logo

иҷтимоиёт

ТУҲФАҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ТАБИБОНИ ДУРДАСТТАРИН ДЕҲАҲОИ БОМИ ҶАҲОН

Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирӣ ва мубориза бо бемории сироятии коронавирус, ба  ВМКБ зиёда аз 45 мошини пурбори маводи озуқаворӣ ва бештар аз 50 намуди  доруворӣ ворид гардид, ки аҳли Бадахшон онро хеле хуш истиқбол гирифт. Сардори  раёсати тандурустии вилоят Фарид Музаффаров тариқи васоити ахбори  маҳаллӣ ин иқдоми Роҳбари давлатро лутфу эҳсони  шоиста маънидод намуд. 

-  Дар баробари дигар минтақаҳои   кишвар ба   кормандони сохторҳои нигаҳдории тандурустии Вилояти  Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  маводи ғизоӣ аз қабили орду равған, биринҷ, шакар,  картошкаву сабзавот ва аз ҳама муҳимаш доруворӣ, сарулибоси табобатӣ ва таҷҳизоти заруриро  масъулон дастрас карданд, - гуфт дар суҳбат собиқадори соҳаи тандурустӣ, мудири дармонгоҳи  деҳаи Ёгеди Ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвоз Сулаймоншо Навкаров.  Вақте ки  ба ҳаракати корвони мошинҳои пур аз мавод аз шоҳроҳи байналхалқии автомобилгарди Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз - Хоруғ – Мурғоб - Қулма ба чорсӯи Бадахшон  назора мекардам, беихтиёр чунин шоҳбайти Хоҷа Ҳофизи  Шерозӣ ба ёдам омад:
Дар ин равоқи забарҷад
навиштаанд ба зар,
Ки ҷуз накуии аҳли карам 
нахоҳад монд.
Барҳақ, ин мисраъҳои  пурмазмун  ба ташаббусҳои  олиҳимматона,  кору пайкори наҷибонаи Пешвои муаззами миллат басо ҳам мувофиқ, муносиб ва созгор мебошанд, - изҳор кард Сулаймоншо Навкаров.
Ба гуфтаи сартабиби ноҳияи Дарвоз Иматшо Давлатшоев, кормандони беморхонаи марказӣ, касалхонаҳои минтақавии деҳоти Сағирдашту Нулванд, инчунин, 8 маркази саломатӣ ва 26 бунгоҳи тиббӣ дар деҳот  барои пешгирӣ намудани  вируси сироятии  нави COVID - 19  заҳмат мекашанд ва дар ҳифзи сиҳатии сокинон қарор доранду аз дастгириҳо ва ғамхориҳои беназири Роҳбари мамлакат хеле хушҳол гашта, чунин арзи сипос менамоянд:
То ин дили моилшуда хомӯш нагардад,
Некии Шумо ҳеҷ фаромӯш нагардад.
Маводи  озуқаворӣ ва дорувориву таҷҳизоти тиббӣ ва дигар асбобу анҷоми зарурӣ ба таври фаврӣ ба Ҷамоати деҳоти Сағирдашт, ба деҳаҳои подомони ағбаи Хобу Рубот расонда шуданд.
Ба гуфтаи раиси деҳоти Сағирдашт Саидисҳоқ Музаффаров, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба ҳифзи сиҳатии аҳолӣ диққати ҷиддӣ дода, дар 17 деҳаи деҳоти Сағирдашт беморхона, марказҳои саломатӣ ва даҳ бунгоҳи тиббӣ дар хизмати аҳолӣ мебошанд.
Сардухтури беморхонаи марказии Ванҷ Муҳаббат Сафаров изҳор кард, ки табибони ноҳия аз туҳфаҳои саривақтии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори хушнудӣ менамоянд. Дар  ҳамаи  ин рӯзҳое, ки кормандони беморхонаи марказии ноҳия, касалхонаи минтақавии деҳаи Мотравни деҳоти Язгулом, инчунин, 11 маркази  саломатии  шаҳраки Рохарву  деҳот ва 22 бунгоҳи тиббии водиҳои Ванҷи Боло, Язгулом ва Вотхуд дар маҷмӯъ, 410 нафар  корманди хилъати сафедпӯш  ба таври шабонарӯзӣ  барои пешгирӣ намудани   вируси нави  COVID - 19 шуҷоатмандона   дар ҳифзи сиҳатии  сокинон қарор доранд. Табибони ин диёри пурганҷ низ аз дастгириҳо ва ғамхориҳои Сарвари кишвар  хеле миннатдор ва сипосманд мебошанд. Маводи хӯрока ва дорувориву дигар таҷҳизоти зарурӣ, иборат аз   панҷ мошин, ки лутфу    эҳсони Роҳбари давлат мебошанд, сари вақт аз ҷониби масъулон, пеш аз ҳама, ба деҳоти баландкӯҳи подомони пиряхҳои Федченко ва Хирсон, деҳаҳои Пои Мазор, Ванвану Сумгад, Гармчашма ва деҳоти сароби рудхонаи Язгуломоб расонда шуданд. Чунин ғамхориҳо ва қадршиносиҳо табибонро водор мекунанд, ки дар ҳифзи сиҳатии  мардум боз ҳам қавитар ва хубтар  камари ҳиммат банданд.
   
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.06.2020    №: 108    Мутолиа карданд: 333
28.10.2020


ЛАХШ. РУШДИ ТОЗАИ БОҒДОРӢ

САНОАТИ МАЪДАНҲОИ КӮҲӢ. СУРЪАТИ РУШД БА 12,5 ДАРСАД РАСИД

ПАНҶ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ ФАРХУНДА

СҶТ АЗ КОҲИШИ СИРОЯТИ COVID-19 ДАР ҶАҲОН БАЪДИ ХУРУҶИ БЕСОБИҚА ХАБАР ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.10.2020


СУҒД. 73 КОРХОНАВУ КОРГОҲИ НАВ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КАРД

ТАҒЙИРОТ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ЖУРНАЛИСТӢ

ПАРВОЗҲОИ МУСТАҚИМ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БАРҚАРОР МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

"СИПАР" – ҚАҲРАМОНИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛ

26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед