logo

иҷтимоиёт

ГУЛИСТОН. СОКИНОН БО КОРИ ДОИМӢ ТАЪМИН МЕШАВАНД

Давоми чор моҳи соли ҷорӣ 865 сокини шаҳри Гулистон барои пайдо намудани ҷойи кор ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ муроҷиат кардааст. Аз онҳо 342 нафар ҳамчун бекор ба қайд гирифта шуд. Дар ин муддат 212 корҷӯ, аз ҷумла 44 зан, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бо ҷойи кор таъмин гашт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 89 кас зиёд аст. Тибқи нақша, то охири сол қариб 400 ҷойи кори нав таъсис меёбад.

Дар ин бора Гулсият Авзалова, сардори шуъбаи меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр, иттилоъ дода, гуфт, ки 8 шаҳрванд барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ба маблағи 23 ҳазору 500 сомонӣ қарзи имтиёзнок гирифтааст.
- Онҳо айни замон дар соҳаҳои тиҷорат, хизматрасонӣ, чорводорӣ, ҳунарҳои мардумӣ, дӯзандагию бофандагӣ ва бахшҳои дигар фаъолият доранд. Илова бар ин, 25 эҳтиёҷманд, ки дар бозори меҳнат рақобат карда наметавонистанд, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр кори доимӣ пайдо кард, - гуфт ӯ.
Бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби бонувон ба омӯзиши касбу ҳунар ва дар оянда бо ҷойи кори доимӣ таъмин кардани онҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр 140 нафар аз рӯйи ихтисосҳои гуногун ба омӯзиши кӯтоҳмуддат, аз ҷумла қаннодӣ 20 нафар, дӯхти либоси мактабӣ 35, гулдӯзӣ 15, қолинбофӣ 15, кафшергари газию барқӣ 40 ва ороишгари мӯй 15 кас фаро гирифта шуд.
Талаботи бозори меҳнат ва номгӯи корҳои ҷамъиятиро омӯхта, дар асоси шартномаи тарафайн 45 корҷӯи беихтисос ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардид. Ҳамзамон, аз тарафи шуъба ба 48 нафар аз оилаҳои камбизоат, шахсони бекор, сарбозони аз хизмати ҳарбӣ рухсатшуда ва нафарони аз маҳбас озодшуда ба маблағи 28 ҳазору 860 сомонӣ ёрии модӣ расонда шуд.
Тайи чор моҳ бо ибтикори шуъбаи агентӣ чор ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронда шуд. Дар онҳо 11 корхонаю ташкилот, муассиса ва корфармо иштирок карда, ба корҷӯён 195 ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озодро пешниҳод карданд. Аз ин ҳисоб беш аз 20 сокини маҳаллӣ соҳиби кор гардида, шаҳрвандони зиёд, хусусан бонувону ҷавонон, барои касбомӯзӣ роҳхат гирифтанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш дорад, ки бо истифода аз ҳамаи шароиту имкониятҳо боз ҳам ҷойҳои нави кор таъсис дода, ба ин васила сатҳи зиндагии мардумро баланд бардорад.

Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.06.2020    №: 107    Мутолиа карданд: 236
22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО

НОБОЛИҒОН. ҚОНУНШИКАНӢ ҲАНӮЗ АЗ БАЙН НАРАФТААСТ

ОЗАРБОЙҶОН ВА АРМАНИСТОН ОТАШБАС ЭЪЛОН НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФИЛМИ “ХИЁНАТ” АСРОРИ ДУШМАНИВУ ХОИНИРО ИФШО КАРД

12.10.2020


ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ - 2020. ФУТЗАЛБОЗОНИ ТОҶИК БАРОИ ИШТИРОК ОМОДАГӢ МЕГИРАНД

ХАЙКО МААС: "ИТТИҲОДИ АВРУПО МУКОЛАМА БО РОССИЯРО НАБОЯД ҚАТЪ КУНАД"

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.10.2020


БЕҲТАРИНҲО МУАЙЯН ШУДАНД

ҲАВЗАИ ИШКОШИМ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

ВОХӮРӢ БО НОМЗАДҲО

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ 56 654 ТОННА ПАХТА

ЗАРКОРОНИ ЛЕВАКАНТ АВВАЛИН ШУДА НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД

ММВЗО «СОЛОР» – ЧЕМПИОНИ ТОҶИКИСТОН БАЙНИ НАВРАСОНИ ТО 14 - СОЛА

07.10.2020


МОИ “СУҒД”. КОРХОНАИ КОРКАРДИ МЕВАИ ХУШК БУНЁД МЕГАРДАД

ҶАМЪОВАРИИ 2660 ТОННА ПАХТА ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

ДАНҒАРА. ОМОДАГИҲО МУТАШАККИЛОНА ИДОМА ДОРАНД

06.10.2020


ЛИГАИ ОЛӢ. КМВА ҶОИ СЕЮМРО ГИРИФТ ВА «ЛОКОМОТИВ – ПОМИР» БА ЛИГАИ АВВАЛ РАФТ

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИИ ТОҶИКИСТОН: 122 НОЗИР ВА 258 РӮЗНОМАНИГОР АККРЕДИТАТСИЯ ГИРИФТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед