logo

иҷтимоиёт

ГИГИЕНАИ ИТТИЛООТӢ ОМИЛИ РАСТАГОРӢ АЗ COVID-19 Ё ВОҚЕИЯТИ ПИРӮЗИИ ЖУРНАЛИСТИ ТОҶИК БАР КОРОНАВИРУС

Ҳар гоҳе ба утоқи корияш, ки гулбоғи кучаки муаттареро мемонад, медаромадам, аксаран сари як финҷон капуччино аз ягон бозёфти эҷодии ҳамкорон ё мавзӯи ҷолибе суҳбат мекардем. Аммо ин дафъа суҳбатамон айнияти пешина надошт. Рӯ ба рӯ нишаста бошем ҳам, бори нахуст бо ниқоб будем. Гузашта аз ин, байни худ қариб ду метр фосила гирифтем. Ба пиндор миёни мо COVID – 19 ҳузур дошт. Ба чеҳраи зебою кушоди мусоҳибам дида духта, ба гуфтору рафтораш диққат дода, ростӣ, тағйиротеро ҳис накардам. Рӯ ба рӯ ҳамон Моҳира Сангмамадоваи пешинаро медидам. Ҳол он ки чанд ҳафта пеш аз ҷумлаи нахустин рӯзноманигорони тоҷик гирифтори коронавирус шуда буд. Муовини сардабирамон қариб як моҳ дар узлат, яъне дар манзили худ бо он даст ба гиребон гашту оқибат  бар хасми ҷонаш ғолиб омад. Тафсили муборизааш бори дигар итминонам бахшид, ки ин вируси то ба ҳадди вабо ҳангомашуда дар сурати муносибату табобати дурусту саривақтӣ ҳамон зукоми каме мураккабшуда аст.

«ТАШХИСАТОН МУСБАТ БАРОМАД…»
 - Аз ҷумлаи ҳамкорон банда низ хеле шодам, ки офият ёфтед. Агар аз ҳодиса огоҳ намебудам, ба чеҳраатон нигариста, ба гумонам ҳам намеомад, ки беморӣ паси сар кардаед. Сироят шуданатонро кай ва чӣ тавр пай бурдед?
- Сироятёбии ман ба ҳамон шабу рӯзи ошкоршавии коронавирус дар кишвар рост омад. Бо пайдо шудани нахустин аломатҳои беморӣ зуд тасмим гирифтам, ки аз ташхис гузарам. 
Рӯзи дигар аз ташхисгоҳ занг зада гуфтанд, ки ҷавоби тест мусбат баромадааст ва маро ҳатман бояд дар беморхона хобонанд. Вале ҳароратам баланд набуд, аз духтурон хоҳиш кардам иҷозат диҳанд, то  дар хона табобат гирам. Чун дар бораи ин беморӣ ва табобати он маълумоти зиёд доштам, духтуронро бовар кунондам, ки зери назорати онҳо дар хона табобат гирифта, аз ҷараёни он мунтазам хабар медиҳам. Рафту аҳволам каме вазнин шавад, ҳатман табибонро воқиф месозам.
Алъон  бо Шумо дар бораи ташхису шунидани ҷавобаш оромона суҳбат мекунам, аммо он лаҳза сироят шуданамро шунида, шок шудам. Аммо баъди чанде тавонистам худро ба даст гирам. Шояд меҳр, масъулияти модарӣ такону тавонам дод.

- Тарсу ваҳм шадид буд?
- Бале. Вақте нишонаҳои сироятро дар худ пай бурдам, гумон доштам, ки бадтарин ҷавоби ташхисро ҳам таҳаммул карда метавонам. Аммо воқеият чизи дигар будаст. Он ба ақлу ҳушам чун ҳукм расид. Ба назарам осмон ба замин фурӯ рафту замин маро фурӯ бурд…
 Имрӯз сабаби чунин бархурдро дар он низ мебинам, ки он замон дар расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба хуруҷи коронавирус, даҳшатнокии он, қурбониҳои гӯё сершумораш сару садо, ахбори дурӯғину ҳангомасоз, тарсу ваҳмафканиҳо зиёд буд. Ба назар чунин мерасид, ки як маъракаи махсуси густурдае роҳандозӣ шудааст, ки мардумро ба яъсу тарс ва ноумедӣ, воҳимаю таҳлука гирифтор созад ва вазъро ноором намояд.

-Зимнан, фарзандонатон чӣ ҳол доштанд?
- Бо риояи қатъии талаботи беҳдоштӣ тавонистам ба сирояти бачаҳоям, ки шукр се нафаранд, роҳ надиҳам.
Пеш аз ҳуҷра баромадан зангашон мезадам, ки дар хонаи дигар бошанд, Вақте аз ҳуҷра мебаромадам, ҳама ашёи дастрасонда, ҳатто ҷои қадам гузоштаамро бо маҳлули антисептикӣ тозаю безарар мегардондам. Ҳар рӯз бачаҳоям тамоми хонаро ду маротиба бо хлор тоза мекарданд. 14 рӯз дар як хона бо бачаҳоям рӯ ба рӯ нашудам. Зимнан, пас аз ҳафт рӯзи беморӣ писаронамро аз тест гузарондам. Шукр, ки ҷавоби тест манфӣ баромад. Вақте ин хабари хушро шунидам, хаёл кардам, ки санги вазнине аз китфонам афтид.
Дар рӯзҳои беморӣ доруи беҳтаринам фарзандонам буданд. Шод шудам, ки тарбияам беҳуда нарафтааст. Шабу рӯз омодаи хизмат буданашон беҳтарин мукофоти шабзиндадориҳои ман аст.
 
ВИТАМИНУ МЕВА - ВОСИТАИ АСОСИИ ТАБОБАТ
- Тадқиқоти сершумори олимону табибони дунё собит кардааст, ки то 80 дарсади сирояти SARS-CoV-2 дар шакли сабук, 15 дарсад миёна ва ҳамагӣ 5 дарсадаш вазнин мешавад. Беморӣ ва табобати шумо чӣ тавр ҷараён гирифт? 
- Се рӯзи аввал душвор гузашт. Нафастангӣ, бемадорӣ, дард аз тарафи шонаи чап азият медод. Ҳароратам аз 37 дараҷа баланд набуд. Аммо рӯзи чорум, ҳарорат то 38 дараҷа баланд шуда, ду рӯз давом кард. Қарор додам, ки боз як рӯзи дигар ҳамин тавр монад, беморхона меравам. Хушбахтона, рӯзи дигар фуромада, 37 шуд ва қариб ду ҳафта дар ҳамин сатҳ монд.
Зимни табобат кӯшидам, ки асосан аз витаминҳо ва ғизои муфид, меваю сабзавот истифода кунам. Зеро то беморӣ тариқи интернет бо тавсияҳои коршиносони кишварҳои гуногун шинос шуда будам. Бо маслиҳати духтурони худамон, ки аз дастгириву хизматҳояшон миннатдорам, усули синтезкардаи табобатро пеш гирифтам. Тадриҷан нишонаҳои COVID - 19 як - як гум мешуданд ва худро торафт хубтар эҳсос мекардам. Ҳоло Худоро шукр худро хуб ҳис мекунам.
Бояд як чизи муҳими дигарро қайд намоям, ки аз назари ман табобати маро на танҳо доруҳо, балки бештар иродаи қавӣ ва эҳсоси шодиву сурур, суръат бахшид.

АВВАЛ ГАРДАНИ ТАРС БИШКАН
- Нақлатонро гӯш медиҳаму ба назарам он мӯре, ки забардастона филаш сохтанд, аз нав мӯре беш наменамояд. На коронавирус қаттол будасту на табобаташ дар хона душвор. Албатта, шакли сабукаш.
- Ман ҳам, дар аввал фил мепиндоштам. Ҳар одам дар чунин ҳолат метарсад ва ин тарс табиист, зеро он як навъ вокуниши организм ба хатар аст. Лекин шифо ёфтан хоҳӣ, аввал аз тарс бояд раҳо ёбӣ. Фикрҳои мағшушро аз сар дур намуда, худро бо корҳои дигар андармон сохтан муҳимтар аст. Ба зиндагӣ бо нигоҳи нек назар кардан ҳам ба кас рӯҳи тоза мебахшад. Барои ин дар 14 рӯзе, ки аз ҳуҷра баромаданам мумкин набуд, романи дӯстдоштаам «Скарлет» - и Маргарет Митчелро хонда тамом кардам. Рӯзҳои баъдӣ, ки аллакай аз ҳуҷра баромадан иҷозат буд, аз интернет тарзи таҳияи ҳар гуна таому хӯришро омӯхта, онҳоро омода мекардам, филм тамошо мекардам,  мусиқӣ мешунидам. Хуллас, тавре рӯзамро мегузарондам, ки ба фикрҳои парешон вақт намонад.  

ПАНДЕМИЯ Ё ХУД ИНФОДЕМИЯ
 - Аз ин беморию растагорӣ боз ба чӣ хулосаҳои муҳим расидед?
- Ба назар чунин мерасад, ки пандемияи коронавирус ба як силоҳи иттилоотӣ табдил ёфтааст. Имрӯз таблиғоту тақаллубҳо оид ба чораҳои карантинии аксарияти ҳукуматҳо ҷиҳати пешгирии паҳншавии он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ воҳимаро ба вуҷуд овардааст. Ин гуна хабарҳои дурӯғин, овозаю дарвозаҳо нисбат ба худи вирус тезтар паҳн мешаванд. Аз ин ҷост, ки пандемия ба инфодемия мубаддал гаштаст. Ва ин ваҳшату воҳима дар ҷомеа ҳолати эмотсионалии хатарзоро ба миён меорад, ки осебпазирии мардумро аз ин беморӣ зиёд мекунад. Яъне имрӯз хуруҷи беморӣ ва оқибатҳои манфии он бештар аз ҳолати равонии одамон вобаста аст. Бинобар ин, муҳимтарин хулосаи банда ин аст, ки дар шароити кунунӣ ғайр аз гигиенаи шахсӣ риояи қатъии гигиенаи иттилоотӣ зарур аст, яъне фарқ кардани сафед аз сиёҳ. Инро аз таҷрибаи худам мегӯям. Ба ҷои мутолиаи овозаву иттилооти ваҳшатовар китоби ҷолибе хондан, филми рӯҳбахше тамошо намудан, бо кори муфиде машғул шудан зарур аст. Ин, дар маҷмӯъ, сипари боэътимоди оромии равонӣ ва солимии ҷисмонии аҳли ҷомеа хоҳад гашт.  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҳадафро хеле муъҷаз баён кардаанд: «Мо бояд ҳаргиз рӯҳафтода нашавем ва кӯшиш кунему бовар дошта бошем, ки бо талошу муборизаи муттаҳиду сарҷамъона, албатта, аз ин вазъи душвор мебароем». Ва мо итминон дорем, ки он рӯз дур нест.

 Мусоҳиб Хуршеди ҶОВИД,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.06.2020    №: 104    Мутолиа карданд: 742
22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО

НОБОЛИҒОН. ҚОНУНШИКАНӢ ҲАНӮЗ АЗ БАЙН НАРАФТААСТ

ОЗАРБОЙҶОН ВА АРМАНИСТОН ОТАШБАС ЭЪЛОН НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФИЛМИ “ХИЁНАТ” АСРОРИ ДУШМАНИВУ ХОИНИРО ИФШО КАРД

12.10.2020


ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ - 2020. ФУТЗАЛБОЗОНИ ТОҶИК БАРОИ ИШТИРОК ОМОДАГӢ МЕГИРАНД

ХАЙКО МААС: "ИТТИҲОДИ АВРУПО МУКОЛАМА БО РОССИЯРО НАБОЯД ҚАТЪ КУНАД"

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.10.2020


БЕҲТАРИНҲО МУАЙЯН ШУДАНД

ҲАВЗАИ ИШКОШИМ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

ВОХӮРӢ БО НОМЗАДҲО

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ 56 654 ТОННА ПАХТА

ЗАРКОРОНИ ЛЕВАКАНТ АВВАЛИН ШУДА НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД

ММВЗО «СОЛОР» – ЧЕМПИОНИ ТОҶИКИСТОН БАЙНИ НАВРАСОНИ ТО 14 - СОЛА

07.10.2020


МОИ “СУҒД”. КОРХОНАИ КОРКАРДИ МЕВАИ ХУШК БУНЁД МЕГАРДАД

ҶАМЪОВАРИИ 2660 ТОННА ПАХТА ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

ДАНҒАРА. ОМОДАГИҲО МУТАШАККИЛОНА ИДОМА ДОРАНД

06.10.2020


ЛИГАИ ОЛӢ. КМВА ҶОИ СЕЮМРО ГИРИФТ ВА «ЛОКОМОТИВ – ПОМИР» БА ЛИГАИ АВВАЛ РАФТ

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИИ ТОҶИКИСТОН: 122 НОЗИР ВА 258 РӮЗНОМАНИГОР АККРЕДИТАТСИЯ ГИРИФТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед