logo

иҷтимоиёт

ХУРОСОН. БОЗДИДИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ДЕҲАҲОИ ЗАРАРДИДА

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Хуросон бо сокинони аз офати табиии 14 - 16 майи соли ҷорӣ зарардидаи Ҷамоати деҳоти Садриддин Айнӣ мулоқот кард.
Ба 67 хонаводае, ки манзилҳояшон дар натиҷаи сел қисман ва пурра вайрон шудаанд, маводи озуқа дастрас гардид. Ёрии навбатӣ аз орд, равған, биринҷ, шакар, макарон, нахӯд иборат буд.
Носирҷон Маъмурзода, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, дар суҳбати телефонӣ ба хабарнигори «Ҷумҳурият» гуфт, ки Қоҳир Расулзода бо раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо тарҳи «Барқарорсозии иншооти обгузари муваққатӣ дар шохаи рости ПК 659+00 Ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон» шинос шуданд. Зикр гардид, ки сели рӯзҳои 14 - 16 май канали шохаи рости деҳотро ба дарозии 140 метр вайрон кард. Канали шохаи рост 93 километру 200 метр дарозӣ дошта, аз он 2800 гектар заминҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, 10400 гектар заминҳои ноҳияи Хуросон обёрӣ мешаванд. Дар мавсими обёрӣ тавассути ин канал то 11 метри мукааб об ҷорӣ мешавад. Айни ҳол насби лӯлаҳои нави қутрашон 1820 миллиметр бомаром ҷараён дошта, то 12 июн иншоот пурра барқарор мешавад.
Қоҳир Расулзода ва Қурбон Ҳакимзода аз деҳаҳои ба номи Неъматулло Асадулло ва Анҷумани 18-уми ҳизб, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12, манзилҳои зисти шаҳрвандон дидан карданд. Танҳо як бинои муассисаи таълимӣ айни ҳол мавриди истифода буда, то бунёди таълимгоҳи нав хонандагони синфҳои 5 – 11 дар муассисаҳои ҳамсоядеҳаҳо ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
Сарвазири мамлакат ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дод, ки барои хонандагони деҳа дар зудтарин фурсат сохтмони мактаби навро ба нақша гирад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон барои бунёди мактаби нав замин ҷудо кардааст ва қарор аст, ки корҳои сохтмонӣ аз ҳафтаи оянда шурӯъ гарданд.
Сокинони деҳа Бибӣ Мирзоева, Нуринисо Раҳматуллоева, Сироҷиддин Бобохонов, Маҳмурод Солиев ва дигарон ба Роҳбари давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ барои ёриҳои бардавом ва ғамхорӣ нисбат ба зарардидаҳо изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.
Онҳо зикр намуданд, ки аз рӯзу соатҳои аввали сар задани офати табиӣ роҳбарони вилоят, ноҳия, масъулону сарбозони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар паҳлуи мардуми осебдида буда, дар бартарафсозии оқибати офати табиӣ ҳамаҷониба мусоидат намуданд.
Дар натиҷаи боришоти шадиди рӯзи 14 май дар деҳаҳои болозикр 11 манзили истиқоматӣ пурра ва 25 хона қисман зарар дида, 16 май маротибаи дуюм дар пайи борони сахт сел омада, ярч фаромад, 25 хона пурра фурӯ рафт, ба 14 манзил, бинои МТМУ №12, як қисми роҳҳои маҳаллӣ низ зарар расид. Ҳаҷми умумии зарар 6 миллиону 725 ҳазор сомонӣ ҳисоб карда шуд.
Раиси вилоят иттилоъ дод, ки ҳафтаи гузашта ба 67 хонаводаи зарардида дар мавзеи Чорбоғи ноҳияи Хуросон барои бунёди манзил замин ҷудо намуданд.
Аз ҷониби  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагон 370 тонна семент, 74 тонна арматура, 3700 дона шифер ва 370 метри мукааб тахта расид, сохтмони манзилҳои нав дар Чорбоғ шурӯъ гардид.
Зарардидаҳо, ҳамчунин, 84 тонна маводи озуқа, аз ҷумла орд, равған, картошка, пиёз, сабзӣ, биринҷ, макарон, маҳсулоти донагӣ гирифтанд.
Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардида 15 тонна орд, 8,5 тонна биринҷ, 1,5 тонна равған, 1,8 тонна макарон, 6,6 тонна пиёз, 4,5 тонна картошка ва 12 тонна сабзӣ, инчунин, маводи тиббию муҳофизатӣ, маҳлулҳои антисептикӣ тақсим шуд.
Барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ афсарону сарбозони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, инчунин, то 500 нафар ҳашарчиён ва 54 техникаи боркашу экскаватор ва дигар воситаҳои техникӣ ҳамарӯза сафарбар мегарданд.
Сарвазир ва раиси вилоят зимни суҳбат бо сокинон таъкид карданд, ки мақомоти дахлдори давлатӣ бо истифода аз имконият барои дастрасии масолеҳи сохтмонӣ мусоидат мекунанд ва то Ҷашни 29 - солагии Истиқлолияти давлатӣ сохтмони ҳамаи 67 манзили зист анҷом меёбад.

Кароматулло АТО,
аз саҳифаи фейсбукии «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.06.2020    №: 105    Мутолиа карданд: 246
28.10.2020


ЛАХШ. РУШДИ ТОЗАИ БОҒДОРӢ

САНОАТИ МАЪДАНҲОИ КӮҲӢ. СУРЪАТИ РУШД БА 12,5 ДАРСАД РАСИД

ПАНҶ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ ФАРХУНДА

СҶТ АЗ КОҲИШИ СИРОЯТИ COVID-19 ДАР ҶАҲОН БАЪДИ ХУРУҶИ БЕСОБИҚА ХАБАР ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.10.2020


СУҒД. 73 КОРХОНАВУ КОРГОҲИ НАВ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КАРД

ТАҒЙИРОТ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ЖУРНАЛИСТӢ

ПАРВОЗҲОИ МУСТАҚИМ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БАРҚАРОР МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

"СИПАР" – ҚАҲРАМОНИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛ

26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед