logo

иҷтимоиёт

COVID-19. ТАДБИРҲО САМАР МЕДИҲАНД

Дар ноҳияи Рашт дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемории сироятии  коронавирус (COVID-19) вусъат ёфта, аз тамоми имкониятҳои мавҷуда ва дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон босамар истифода бурда мешавад.
Тавре Эраҷ Ҳаймаҳмадов, муовини сартабиби беморхонаи марказӣ, зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзнома иттилоъ дод, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар ноҳия  аз аввали мавсими сироятёбӣ то  имрӯз аз 947 нафар гирифтори бемории коронавирус 712 нафар шифо ёфт.
Ба гуфтаи ӯ, дар шуъбаи бемориҳои сироятӣ ва беморхонаҳои минтақавӣ 94  ва дар шароити хона таҳти назорати табибони оилавӣ 853 нафар бемор бистарӣ гардида, аз ин шумора 68 нафар аз  беморхонаҳо ва 644 нафар дар шароити хона шифо ёфта, 26 нафар дар муассисаҳои госпиталӣ ва 209 нафар дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббӣ таҳти назорат қарор доранд.
Ситоди ноҳиявӣ рафти корҳои пешгириро таҳти назорати қатъӣ гирифта, ҳамарӯза ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳисобот манзур менамояд.
Бо  супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ  Агентии захираҳои моддии давлатӣ ба ноҳия 8 нуқтаи иловагии тиббӣ (хона - вагон) дастрас намуд, ки муваққатан дар назди бинои шуъбаи бемориҳои сироятӣ, воқеъ дар деҳоти Нусратулло Махсум ҷойгир карда шуданд.  Шуъбаи бемориҳои сироятии ноҳия омода аст, ки дар як вақт то 50 беморро барои муолиҷа қабул намояд. Ҳамчунин, дар беморхонаи марказӣ 100 ҷой ва дар беморхонаҳои деҳоти Ҳоит, Нимич, Қалъаи Сурх ва шаҳраки Навобод барои қабули беморон 50 ҷойи дигар омода мебошад. Дар ҳолатҳои зарурӣ аз ҳобгоҳҳои коллеҷи тиббӣ (150 ҷой), Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт (150 ҷой) ва литсейи касбӣ - техникии ноҳия (150 ҷой) истифода бурдан имконпазир аст.
Тибқи қарори ситоди ноҳиявӣ, табибони муассисаҳои тиббию санитарӣ  якҷо бо духтурони госпиталӣ ба деҳаҳо вобаста карда шудаанд. Дар сурати пайдо гардидани нишонаҳо беморон дар шароити хона ва дар сурати пайдо шудани зарурат дар шуъбаи бемориҳои сироятии ноҳия табобат карда мешаванд.
Вазъи таъмини беморон ва табибон бо маводи доруворӣ ва хӯрока дар сатҳи баланд қарор дорад. Ду маротиба туҳфаҳои ирсолнамудаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба беморону табибон расонда, ҳамчунин, аз тарафи Агентии захираҳои моддии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 тонна маводи хӯрока, аз ҷумла орд, биринҷ, шакар, макарон, марҷумак, нахӯд, равған, пиёз, сабзӣ, дастрас шуд. Ҳамарӯза ба беморон се вақт хӯроки гарм дода мешавад.
Саҳми соҳибкорони маҳаллӣ низ дар самти пешгирии беморӣ ва дастгирии табибону беморон назаррас аст. Соҳибкорон Муҳиб Бобоҷонов ба ҳар кадом 400 корманди соҳаи тандурустӣ ба маблағи 500 сомонӣ ва Ҳоҷӣ Ғаюр ба шуъбаи бемориҳои сироятии ноҳия ба маблағи 9 ҳазору 434 сомонӣ кумак расонданд.
Кормандони муассисаи давлатии «Шуъбаи дезинфексияи профилактикӣ»-и ноҳия то имрӯз дар ташкилоту муассисаҳо, масҷиду фароғатгоҳҳо, мактабу боғчаҳо, бозорҳо ва кӯчаву роҳравҳо  ба миқдори зиёда аз 350  ҳазор метри мураббаъ корҳои безараргардонӣ гузаронданд.
Корхонаҳои дӯзандагӣ, аз ҷумла «Чевар-2014», «Зуҳал», «Субҳи Рашт», барои дӯхтани ниқобҳо ва либосҳои муҳофизатӣ саҳми назаррас доранд.
- Корҳои пешгирӣ ва таблиғотӣ натиҷаи хуб ба бор оварда, боиси коҳиши назарраси хуруҷи бемории сироятии COVID-19 гардиданд. Умед аст, ки сокинони ноҳия дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ қарор дода, бо риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ ва тавсияҳои табибон бемории мазкурро ба осонӣ паси сар менамоянд, - гуфт Эраҷ Ҳаймаҳмадов.

Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.06.2020    №: 106    Мутолиа карданд: 106
22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО

НОБОЛИҒОН. ҚОНУНШИКАНӢ ҲАНӮЗ АЗ БАЙН НАРАФТААСТ

ОЗАРБОЙҶОН ВА АРМАНИСТОН ОТАШБАС ЭЪЛОН НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФИЛМИ “ХИЁНАТ” АСРОРИ ДУШМАНИВУ ХОИНИРО ИФШО КАРД

12.10.2020


ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ - 2020. ФУТЗАЛБОЗОНИ ТОҶИК БАРОИ ИШТИРОК ОМОДАГӢ МЕГИРАНД

ХАЙКО МААС: "ИТТИҲОДИ АВРУПО МУКОЛАМА БО РОССИЯРО НАБОЯД ҚАТЪ КУНАД"

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.10.2020


БЕҲТАРИНҲО МУАЙЯН ШУДАНД

ҲАВЗАИ ИШКОШИМ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

ВОХӮРӢ БО НОМЗАДҲО

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ 56 654 ТОННА ПАХТА

ЗАРКОРОНИ ЛЕВАКАНТ АВВАЛИН ШУДА НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД

ММВЗО «СОЛОР» – ЧЕМПИОНИ ТОҶИКИСТОН БАЙНИ НАВРАСОНИ ТО 14 - СОЛА

07.10.2020


МОИ “СУҒД”. КОРХОНАИ КОРКАРДИ МЕВАИ ХУШК БУНЁД МЕГАРДАД

ҶАМЪОВАРИИ 2660 ТОННА ПАХТА ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

ДАНҒАРА. ОМОДАГИҲО МУТАШАККИЛОНА ИДОМА ДОРАНД

06.10.2020


ЛИГАИ ОЛӢ. КМВА ҶОИ СЕЮМРО ГИРИФТ ВА «ЛОКОМОТИВ – ПОМИР» БА ЛИГАИ АВВАЛ РАФТ

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИИ ТОҶИКИСТОН: 122 НОЗИР ВА 258 РӮЗНОМАНИГОР АККРЕДИТАТСИЯ ГИРИФТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед