logo

иҷтимоиёт

КӮШОНИЁН. ЭҲСОНКОРИҲО БАРОИ ПЕШГИРИИ ПАҲНШАВИИ ПАНДЕМИЯ

То нимаи аввали моҳи майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Кӯшониён ба нафарони аз коронавирус сироятёфта, имконияти ҷисмонияшон маҳдуд, табибон ва ниёзмандон маҷмӯан, ба 1 ҳазору 809 оила ба маблағи умумии 372 ҳазору 522 сомонӣ кумак расонда шуд. Инчунин, бо мақсади пешгирии паҳншавии вирус дар саҳн ва дохили ҳудуди корхонаву муассисаҳои таълимӣ, томактабӣ, иншооти хизматрасонӣ ва кӯчаҳо дар масоҳати 635 ҳазору 38 метри мураббаъ тадбирҳои зиддиуфунӣ гузаронда шуд.

Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар доданд, ки аз ҳисоби фонди захиравии раиси ноҳия ба 79 оила ба маблағи 7 ҳазору 900 сомонӣ ёрӣ расид. Ҳамзамон, раиси ноҳия Икромиддин Вализода ба табибону дастандаркорони соҳа ва оилаҳои эҳтиёҷманд аз ҳисоби музди маош ва даромадҳои оилавӣ ба маблағи 19 ҳазору 780 сомонӣ мадад кард. Дар пайравӣ ба иқдоми Пешвои миллат раиси ноҳия маоши якмоҳаи худро ба Фонди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус ирсол намуд. 
Бо мақсади татбиқи чораҳои безараргардонӣ ва харидории доруворию таҷҳизоти зарурии тиббӣ аз буҷети маҳаллӣ 261 ҳазору 700 сомонӣ ва аз суратҳисоби махсуси хизматрасониҳои дохилии бахши госпиталӣ, Маркази назорати давлатии санитарӣ – эпидемиологӣ, Маркази тропикӣ ва Маркази дезинфексионӣ 59 ҳазору 400 сомонӣ ҷудо гардид. Аз ҳисоби маблағҳои ҷамъомада маҳлулҳои безараргардониву лавозимоти пешгирикунандаи беморӣ дастрас шуданд. Минбаъд, тавассути мошинҳои обпошӣ, сӯхторнишонӣ ва таҷҳизоти вижаи дастӣ ҳафтае як маротиба роҳҳои маҳаллӣ ва дохили кӯчаҳо бо маҳлули махсус тамйиз карда мешаванд.
Роҳбарони идораҳои давлатию ғайридавлатӣ, вакилон ва соҳибкорони ватандӯсти ноҳия низ даъвати Президенти кишварро дар мавриди ёрӣ ба ниёзмандон ва саҳмгузорӣ дар ҷодаи пешгирӣ аз коронавирус бо самимияти хоса пазируфтанд. Чунончи, Муҳаммад Шодиён, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи Кӯшониён – 27 ба муассисаҳои тандурустӣ 100 кило хокаи безараргардонӣ, Раҷабалӣ Давлатзода, вакили Маҷлиси вакилони халқи Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол, бо масрафи 3 ҳазору 400 сомонӣ ба 15 оилаи камбизоат маҳсулоти ғизоӣ ва ба зиёда аз 130 сокин ниқоби муҳофизатӣ тақсим карданд. Роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳам дар канор намонда, ба табибон 40 корҷомаи муҳофизатӣ супурданд. Роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии Наврӯз, Қаҳрамон ва саховатмандони деҳаҳои Сароб, М. Гиёеви Ҷамоати деҳоти Ориён ба сокинон бо маблағи зиёда аз 79 ҳазор сомонӣ орд, равған, биринҷ, гӯшт ёрдами худро расонданд. Саховатмандони деҳаи Байналмилал ба 235 эҳтиёҷманд бо харҷи 12 ҳазору 920 сомонӣ маҳсулоти хӯрокворӣ дастрас намуданд. Сокинони Ҷамоати деҳоти Заргар бошанд, ба кормандони беморхонаи минтақавии Заргар ва дигар муассисаи тандурустӣ бо сарфи 21 ҳазору 200 сомонӣ спирт, хлор, маҳлули антисептикӣ, собун, собуни моеъ, айнак, корҷомаи ҳифозатӣ, хилъати тиббӣ, дастпӯш, ниқоби тиббӣ ва хӯрокворӣ дастрас намуданд. Эҳсонкорони Ҷамоати деҳоти Навбаҳор ба 59 оилаи камбизоат ба маблағи 23 ҳазор сомонӣ маҳсулоти ғизоӣ кумак карданд.
Ба қавли раиси ноҳия Икромиддин Вализода, соҳибкорони муваффақи ҷумҳурӣ, вилоят ва ноҳия низ дар ин рӯзҳои барои миллату давлат ҳассос бо ҳар васила баҳри дастгирии табақаҳои ниёзманд, муассисаҳои тандурустӣ ва татбиқи корҳои зиддиуфунӣ саҳми худро гузошта истодаанд. Аз ҷониби гурӯҳи муассисони собиқ ширкати "Фароз" ба беморхона ва марказҳои тандурустии ноҳия ба маблағи 60 ҳазор сомонӣ маводи доруворӣ, антисептикӣ, ниқобҳои ҳифозатӣ, айнак, болишт, корҷомаҳои махсус ва ғайра кӯмак расонда шуд. Маъмурияти бозори Ҳоҷӣ Шариф ба оилаҳои 60 табибе, ки дар хати пеши муқобилият бо COVID-19 қарор доранд, дар  ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ орд, равған, биринҷ, шакар, пиёз, сабзӣ ва картошка ирсол кард. Бародарони соҳибкор Шамсулло ва Маҳмадраҳим Соҳибовҳо ба кормандони соҳаи тандурустӣ доруворӣ, лавозимоти аввалияи тиббӣ ва маҳсулоти ғизоӣ тақсим намуданд. Фирдавс Валиев ба 90 оилаи ниёзманд бо харҷи 40 ҳазор сомонӣ  ва Анвар Фақеров ба 500 эҳтиёҷманд 50 ҳазор сомонӣ ёрии молиявию ғизоӣ расонданд. Ҳамчунин, Озода Донаева, Сайраҳмон Хоҷаев ва дигар соҳибкорон ба зиёда аз 20 оилаи камбизоат ёрии моддӣ расонданд.

Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият” 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.06.2020    №: 106    Мутолиа карданд: 91
28.10.2020


ЛАХШ. РУШДИ ТОЗАИ БОҒДОРӢ

САНОАТИ МАЪДАНҲОИ КӮҲӢ. СУРЪАТИ РУШД БА 12,5 ДАРСАД РАСИД

ПАНҶ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ ФАРХУНДА

СҶТ АЗ КОҲИШИ СИРОЯТИ COVID-19 ДАР ҶАҲОН БАЪДИ ХУРУҶИ БЕСОБИҚА ХАБАР ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.10.2020


СУҒД. 73 КОРХОНАВУ КОРГОҲИ НАВ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КАРД

ТАҒЙИРОТ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ЖУРНАЛИСТӢ

ПАРВОЗҲОИ МУСТАҚИМ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БАРҚАРОР МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

"СИПАР" – ҚАҲРАМОНИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛ

26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед