣ ва қабули шаҳрвандон 100 кат, 3000 дастпӯшаки яккарата, 4000 ниқоби тиббӣ, хлор, маҳлули безараргардонии спиртӣ, айнак ва ғайра захира шуданд. Дар марҳилаи паҳншавии бемории сироятӣ бо иқдоми мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  ба маблағи 12 ҳазор сомонӣ маводи доруворӣ ва антисептикӣ ба беморхонаи марказӣ дастрас гардида, ба 90 корманди беморхонаи марказӣ ва муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ёрии моддӣ дар шакли маводи хӯрока расонда шуд. Ҳамчунин, ба хотири тақвият бахшидан ба раванди мубориза алайҳи ин беморӣ шаҳрвандон низ саҳм гузоштанд. Масалан, вакили халқи ноҳия Хушбахт Ҳасанов ба беморхонаи марказӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ 1500 дастпӯшак, 600 ниқоб ва 50 либоси махсуси тиббӣ дастрас намуда, ба 31 корманди соҳаи тандурустӣ 500 сомонигӣ кумакпулӣ расонд.
Айни ҳол дар беморхонаи марказӣ 13 нафар бо ташхиси илтиҳоби шуш бистарӣ шуда, барои муолиҷаашон шароити зарурӣ муҳайёст. Дар беморхонаҳои ноҳия 492 шаҳрванд, ки аз хориҷи кишвар омадааст, тибқи тартиб ба карантин фаро гирифта шудааст.
Имрӯзҳо бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо мақсади фароҳам овардани шароит дар муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия, маводи зарурӣ барои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус, 2000 ниқоби тиббӣ, 6 айнаки тиббӣ, 5 ҳароратсанҷи масофавӣ, 10 либоси тиббии муҳофизатӣ, 20 либоси изолятсионӣ, 4500 сӯзандору, 20 либоси муҳофизатии бисёркарата, 30 литр спирт, маҳлули безараргардонии иншоот, 125 литр собуни моеъ ва  маҳлули антисептикӣ дастрас гардиданд.
- Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба пардохти иловапулӣ ба кормандони соҳаи тандурустӣ, ба беморхонаи марказӣ ва муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии  ноҳия 129 378 сомонӣ ҷудо гардид, - афзуд М. Шерализода.

Мафтуна НУРИДДИН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.06.2020    №: 104    Мутолиа карданд: 165
28.10.2020


ЛАХШ. РУШДИ ТОЗАИ БОҒДОРӢ

САНОАТИ МАЪДАНҲОИ КӮҲӢ. СУРЪАТИ РУШД БА 12,5 ДАРСАД РАСИД

ПАНҶ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ ФАРХУНДА

СҶТ АЗ КОҲИШИ СИРОЯТИ COVID-19 ДАР ҶАҲОН БАЪДИ ХУРУҶИ БЕСОБИҚА ХАБАР ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.10.2020


СУҒД. 73 КОРХОНАВУ КОРГОҲИ НАВ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КАРД

ТАҒЙИРОТ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ЖУРНАЛИСТӢ

ПАРВОЗҲОИ МУСТАҚИМ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БАРҚАРОР МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

"СИПАР" – ҚАҲРАМОНИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛ

26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед