logo

Хабарҳо

ОСОРХОНАИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. ГӮШАИ АТО МУҲАММАДҶОНОВ БОЗ ШУД

Бо ибтикори бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Осорхонаи миллии Тоҷикистон бунёд шуда, ба он зиёда аз 2000 ёдгории таърихию фарҳангӣ эҳдо гардид. Ганҷинаи ашёи заррини даврони Кӯшониён, ки  аҳамияти ҷаҳонӣ дорад, аз ҷумлаи туҳфаҳои Пешвои миллат ба   Осорхонаи миллист. Ҳоло он дар экспозитсияи осорхона ба таври алоҳида ва бо ҳашамати хос пешкаши ҳамагон гардида, тамошогарони зиёде аз дидани ин ёдгориҳои ҷолиб ғизои маънавӣ мегиранд. Дар пайравӣ аз ин амали Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти гуногун ва шахсиятҳои наҷиб ашёи таърихию фарҳангии худро ба осорхонаҳо ҷиҳати ҳифзу муаррифӣ пешниҳод менамоянд.
Мо ҳунарманди мумтози тоҷик Ато Муҳаммадҷоновро ба хубӣ мешиносему медонем. Миёни ҳунармандони ватанӣ ӯ ҳамчун нигини саҳнаи тоҷик шинохта шудааст. Шодравон ҳамчун ҳунарпешаи театр ва  синамо тамоми ҳаёти бобаракати худро сарфи хизмат ба халқу Ватан намудааст.
Аз ҷониби хонаводаи Ато Муҳаммадҷонов ордену медал, ҳуҷҷатҳо ва албомҳо, ки фаъолияти пурсамари ӯро нишон медиҳад, ба фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон эҳдо шуд. Кӯзаи сафолӣ ва як адад офтобаи қадимаро аз коллексияи ин ҳунарманди мумтоз ба мо супурданд. Ашёи пешниҳоднамудаи пайвандони Ато Муҳаммадҷонов гуногун буда, аз шаҳодатномаҳо, ҷоизаю мукофотҳои давлатӣ, диплому сипосномаҳо, суратбарномаҳо, албому рӯзномаҳо ва барқияҳои табрикотӣ аз сарварони давлатҳою шахсиятҳои бонуфузи ҷаҳон иборат аст, ки шумораашон ба 100 адад мерасад. Ҳамаи онҳо аҳамияти таърихию тарбиявӣ дошта, аз дастовардҳои эҷодӣ ва зиндагии ибратомӯзи ӯ  қисса мекунанд. Осори тавсифшуда шахсият ва саҳми Ато Муҳаммадҷоновро дар арсаи ҳунар нишон медиҳад.

Фирдавси АБДУЛҲАМИД,
сардори шуъбаи таърихи нав ва навтарин,
Шоира ҲИСОЧАЕВА, сардори шуъбаи
фондии Осорхонаи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 378
21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БОЗ 82 ШАҲРВАНД БО КОР ТАЪМИН ГАРДИД

ТАЪСИСИ 86 КОРХОНА ДАР ҲАФТ МОҲ

«ЛИДАР». АКНУН ТАРКИБИ МОЛЕКУЛАВИИ ҲАВО САНҶИДА МЕШАВАД

14.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 7816 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ПАЙВАНДГАРИ ДИРӮЗУ ИМРӮЗ. БАРДОШТ АЗ ҲАМОИШИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА 90-СОЛАГИИ "ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН"

US OPEN. ТИМ ВА НАОМИ ҒОЛИБОНИ ИН МУСОБИҚА

СММ КИШВАРҲОИ ПЕШРАФТАРО ДАЪВАТ НАМУД, КИ АЗ ТАҲРИМОТ АЛАЙҲИ МАМЛАКАТҲОИ РУШДКУНАНДА ДАСТ КАШАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 7 ҲАЗОРУ 714 СИРОЯТЁФТА АЗ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ЛИГАИ БОНУВОН. «ЗЕБОНИСО» БОРИ ДУЮМ ЧЕМПИОНИ ТОҶИКИСТОН ШУД

САФОРАТ ВА ДОМОДЕДОВО ХАБАРҲО ДАР БОРАИ БАНД МОНДАНИ ТОҶИКОНРО ДАР ФУРУДГОҲ РАД КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

10.09.2020


НИСФИ КӮДАКОНИ РУСИЯГӢ COVID-19-РО САБУК ГУЗАРОНДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ОҒОЗИ НАШРИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ

08.09.2020


ТОҶИКИСТОН. ШАБОНАРӮЗИ ОХИР 32 ҲОДИСАИ НАВИ БЕМОРИИ COVID – 19 ОШКОР ШУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед