logo

иҷтимоиёт

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ФЕЙСБУК. ИҚДОМЕ, КИ ХОЛИГОҲИ ИТТИЛООТИРО ПУР МЕСОЗАД

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» баробари сомонаи расмии худ – www.jumhuriyat.tj акнун дар шабакаи иҷтимоии фейсбук низ бо ифтитоҳи саҳифаи вижа таҳти нишонии https://www.facebook.com/ruznomaijumhuriyat/ фаъол аст.

Ҳадаф аз ин иқдом ҳарчи зудтар расондани иттилооти саҳеҳу фарогир, беғараз, воқеӣ ва таҳлилҳои ҳирфаӣ ба истифодабарандагони шабакаи иҷтимоист. Зеро феълан аксари шаҳрвандон дар фейсбук саҳифаи худро боз намудаанд. Бештари онҳо тавассути сомонаҳои расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ ё ниҳодҳои давлатӣ ва ҳам тавассути сомонаи иҷтимоии фейсбук аз ҳаводиси ҷаҳон огоҳӣ пайдо менамоянд.
Пайдост, ки дар ин шабака хабарҳои носаҳеҳ, овозаву дурӯғҳо ва матолиби ғайритахассусӣ низ кам нестанд. Бинобар ин, зарур аст дар чунин вазъ фазои иттилоотӣ бо хабарҳои дақиқу санҷидашуда ва дар такя ба сарчашмаҳои боэътимод таъмин шавад.
Ба ин хотир, «Ҷумҳурият» тасмим гирифт, ки холигоҳи иттилооти боварибахшро дар ҳамкорӣ бо марказҳои матбуотии вазорату идораҳо, агентӣ ва пойгоҳҳои хабарии боэътимод пур намояд, ки тавассути фейсбук интишор меёбад.
Дар саҳифаи фейсбукии рӯзнома хонандагон имкон доранд, ки матлабҳои таҳлилии кормандони рӯзномаро оид ба вазъу дурнамои соҳаҳои гуногуни кишвар ва ҷаҳони имрӯза мутолиа намоянд. Дар робита ба навгониҳои соҳаи технологӣ мукаммалсозии саҳифаи фейсбукии рӯзнома пайваста идома карда, ба зудӣ муштариёни рӯзнома ба маводи чандрасонаӣ низ дар ин саҳифа дастрасӣ пайдо мекунанд. Қобили зикр аст, ки қадами аввал низ дар ин самт гузошта шуда, нахустин маводи видеоӣ ҳам рӯи саҳифа омад.
Вазъи муташанниҷи ҷаҳони имрӯз бори дигар собит кард, ки маълумоти дақиқ барои ба самти дуруст равона кардани тафаккури мардум чӣ қадар аҳамият дорад. Ин амр дар оғози паҳншавии коронавирус дар ҷаҳон собит шуд ва таъсиргузории иттилоот ба равони мардумро бармало кард. Хабарҳои носаҳеҳу матолиби ҳангомасоз то ҷое вазъи ҷомеаро ба чолиш кашида, мардумро ба тарс андохтанд.
Тавре ки зикр кардем, мукаммалсозии саҳифаи фейсбукии нашрия давом дорад. Дар идомаи талошҳо оид ба таҳкими фазои иттилоотӣ, қарор аст бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҷомеа саҳифаи иттилоотӣ - фароғатии «Шоми шанбе», рубрикаҳои серхонанда, мақолаҳову масъалагузориҳо ва пешниҳодҳои ҷолиби муаллифони рӯзнома тадриҷан ба саҳифаи фейсбукӣ ворид шаванд.
Пас, шумо, хонандагони ҳушманд, агар аз воқеоти ҷаҳон ва кишвари азизамон иттилои саҳеҳ ба даст овардан хоҳед, дар баробари рӯзнома ва сомонаи он ба нишонии мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ муроҷиат кунед.  

Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.06.2020    №: 106    Мутолиа карданд: 244
28.10.2020


ЛАХШ. РУШДИ ТОЗАИ БОҒДОРӢ

САНОАТИ МАЪДАНҲОИ КӮҲӢ. СУРЪАТИ РУШД БА 12,5 ДАРСАД РАСИД

ПАНҶ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ ФАРХУНДА

СҶТ АЗ КОҲИШИ СИРОЯТИ COVID-19 ДАР ҶАҲОН БАЪДИ ХУРУҶИ БЕСОБИҚА ХАБАР ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.10.2020


СУҒД. 73 КОРХОНАВУ КОРГОҲИ НАВ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КАРД

ТАҒЙИРОТ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ЖУРНАЛИСТӢ

ПАРВОЗҲОИ МУСТАҚИМ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БАРҚАРОР МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

"СИПАР" – ҚАҲРАМОНИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛ

26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед