logo

иҷтимоиёт

ИН ҲАМ МЕГУЗАРАД!

Пас аз анҷоми  кор роҳ сӯи хона гирифтам. Дар истгоҳи назди Сирки давлатӣ мунтазири нақлиёт меистодам.  Дар истгоҳ ду - се нафар бо телефони дастиашон машғули суҳбат буданд, касе ба касе аҳамият намедод. Ин дам телефони ман ҳам занг заду гӯширо бардоштам.
 
Дугонаам, ки дар деҳот ба сар мебарад, аҳволпурсӣ кард. Ӯ аз вазъи шаҳр пурсида, бо шикоят «Аз ҳамин ниқобу дастпӯшҳо монда шудаам, кай тамом мешавад», - гуфта ғур-ғур кард.  «Хайр чи кор мекунем барои ҳифзи саломатии хеш бояд маслиҳатҳои мутахассисонро риоя кунем. Сабр кардан лозим», - гуфта, дар ҳамин доира суҳбат мекардем.  Ҳамин лаҳза мӯйсафеде, ки ниқоби осмониранг дошту  дар як гӯшаи истгоҳ ба асояш такя карда мунтазири автобус буд, худро каме бардошта, ба ман назар карду «Ин ҳам мегузарад, бачам», - гуфта, диққатамро ба худ ҷалб кард. Ин сухан писандам омад ва ҳисси кунҷковиамро бедор намуд. Фурсатро ғанимат шумурда, суҳбати телефониамро қатъ намудаму назди ин мӯйсафед, албатта бо риояи масофа, нишастам. Мӯйсафед лаб ба сухан кушода, гуфт: «Ман дар умри худ шоҳиди бисёр ҳодисаҳо гаштаам. Номам Усто Салом аст, аслан мардуми водии Вахё ҳастам,  дар ноҳияи Панҷ иқомат мекунам. Имсол синам ба 76 расидааст. Шукр, ки саломатиам побарҷост. Аввалу охир Худо, баъд ҳамин Эмомалӣ Раҳмон бошад, инашро ҳам ба зудӣ ва осонӣ пушти сар хоҳем кард».
Ман ҳам кунҷковона «шоҳиди кадом ҳодисаҳо будед», - гуфта пурсидам. «Ин бемории сироятие, ки айни ҳол тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардаасту ҳамагонро тарсондааст, мегузарад, мардуми тоҷик аз ин бадтарашро аз сар гузарондааст. Сар карда аз бемории  тоун, тиф, табларза, кабудсулфа, сил, зуком ва ғайраву ҳоказо. Ин дарди ба хайр,  ҷанги шаҳрвандӣ балое буд болои мардуми тоҷик. Вале, хушбахтона, ҳамааш гузашт - ку! Инаш ҳам мегузарад!» Усто Салом пайи ҳам ва ба такрор мегуфт, ки шукрона бояд кард, ба қадри ин ҳама ғамхориву кумакҳои саривақтии Пешвои миллат расидан даркор. «Ношукр набошед, бачам. Эмомалӣ Раҳмон ҷанге, ки ҳеҷ кас умеди сулҳашро надошт, хомӯш карду ба мардуми тоҷик оромӣ овард. Шумо ба баъзе  хабарҳои бардурӯғи  ин бозичаҳо (ба телефон ишора мекунад), бовар накунед. Умедро аз даст надиҳед. Зӯри мушт дар панҷ ангушт гуфтаанд. Аз мани пир сар карда, то хурдтарин фарзанди тоҷик имрӯз бояд дар пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар паҳлуи Сарвари давлатамон истода, саломатии худу пайвандонамонро ҳифз намоем», - гуфт мӯйсафед...
Баъди ин суҳбати сарироҳӣ дарҳол гӯшиамро гирифта, тамоми хабарҳои таҳдид аз коронавирусро пок кардам ва рӯи телефонам навиштаҷоти «Ин ҳам мегузарад!» - ро ҳифз намудам. Воқеан, суханони ин пири хирад асос доранд. Ҳар яки мо дар ин давраи ҳассос умедро аз даст надода, бояд ба ояндаи дурахшон умед бандем. 

Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.06.2020    №: 104    Мутолиа карданд: 207
22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО

НОБОЛИҒОН. ҚОНУНШИКАНӢ ҲАНӮЗ АЗ БАЙН НАРАФТААСТ

ОЗАРБОЙҶОН ВА АРМАНИСТОН ОТАШБАС ЭЪЛОН НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФИЛМИ “ХИЁНАТ” АСРОРИ ДУШМАНИВУ ХОИНИРО ИФШО КАРД

12.10.2020


ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ - 2020. ФУТЗАЛБОЗОНИ ТОҶИК БАРОИ ИШТИРОК ОМОДАГӢ МЕГИРАНД

ХАЙКО МААС: "ИТТИҲОДИ АВРУПО МУКОЛАМА БО РОССИЯРО НАБОЯД ҚАТЪ КУНАД"

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.10.2020


БЕҲТАРИНҲО МУАЙЯН ШУДАНД

ҲАВЗАИ ИШКОШИМ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

ВОХӮРӢ БО НОМЗАДҲО

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ 56 654 ТОННА ПАХТА

ЗАРКОРОНИ ЛЕВАКАНТ АВВАЛИН ШУДА НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД

ММВЗО «СОЛОР» – ЧЕМПИОНИ ТОҶИКИСТОН БАЙНИ НАВРАСОНИ ТО 14 - СОЛА

07.10.2020


МОИ “СУҒД”. КОРХОНАИ КОРКАРДИ МЕВАИ ХУШК БУНЁД МЕГАРДАД

ҶАМЪОВАРИИ 2660 ТОННА ПАХТА ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

ДАНҒАРА. ОМОДАГИҲО МУТАШАККИЛОНА ИДОМА ДОРАНД

06.10.2020


ЛИГАИ ОЛӢ. КМВА ҶОИ СЕЮМРО ГИРИФТ ВА «ЛОКОМОТИВ – ПОМИР» БА ЛИГАИ АВВАЛ РАФТ

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИИ ТОҶИКИСТОН: 122 НОЗИР ВА 258 РӮЗНОМАНИГОР АККРЕДИТАТСИЯ ГИРИФТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед